Зиндонҳои Тоҷикистон: Маргу мири маҳбусон аз бемориҳои мухталиф

Зиндонҳои Тоҷикистон: Маргу мири маҳбусон аз бемориҳои мухталиф

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон 30 нафар аз маҳбусон дар асари бемориҳои мухталиф ҷон додаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар нимсолаи аввали соли 2012 теъдоди 24 нафар аз зиндониён дар муассисоти бастаи ин кишвар фавт кардаанд.

Тавре ки як масъули Идораи умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, дар миёни зиндониёне, ки соли ҷорӣ ҷон додаанд, як нафар худкушӣ кардааст.

Баҳром Абдулҳаққов, муъовини сардори раёсати зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 23 июл дар нишасти матбӯъотии масъулони вазорати адлия гуфт: "Аксари зиндониён бар асари бемориҳое назири сил, амрози дарунӣ ва бемориҳои мусрӣ ҷонҳои худро аз даст додаанд."

Оқои Абдулҳаққов афзуд, ки танҳо зиндоние, ки даст ба худкушӣ зуда, гирифтори бемории равонӣ будааст.

Ин дар ҳолест ки тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муассисаҳои бастаи Тоҷикистон беш аз даҳ нафар аз зиндониён даст ба худкушӣ задаанд ва сабаби бархе аз ин худкушиҳо эъмоли шиканҷа алайҳи зиндониён арзёбӣ шудааст. Аммо оқои Абулҳаққов ин иттилоъро такзиб кард.

Дар ҳамин ҳол, дар пойизи соли 2012 дар пайи марги Ҳамза Икромзода, зиндонии маҳбасхонаи шумораи яки шаҳри Душанбе дар ин зиндон, пайвандони ӯ аз шиканҷа шудани Ҳамза ба ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон шикоят бурда буданд.

Дар натиҷа додситонии кулли Тоҷикистон парҷвандае ҷиноӣ дар робита бо ин ҳодиса боз карда ва онро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристод.

Додгоҳи ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоъилов, яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро, дар лату кӯби Ҳамза муҷрим шинохт ва ӯро бар асоси моддаи 316-и қонуни кайфарии Тоҷикистон, ба ҷурми "хориҷ шудан аз ҳадди салоҳият" барои панҷ солу панҷ моҳ равонаи зиндон кард.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Менглиев, вазири додгустарии Тоҷикистон, мегӯяд, ки муассисаҳои бастаи вобаста ба ин ниҳод таҳти назорати Додситонии кул ҳастанд.

Оқои Менглиев мегӯяд, ки дар нимсолаи аввали 2013 дар ин муассисаҳо беш аз ду ҳазору 85 маротиба санҷишҳо аз сӯйи масъулони ниҳодҳои зирабт, аз ҷумла додситонӣ, гузаронда шудааст.

Вай афзуд: "Бар асоси ин санҷишҳо 26 пешниҳод барои беҳбудии вазъи зиндониён ба идора пешкаш шуд ва 40 нафар аз кормандони ин ниҳод барои нақзи қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ (идорӣ) кашида шуданд."

Ҳамчунин оқои Менглиев гуфт, ки 3 парвандаи ҷиноӣ барои нақзи мақаррароти фаъъолият алайҳи кормандони зиндонҳо дар ин муддат боз шуда ва таҳқиқоти он идома доштааст.

Аз сӯйи дигар, Вазорати додгустарии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир дар беш аз даҳ муассисаи бастаи ин кишвар 370 нафар аз атбоъи хориҷӣ зиндонӣ ҳастанд.

Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар миёни ин зиндониён шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Русия, Кенёя ва бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна, ки даст ба иртикоби ҷароими мухталиф, аз ҷумла қочоқи маводди мухаддир ва тақаллубу сирқат задаанд, зиндонӣ ҳастанд.

Би-би-сӣ