Марди муттаҳам ба нашри видиюи шиканҷа аз боздошт 'фирор кард'

Марди муттаҳам ба нашри видиюи шиканҷа аз боздошт 'фирор кард'

Падари зиндоние, ки соъоте пеш ба иттиҳоми интишори видиюи шиканҷаи зиндониён дар Хуҷанд боздошт шуда буд, пас аз "шиканҷа шудан" аз боздошт фирор кардааст.

Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоев, ки дар додгоҳе дар Хуҷанд муҳокима мешавад, дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки пас аз чаҳору ним соъати "боздошти ғайриқонунӣ ва рафтори ғайриинсонӣ" бо ӯ тавонистааст аз идораи додситонии вижа дар Хуҷанд фирор кунад.

Оқои Одина мегӯяд, ки масъулони додситонӣ нисбат ба ӯ шиканҷа ва бадрафторӣ карда ва мехостанд ӯро водор ба додани гувоҳии бардурӯғ ба нафъи мақомоти зиндон ва додситонӣ кунанд. Би-би-сӣ ба таври мустақил ин иддаъоҳоро наметавонад таъйид кунад.

Вай афзуд, ки дар идораи додситонии вижа дар Хуҷанд ӯро Нусратулло Махсатуллоев, додситони аршади додситонии вижа ва муфаттиш Парвиз Қосимов мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, оқои Одина, ки ба манзури ширкат дар муҳокимаи додгоҳии писараш Суннатулло Ризоев ба шаҳри Хуҷанд рафта буд, соъоте қабл тавассути маъмурони пулис боздошт шуд.

Гузорише дар ин бора: Боздошти падари як зиндонии 'шиканҷашуда'...

Пештар, Абубакр Қулматов, вакили мудофеъи писари зиндонии оқои Одина, гуфта буд, ки Маҳмуроди Одина дар бинои додситонии вижаи шаҳри Хуҷанд аз сӯйи бозрасон бозпурсӣ мешавад.

Оқои Қулматов гуфт, тавре ки масъулони бахши додситонии назорат бар иҷрои ҳукм дар зиндонҳо ба ӯ тавзеҳ додаанд, ин ниҳод оқои Одинаро барои бозпурсӣ эҳзор карда буд, аммо ӯ ин дастурро нодида гирифтааст.

Аммо оқои Одина гуфтааст, ки ҳеч гуна дастури катбӣ барои ҳозир шудан дар идораи додситониро қаблан дарёфт накардааст. Вай чанде қабл барои ширкат дар муҳокимаи додгоҳии писараш ба шаҳри Хуҷанд рафта ва дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда ширкат дошт.

Видиюи ҷанҷолӣ

Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду маҳбус, ки соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд, ба додани "гувоҳии бардурӯғ" ва "номураттаб сохтани фаъъолияти муассисаи ислоҳӣ" муттаҳам шудаанд. Муҳокимаи парвандаи онҳо ҳамакнун дар додгоҳе дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Видиюи шиканҷаи шаш зиндонӣ, ки оқоён Ризоев ва Тошев ҳам аз ҷумлаи онон ҳастанд, дар авохири соли милодии гузашта дар сойти Ютюб мунташир шуд. Дар ин видию, ки тавассути телефуни ҳамроҳ сабт шудааст, шаш зиндонӣ андомҳои зарбхӯрдаи худро ба намоиш гузошта ва муддаъӣ шуда буданд, ки онҳо мавриди лату кӯби кормандони зиндон қарор гирифтаанд.

Интиқоли зиндониён аз Душанбе ба Хуҷанд, ки эътирозоти густардаеро аз сӯйи пайвандони зиндониён ба дунбол дошт, пас аз марги Ҳамза Икромзода, як зиндонии дигар, дар пойизи соли гузашта сурат гирифт. Аҳли хонаводаи Икромзода зиндонбонҳоро ба қатли ӯ муттаҳам кардаанд, аммо мақомот ин иддаъоро рад мекунанд.

Дар видиюи мунташиршуда бархе аз зиндониён эълом крданд, ки Ҳамза Икромзода дар асари шиканҷаи масъулони зиндони шумораи яки шаҳри Душанбе кушта шудааст. Ин зиндон дар маҳалле наздик ба иқоматгоҳи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе воқеъ аст.

Аммо додситонӣ гуфтааст, ки шаш маҳбуси зоҳиршуда дар видию бо машварати Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев "ҳамдигарро мавриди лату кӯб қарор дода ва барои бадном кардани мақомот" ин видиюро бо иддаъоҳои "дурӯғин" ба берун фиристодаанд.

Мақомҳои додситонӣ ҳамчунин Маҳмуроди Одина, падари Суннатулло Ризоевро ба интишори ин видию дар сойтҳои интернетӣ муттаҳам кардаанд. Аммо оқои Одина ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ин видию тавассути як мудофеъи ҳуқуқи башар ба берун дарз кардааст.

Бархе аз мудофеъони ҳуқуқи башари байналмилалӣ нашри видиюи зиндониёни шиканҷашудаи тоҷикро "бисёр такондиҳанда" тавсиф кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин видию баёнгари фаҷоеъест, ки ҳамарӯза пушти милаҳои зиндон дар Тоҷикистон мегузарад.

Би-би-сӣ