Мулоҳизоти ҷамъбастӣ доир ба гузориши даврии дуюми Тоҷикистон

Мулоҳизоти ҷамъбастӣ доир ба гузориши даврии дуюми Тоҷикистон

Кумитаи ҳуқуқи инсон

Иҷлосияи 108

8-26 июли 2013

Банди 6 рӯзнома

Баррасии гузоришҳои пешниҳодкардаи

кишварҳои аъзо тибқи моддаи 40 Паймон

 

Мулоҳизоти ҷамъбастӣ доир ба гузориши даврии дуюми Тоҷикистон

1. Кумита гузориши даврии дуюми Тоҷикистонро (CCPR/C/TJK/2) дар нишасти 2982-юм ва 2983-юми худ (CCPR/C/SR.2982 ва CCPR/C/SR.2983), ки 9 ва 10 июли соли 2013 баргузор гардиданд, баррасӣ кард. Дар нишасти 3002-юм (CCPR/C/SR.3002), ки 23 июли соли 2013 баргузор гардид, Кумита мулоҳизоти ҷамъбастии зерини худро қабул кард.

A. Муқаддима

2. Кумита пешниҳод гардидани гузориши даврии дуюми Тоҷикистон ва иттилооти дар он зикргардиро пазироӣ менамояд. Кумита ба ҳайати намояндагони олимақоми давлати узв барои муколамаи муфид оид ба тадбирҳое, ки давлати узв дар тӯли давраи ҳисоботӣ бо мақсади татбиқи муқаррароти Паймон андешидааст, изҳори миннатдорӣ менамояд. Кумита ба давлати узв барои ҷавобҳои хаттии он (CCPR/TJK/Q/2/Add.1) тибқи рӯйхати масъалаҳои (CCPR/C/TJK/Q/2), ки бо ҷавобҳои шифоҳии ҳайати намояндагон такмил карда шуданд, изҳори сипосгузорӣ менамояд.

B. Ҷанбаҳои мусбат

3. Кумита тадбирҳои зерини қонунгузорӣ ва институтсионалии андешидаи давлати узвро пазироӣ (қабул) менамояд:

(i) Қабул гардидани Қонун «Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» дар соли 2013, ҳамчунин ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ дар соли 2012, ки ба он мафҳуми шиканҷа тибқи моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа ворид карда шуд ва баъзе тағйиру иловаҳои ба Кондекси мурофиавии ҷиноятӣ дар соли 2010 воридкардашуда, ва

(ii) Таъсис додани ниҳоди (сохтори) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2008.

C. Масъалаҳои асосие, ки боиси нигаронӣ (ташвиш) мебошанд, ва тавсияҳо

4. Бо дарназардошти моддаи 10 Конститутсияи (Сарқонуни) давлати узв, ки тибқи он шартномаҳои байналмилалӣ нисбати қонунгузории миллӣ бартарият доранд, Кумита аз он изҳори таассуф менамояд, ки дар мавриди он, ки судҳои миллӣ татбиқи муқаррароти Паймонро таъмин мекунанд, далелҳо вуҷуд надоранд. Кумита ҳамчунин аз вуҷуд надоштани механизми миллии татбиқи мулоҳизоти Кумита дар доираи Протоколи иловагӣ, инчунин иҷро нагардидани тавсияҳое, ки ба давлати узв пешниҳод карда шуда буданд, изҳори нигаронӣ менамояд (моддаи 2).

Давлати узв бояд барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба Паймон ва қобили татбиқ будани он дар доираи ҳуқуқи миллӣ дар байни судяҳо, адвокатҳо ва прокурорҳо, то ки муқаррароти он дар судҳои миллӣ ба инобат гирифта шаванд, тадбирҳои дахлдор андешад. Давлати узв бояд дар гузориши даврии минбаъдаи худ мисолҳои мушаххасу муфассали аз ҷониби судҳои миллӣ татбиқ гардидани Паймонро инъикос намояд. Ба давлати узв лозим аст, ки тамоми тадбирҳои зарурӣ, аз ҷумла тадбирҳои қонунгузориро андешад, барои татбиқи пурраи тавсияҳо ва мулоҳизоти Кумита механизмҳо (ниҳодҳо) таъсис диҳад.

5.  Дар моҳи майи соли 2009 таъин гардидани нахустин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро ҳамчун иқдоми наҷиб арзёбӣ намуда, дар зимн Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон танҳо бо статуси (мақоми) «В»-и Кумитаи байналмилалии ҳамоҳангсозии муассисаҳои миллӣ пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон маблағгузорӣ мешавад, бинобар он, ки ба он ба қадри зарурӣ кафолатҳои мустақилият дода нашудаанд ва он бо маблағгузории кофӣ таъмин карда намешавад. Кумита ҳамчунин аз мустақил набудан ва ғайри самаранок будани Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон изҳори ташвиш менамояд (моддаи 2).

Ба Давлати узв лозим аст, ки Ниҳоди (идораи) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро пурра бо Принсипҳои Париж (қатъномаи Ассамблеяи Генералӣ 48/134, замима) мутобиқ гардонад ва онро бо маблағгузории зарурӣ ва захираҳои инсонӣ таъмин намояд, то ки он тавонад ваколатҳои худро самаранок ва мустақилона иҷро кунад.

6. Кумита бо изҳори нигаронӣ зикр менамояд, ки занон ҳанӯз ҳам дар бахши давлатӣ ба қадри кофӣ муаррифӣ нашудаанд, хусусан дар мансабҳои роҳбарӣ. Ғайр аз ин, Кумита аз вуҷуд надоштани иттилоот оид ба натиҷаҳои татбиқи Қонун «Дар бораи кафолатҳои давлатии ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон» дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ изҳори таассуф менамояд. Ниҳоят, Кумита аз дубора арзи вуҷуд намудани мафкура ва хурофоти патриархалӣ оид ба нақши занон дар оила ва дар ҷомеа изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 2, 3 ва 26).

Ба Давлати узв лозим аст, ки саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати вусъат бахшидани иштироки занон дар бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ бештар намояд, аз он ҷумла тавассути андешидани тадбирҳои махсуси муваққатӣ оид ба татбиқи муқаррароти Паймон. Ғайр аз ин, ба Давлати узв лозим аст, ки татбиқи пурраи қонуни дар боло зикргардидаро таъмин намояд, ва дар гузориши даврии минбаъдаи худ оид ба натиҷаҳое, ки татбиқи Қонуни мазкур додааст, Кумитаро хабардор созад. Илова бар ин, Давлати узв бояд ҷиҳати тағйир додани мафкура ва нуқтаи назари оқибмондаи (кӯҳнаи) мардум нисбати нақши занон дар ҷомеа ва оила тадбирҳои ҷиддӣ андешад.

7. Дар зимни баҳои баланд додан ба тадбирҳои андешидашуда оид ба мубориза бо зӯроварӣ нисбати занон, Кумита бо изҳори таассуф зикр менамояд, ки ҳанӯз ҳам гузоришҳо оид ба зӯроварӣ дар оила ворид мешаванд. Кумита изҳори нигаронӣ менамояд, ки ҳодисаҳои зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии ҷинсӣ пинҳон дошта мешаванд, ҷомеа дар маҷмӯъ ба зӯроварии хонаводагӣ таҳаммулпазирӣ зоҳир менамояд. Кумита ҳамчунин изҳори таассуф менамояд, ки дар хусуси ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, сарфи назар аз иродаи ҷабрдида, иттилоот вуҷуд надорад, чунин ҳодисаҳо дар доираи ӯҳдадориҳои вазифавӣ таҳқиқ карда намешаванд, ба ҷуз ҳолатҳои расонидани зарари вазнин ба саломатӣ (моддаҳои 2, 3 ва 7).         

Ба Давлати узв лозим аст, ки ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила тамоми тадбирҳоро андешад.

(aБа Давлати узв лозим аст, ки чорабиниҳои худро оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, хусусан, сарварони ҷомеаҳо ва пешвоёни мазҳабӣ, мардон ва занон, дар хусуси таъсири зиёновари зӯроварӣ дар оила нисбати занон вусъат бахшад.

(bБа Давлати узв лозим аст, ки ман асаби нозири политсияи (милитсияи) масъули мубориза бо зӯроварии хонаводагиро тавассути ҷудо намудани захираҳои дахлдор тақвият диҳад.

(cБа Давлати узв ҳамчунин лозим аст кафолат диҳад, ки ҳодисаҳои зӯроварӣ дар оила, сарфи назар аз дараҷаи вазнинии зарари расонидашуда дар доираи ӯҳдадориҳои мансабӣ таҳқиқ карда мешавандва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, дар сурати гунаҳгор дониста шудан, ба онҳо ҷазои сазовор дода мешавад ва товони зарари ҷабрдидагон расонидашуда ҷуброн карда мешавад.

(d) Он ҳамчунин бояд мавҷудияти миқдори кофии сарпаноҳҳои дорои захираҳои дахлдорро таъмин намояд.

8. Идома доштани мораторий ба ҷазои қатлро бо қаноатмандӣ зикр намуда, Кумита дар мавриди пешрафти оҳистаи раванди бекор кардани ҷазои қатл дар Кодекси ҷиноятии Давлати узв изҳори таассуф менамояд (моддаи 6).

Ба Давлати узв лозим аст, ки саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати аз Кодекси ҷиноятӣ хориҷ кардани ҷазои қатл ва ба тасвиб расонидани Протоколи иловагии дуюм ба Паймон мутобиқ ба иттилооти пешниҳодгардида бинобар тасмими президенти кишвар дар ин маврид.

9. Кумита дар мавриди афзудани шумораи ҳолатҳои ҳалокати шахсони аз озодӣ маҳрумшуда дар натиҷаи лату кӯб, инчунин вуҷуд надоштани тафтишоти самараноки чунин ҳодисаҳо ва танҳо баъзан пардохта шудани ҷуброн ба хешовандон изҳори нигаронӣ менамояд. Кумита ҳамчунин аз чораҳои ғайриқаноатбахши барои ҳалли проблемаи бемории сил, ки аксаран сабаби асосии фавти шахсони дар ҳабсхона қарордошта мебошад ва нисбати шароити бади нигоҳдории маҳбусон дар муассисаҳои иҷрои ҷазо изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 6 ва 10).

Ба Давлати узв лозим аст таъмин намояд, ки тамоми ҳодисаҳои фавт дар ҳабсхонаҳҳо ҳамаҷониба ва бидуни таъхир таҳқиқ карда шаванд ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, инчунин ба оилаҳои ҳалокшудагон ҷубронпулӣ пардохта шавад. Ба Давлати узв лозим аст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавт дар ҳабсхонаҳо бинобар бемории сил тадбирҳои самарабахш андешад ва барои аз байн бурдани ин зуҳурот чораҳои дахлдор андешад. Ба Давлати узв зарур аст, ки тадриҷан шароити нигоҳдории маҳбусонро дар ҳабсхонаҳо беҳтар созад ва оид ба шумораи маҳбусоне, ки дар ҳабсхонаҳо нигоҳ дошта мешаванд, маълумоти оморӣ интишор намояд.

10. Кумита аз хабарҳо дар бораи ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шахсони ғайринизомӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 ва то ба ҳол ба анҷом нарасидани тафтишоти ин ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 2, 6 ва 9).

Кумита Давлати узвро бо исрор даъват менамояд, ки саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати ба анҷом расонидани тафтишоти ҳолатҳои ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шахсони ғайринизомиро ҳангоми гузаронидани амалиёти махсус ҷиҳати таъмини амният дар соли 2012 фаъолтар гардонида, тафтишотро бо риояи стандартҳои байналмилалии таҳқиқот анҷом диҳад.

11. Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки рад гардидани пешниҳод намудани мақоми гуреза бинобар убури ғайриқонунии Сарҳади давлатӣ ё бо сабаби сари вақт аз ҷониби хадамоти сарҳадӣ ба мақомоти салоҳиятдор манзур нагардидани дархостҳо дар хусуси пешниҳод намудани паноҳгоҳ боиси боздошти гурезаҳо ва ҳатто бозгардонии онҳо мегардад, ки тибқи муқаррароти Паймон манъ мебошад. Кумита ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки амалиёти зуд-зуди дастгиркунии гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагони дар ноҳияҳои шаҳрӣ истиқоматкунанда бар хилофи қарорҳои Президент таҳти №325 ва №328 боиси рад гардидани дархостҳо оид ба пешниҳод намудани паноҳгоҳ, рад кардани додан ё тамдид намудани ҳуҷҷатҳои гурезаҳо ва ҳатто рондан ва бозгардонидани онҳо мегардад, ки хилофи моддаҳои 6 ва 7 Паймон мебошад (моддаҳои 6, 7 ва 12).

Ба Давлати узв лозим аст, ки принсипи маҷбурӣ ба ватан бознагардониданро бечунучаро риоя намояд. Он бояд таъмин намояд, ки дастрасӣ ба расмиёти пешниҳоди паноҳгоҳ, танҳо бо сабаби он ки гурезаҳо ғайриқонунӣ ба кишвар ворид шудаанд ё парвандаҳои (ҳуҷҷатҳои) онҳо сари вақт ба мақомоти салоҳиятдор манзур карда нашудаанд, манъ набошад ва қарорҳои манфӣ (рад) қабул карда нашаванд. Ба Давлати узв лозим аст кафолат диҳад, ки маҳдудиятҳои озодии ҳаракат, ки дар Қарорҳои 325 ва 328 Президент муқаррар гардидааст, ҳеҷ гоҳ барои таҳти хатар қарор додани ягон шахсе бар хилофи моддаҳои 6 ва 7 Паймон истифода карда намемашаванд.

12.  Кумита аз гузоришҳо дар хусуси ғайриқонунӣ берун кардан ва маҷбуранд ба ватан бозгардонидан изҳори ташвиш менамояд. Он ҳамчунин дар робита бо вуҷуд надоштани вақти кофӣ ва расмиёти дақиқи мавриди баҳс қарор додани чунин қарорҳо, инчунин аз ҳад зиёд ба кафолатҳои дипломатӣ такя намудани Давлати узв изҳори нигаронӣ мекунад (моддаҳои 6 ва 7).

Ба Давлати узв лозим аст, ки принсипи қатъии норавоии маҷбуран бозгардониданро мутобиқи моддаҳои 6 ва 7 Паймон риоя намояд, ва таъмин кунад, ки қарорҳо оид ба хориҷ кардан, баргардонидан ё маҷбуран ба ватан бозгардонидан қатъиян тибқи муқаррароти қонунгузорӣ сурат ширад. Дар робита бо ин ба Давлати узв лозим аст, ки дар арзёбии кафолатҳои (ваъдаҳои) дипломатӣ ҳадди аксар эҳтиёткорӣ зоҳир намояд, ва бояд аз такя ба чунин кафолат дар ҳолатҳое, ки он қодир нест муроҷиати ин гуна шахсонро баъди бозгаштани онҳо назорат намояд ва дар сурати иҷрои нагардидани ваъдаҳои дипломатӣ тадбирҳои дахлдор андешад, худдорӣ намояд.

13. Сарфи назар аз иттилоои дар ҷараёни муколама пешниҳодгардида, Кумита мисли пештара аз хабару гузоришҳо оид ба рабудан (дуздидан) ва ғайриқонунӣ бозгаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя ба Давлати узв баъди таҳти ҳабси бидуни иртибот бо олами беруна ё дигар намудҳои муносибати бераҳмона қарор доштан, изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 2, 7 ва 9).

Ба Давлати узв лозим аст, ки тамоми изҳороту даъвоҳоро дар хусуси рабудан ва ғайриқонунӣ бозгаштани шаҳрвандони Тоҷикистон таҳқиқ намояд, ва аз иштирок дар чунин бозгардониҳо худдорӣ намояд. Ба Давлати узв зарур аст, ки ҳамчунин ҳама гуна изҳороти марбут бо истифодаи шиканҷа, муносибати бераҳмона ва боздошти худсаронаро таҳқиқ намуда, гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ кашад ва зиёни ба ҷабрдидагону қурбониён расонидашударо ҷуброн намояд.

14. Тағйироти дар соли 2012 ба Кодекси ҷиноятӣ воридкардашударо, ки мафҳуми шиканҷаро тибқи Конвенсияи зидди шиканҷа дар бар мегирад, бо қаноатмандӣ зикр намуда, Кумита дар робита бо амалияи васеъ паҳнгардидаи истифодаи шиканҷа нисбати шахсони аз озодӣ маҳрумкардашуда, аз он ҷумла нисбати ноболиғон изҳорӣ нигаронӣ менамояд. Сарфи назар аз иттилооти пешниҳоднамудаи ҳайати намояндагон, Кумита ҳанӯз ҳам аз хабару гузоришҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати шахсоне, ки барои мансубият ба ҷунбишҳои (ҳаракатҳои) исломии манъшуда гумонбар мешаванд, изҳори нигаронӣ менамояд. Ғайр аз ин, Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки: а) таҳқиқоти арзу шикоятҳо нисбати шиканҷа ва муносибати бераҳмона қаноатманд намебошад; б) механизми мустақили баррасии чунин арзу шикоятҳо вуҷуд надорад; в) судяҳо дар мурофиаҳои судии пешакӣ чунин арзу шикоятҳоро ба инобат намегиранд; г) баёноти таҳти фишор (таҳдид) ба даст овардашуда ҳанӯз ҳам дар судҳо бар хилофи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ҳамчун далел истифода мешаванд; д) ҳолатҳои гунаҳгор донистани шахсоне мансабдоре, ки амалҳои шиканҷа содир намудаанд, хеле камшуморанд; ва е) ба ҷабрдидагон аҳёнан зарарти бо онҳо расонидашуда ҷуброн карда мешавад (моддаҳои 2, 7, 10 ва 11).

Ба Давлати узв лозим аст, ки барои аз байн бурдани фарқияти байни амалия ва қонун нисбати шиканҷа тамоми тадбирҳои заруриро андешад. Он бояд ҳамаи арзу шикоятҳо нисбати шиканҷа ё муносибати бераҳмонаро тавассути механизми мустақил дақиқан таҳқиқ намояд ва тамин кунад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба масъалаҳои тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона тавассути ворид намудани омӯзиши Протоколи Истанбул ба ҳамаи барномаҳои таълимӣ таҳти бозомӯзӣ фаро гирифта шаванд. Ба Давлати узв лозим аст, ки таҳқиқоти махсус гузаронида, талаб кунад, ки судяҳо дар ҷараёни мурофиаи пешакӣ чунин арзу шикоятҳоро баррасӣ намоянд ва таҳқиқот таъин кунанд. Он ҳамчунин бояд кафолат диҳад, ки судяҳо, тавре ки инро қонунгузорӣ муқаррар намудааст, баёноти таҳти шиканҷа ба даст овардашударо ҳамчун далел ба инобат нагиранд. Ғайр аз ин, он бояд гунаҳгорони эҳтимолиро ба ҷавобгарӣ кашад ва дар сурати гунаҳгор дониста шудан, ба онҳо ҷазоҳои сазовор диҳад ва товони зарари ба ҷабрдидагон расонидашударо ҷуброн намояд.

15. Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки ҷазоҳои ҷисмонӣ дар мактабҳо ба таври қатъӣ манъ карда нашудаанд ва ҳанӯз ҳам қобили қабул буда, ҳамчун шакли нигоҳдории интизом аз ҷониби волидон ва парасторон истифода мешаванд (моддаҳои 7 ва 24).

Ба Давлати узв лозим аст, ки тасмимҳои худро, тавре ки дар ҷараёни муколама изҳор карда шуд, пайгирӣ намуда, ба Қонун дар бораи маориф (аз соли 2004) муқаррароте ворид намояд, ки ҷазоҳои ҷисмониро дар мактабҳо қатъият манъ манъ мекунанд. Ба Давлати узв ҳамчунин зарур аст, ки ҷиҳати хотима бахшидан ба ҷазоҳои ҷисмонӣ дар ҳама гуна шароит иқдомҳои амалӣ андешад. Он бояд шаклҳои ғайри зӯроваронаи нигоҳдории интизомро ҳамчун алтернатива ба ҷазоҳои ҷисмонӣ ташвиқ намояд, инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ чорбиниҳои иттилоотиро оид ба таъсири зараровари ҷазоҳои ҷисмонӣ баргузор намояд.

16. Кумита изҳори нигаронӣ менамояд, ки: (а) аксаран ҳолатҳои боздошт бидуни таъхир баъди дастгир кардан дар доираи мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта намешаванд, ки ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бо мақсади ба даст овардани баёноти иқроршавӣ мусоидат мекунад, ва (б) кафолатҳои мурофиавӣ бидуни таъхир баъди ба ҳабс гирифтани шахс, бар хилофи қонун, истифода карда намешаванд, аз ҷумла дастрасӣ ба адвокат, аъзои оила ва кормандони тиббӣ. Кумита, ғайр аз ин, аз он изҳори нигаронӣ манемояд, ки назорати мунтазами ҷойҳои нигоҳдорӣ таҳти ҳабс аз ҷониби ташкилоту созмонҳои мустақили ғайри таъқиби ҷиноятӣ вуҷуд надорад (моддаҳои 7, 9, 10 ва 14).

Ба Давлати узв лозим аст, ки бақайдгирии боздоштшудагонро дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун кафолат диҳад, ва таъмин намояд, ки ҳама шахсони ба ҳабс гирифташуда, аз ҷумла ноболиғон, тавре ки инро Паймон тақозо менамояд, дар ҳаҷми пурра аз ҳуқуқҳои худ истифода кунанд, аз он ҷумла дастрасӣ ба адвокат, аъзои оила ва кормандони тиббӣ. Он ҳамчунин бояд механизми мустақили тафтиши ҳама ҷойҳои маҳрумият аз озодиро аз ҷониби созмонҳои байналмилалии башардӯстонаи марбута ва/ё ташкилотҳои ғайриҳуқуматии мустақили миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис диҳад.

17. Кумита аз он, ки шахсони ба ҳабс гирифташуда одатан, қабл аз ба назди суд ҳозир карда шудан, метавонанд то 72 соат боздошт шаванд, ва аз он, ки боздошти тосудии аз ҳад зиёд танҳо бинобар вазнии ҷинояти содирнамуда истифода мешавад, изҳори нигаронӣ менамояд (моддаи 9).

Ба Давлати узв лозим аст таъмин намояд, ки шахсони таҳти ҳабси политсия (милитсия) қарордошта ҳадди аксар дар мӯҳлати 48 соат ба назди суд ҳозир карда шавад, ва қарори судя оид ба ҳабси пешакӣ ба ҳолатҳои мушаххас, ба монанди хавфи фирор, асоснок карда шавад, на балки бинобар вазнинии ҷинояти содиргардида.

18. Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки мӯҳлати дар мансаб будани судяҳо маҳдуд буда, онҳо дигар кафолатҳои мустақилият аз ҳокимияти иҷроияро надоранд, ва ҳамчун ниҳоди назорати самараноки прокурорҳо фаъолият намекунанд, он ҳамчунин бинобар хабару гузоришҳо дар мавриди васеъ паҳн гардидани коррупсия дар системаи судӣ изҳори ташвиш менамояд. Ғайр аз ин, Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки адвокатҳо барои иҷрои фаъолияти касбии худ таҳти таъқиб қарор мегиранд, аз дахолати беруна, хусусан аз ҷониби Вазорати адлия, вобастагӣ доранд, инчунин аз он, ки системаи маблағгузории ёрии ҳуқуқӣ ба шахсони эҳтиёҷманде, ки ба онҳо айбдории ҷиноятӣ пешниҳод карда шудааст, ба талабот ҷавобгӯй намебошад (моддаҳои 2, 9 ва 14).

Аз Давлати узв даъват карда мешавад, ки саъю кӯшишҳои худро ҷиҳати ислоҳоти низоми судӣ фаъол гардонад ва оид ба таъмини кафолати салоҳият, мустақилият ва бурдоштани маҳдудияти мӯҳлати дар мансаб будани судяҳо, аз ҷумла тавассути васеъ намудани ваколатҳои онҳо, пардохти музди меҳнати муносиб, ихтисор намудани ваколатҳои аз ҳад зиёди Мақомоти Прокуратура тадбирҳои муассир андешад. Ба Давлати узв ҳамчунин лозим аст таъмин намояд, ки расмиёт ва критерияҳои дастрасӣ ва шартҳои узвият ба коллегияи адвокатҳо мустақилияти адвокатҳоро таҳти таҳдид қарор надиҳанд. Ба Давлати узв лозим аст, ки системаи маблағгузории давлатии ёрии ҳуқуқиро барои шахсони эҳтиёҷманд таъсис диҳад.

19. Кумита бори дигар изҳори нигаронӣ менамояд (CCPR/CO/84/TJK, банди 18), ки судҳои ҳарбӣ мисли пештара барои баррасии парвандаҳои ҷиноятие, ки дар онҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ғайринизомӣ якҷоя айбдор карда мешаванд, салоҳияти ҳуқуқӣ доранд (моддаи 14).

Ба Давлати узв лозим аст, ки бидуни таъхир ҳуқуқи судкунии шахсони ғайринизомиро аз доираи салоҳияти судҳои ҳарбӣ хориҷ кунад.

20. Кумита дар мавриди маҳдудиятҳои қатъии озодии дин (мазҳаб), ки дар Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, инчунин Кодекси маъмурӣ муқаррар карда шудаанд, изҳори нигаронӣ менамояд. Он хусусан дар мавриди он, ки кӯдакони тоҷик метавонанд танҳо дар муассисаҳои таълимии диние таълим гиранд, ки литсензияи (иҷозатномаи) давлатӣ доранд, кӯдакони синни то 7-сола бошад, аз ин ҳуқуқ маҳруманд; ҳамчунин аз он, ки ҳама гуна таҳсилоти динӣ дар хориҷа бояд аз ҷониби давлат иҷозат дода шавад, ва аз он, ки Давлати узв дар назорат кардани фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ салоҳияти аз ҳад зиёд дорад, изҳори нигаронӣ менамояд. Кумита дар робита бо он изҳори нигаронии махсус менамояд, ки фаъолияти якчанд конфессияҳои мазҳабӣ дар Давлати узв пурра манъ карда шудааст, аз ҷумла Шоҳидони Яҳво ва дигар гурӯҳҳои исломӣ ва масеҳӣ (моддаҳои 2, 18, 22).

Ба Давлати узв лозим аст, ки муқаррароти қонунҳои дар боло зикргардидаро, ки ҳуқуқҳои дар моддаи 18 Паймон муқарраршударо аз ҳад зиёд маҳдуд менамоянд, бекор кунад ё тағйир диҳад. Ба Давлати узв зарур аст, ки радкунии табъизомези худро дар мавриди бақайдгирии баъзе конфессияҳои мазҳабӣ таҷдиди назар намояд.

21. Кумита бори дигар дар робита бо он изҳори нигаронӣ менамояд (CCPR/CO/84/TJK, банди 20), ки дар Давлати узв ҳуқуқи бинобар эътиқоди мазҳабӣ рад кардани ҳизмати ҳатмии ҳарбӣ эътироф карда намешавад, инчунин он, ки дар Давлати узв хизматии ҳарбии алтернативӣ вуҷуд надорад (моддаи 18).

Ба Давлати узв лозим аст барои таъмин намудани он, ки қонун ҳуқуқи шахсони алоҳидаро ба рад кардани хизмати ҳатмии ҳарбӣ эътироф намояд, тадбирҳои зарурӣ андешад, инчунин, агар қобили қабул бошад, хизмати ҳарбии алтернативии ғайримуҷозотӣ муқаррар намояд.

22. Кумита дар робита бо хабару гузоришҳо дар хусуси он, ки Давлати узв ҳуқуқи озодии баёнро эҳтиром намекунад, изҳори нигаронӣ менамояд. Аз ҷумла Кумита нисбати он изҳори нигаронӣ менамояд, ки Қонуни нав «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» (аз соли 2013) барои субъектҳои воситаҳои ахбори омма шартҳои аз ҳад зиёди вобаста ба бақайдгирӣ муқаррар кардааст, ва он, ки журналистон (хабарнигорон) таҳти таҳдид ва ҳамла қарор дода мешаванд, амалияи бастани (масдуд кардани) сомонаҳои ахборотии интернет, инчунин шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ва он, ки даъвоҳо ба муқобили диффаматсия нисбати воситаҳои ахбори омма ба сифати воситаи тарсонидан пешниҳод карда мешаванд. Бо вуҷуди қаноатмандии олӣ аз хориҷ карда шудани моддаи диффаматсия аз Кодекси ҷиноятӣ, Кумита ҳанӯз ҳам аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки дар қонунгузории ҷиноятӣ муқаррарот оид ба тӯҳмат ва таҳқири президент (моддаи 137) ва таҳқири намояндагони ҳокимият (моддаи 330(2) вуҷуд доранд (моддаи 19).

Ба Давлати узв лозим аст таъмин намояд, ки журналистон (хабарнигорон) ва дигар одамон имконият дошта бошанд озодона ҳуқуқҳои худро ба озодии изҳори ақида (баён) мутобиқи Паймон татбиқ намоянд. Дар робита ба ин Давлати узв бояд таъмин намояд, ки одамон ба сомонаҳои интенетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни маҳдудиятҳои зиёдатӣ дастрасӣ дошта бошанд, ва на Давлати узв ва на мансабдорон қонун дар бораи диффаматсияро бо мақсади таъқиб ё тарсонидани журналистон (хабарнигорон) истифода накунанд. Ба Давлати узв зарур аст, ки муқаррароти қонунгузории худро оид ба тӯҳмат ва таҳқир таҷдиди назар намояд ва бояд тамоми тадбирҳои барои он андешад, ки ҳама гуна маҳдудиятҳои озодии баён ба талаботи қатъии моддаи 19, банди 3 Паймон, ки баъдан дар мулоҳизоти умумии №34 (соли 2011) зикр гардидаанд, пурра ҷавобгӯи бошанд.

23. Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ (аз соли 2007) нисбати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шартҳо ва маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд муқаррар намудааст ва ба Вазорати адлия ваколатҳои аз ҳад зиёди назоратӣ додааст, дар натиҷа ба фаъолияти чунин гурӯҳҳо монеаҳо ба вуҷуд меорад ва расмиёти бақайдгирии онҳоро тӯлонӣ менамояд. Ғайр аз ин, Кумита дар робита бо хабару гузоришҳо дар бораи худсарона бо ҳар асос бастани ташкилотҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқ, бидуни риояи кафолатҳои мурофиавӣ ё бо баҳонаи номутобиқатӣ ба талаботи техникаи бехатарӣ изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 22, 25).

Ба Давлати узв лозим аст, ки қонунгузории худро оид ба танзими бақайдгирии ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо Паймон, аз ҷумла бо моддаҳои 22, банди 2 ва 25 мутобиқ гардонад. Ба Давлати узв лозим аст, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳкуматиеро ғайриқонунӣ баста шуда буданд, иҷозат диҳад ва он бояд аз вогузор кардани маҳдудиятҳои аз ҳад зиёд ё табъизӣ нисбати озодии иттиҳодияҳо худдорӣ намояд.

24. Кумита дар робита ба хабару гузоришҳо оид ба таъқиби ғарази сиёсӣ доштаи сарварони сиёсӣ бо мақсади боздани онҳо аз иштирок дар интихоботи оянда изҳори нигаронӣ менамояд. Дар робита ба ин, Кумита хусусан бинобар хабару гузоришҳо оид ба боздошти худсаронаи ҷаноби Зайд Саидов, сарвари ҳизби нави «Тоҷикистони навин» ва махфият дар атрофи парвандаи ӯ дар суд изҳори нигаронӣ менамояд (моддаҳои 9, 14, 25, 26).

Кумита боисрор давлати узвро даъват менамояд, ки ба ташаккули фарҳанги плюрализми (гуногунандешии) сиёсӣ мусоидат кунад, ва, бо ин мақсад, аз таъқиби ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсии оппозитсионӣ, ки нисбат ба ҳизби ҳоким ақидаи сиёсии мухолиф доранд, худдорӣ намояд. Давлати узв бояд таъмин намояд, ки ба ҷаноби Саидов ҳуқуқ ба озодии шахсӣ ва баррасии одилонаи судӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба баррасии ошкорои парвандаи ӯ кафолат дода шавад.

25. Бо тазаккури он, ки гурӯҳҳои ақаллият, аз ҷумла ақаллиятҳои миллӣ, ҳуқуқ доранд бидуни монеаҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсии Давлати узв иштирок намоянд, Кумита аз он изҳори нигаронӣ менамояд, ки дар асл (воқеият) иштироки онҳо дар раванди қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимият, хусусан дар палатаҳои парламент (Маҷлис), хеле маҳдуд аст (моддаҳои 26, 27).

Ба Давлати узв лозим аст, ки саъю кӯшишҳои худро оид ба ҳавасмандгардонии иштироки ақаллиятҳҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимият фаъол гардонад. Ба Давлати узв пешниҳод карда мешавад, ки дар гузориши даврии минбаъдаи худ дар бораи намояндагии ақаллиятҳои миллӣ дар мақомоти сиёсӣ ва мансабҳои роҳбарӣ маълумот манзур намояд.

26. Ба Давлати узв лозим аст, ки интишори васеи Паймон, ду Протоколи иловагӣ ба Паймон, матни Гузориши даврии дуюми кишвар, ҷавобҳои хаттии пешниҳоднамудаи он ба саволномаи тартибдодаи Кумита ва мулоҳизоти ҷамъбастии мазкурро, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони мақомоти судӣ, қонунгузорӣ ва мақомоти маъмурӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоту созмонҳои ғайридавлатии дар кишвар фаъолиятдошта, инчунин доираи васеи аҳли ҷомеа таъмин намояд. Кумита ҳамчунин пешниҳод менамояд, ки тарҷумаи гузориш ва мулоҳизоти ҷамъбастӣ ба дигар забонҳои расмии Давлати узв дастрас карда шавад. Кумита ғайр аз ин аз Давлати узв хоҳиш менамояд, ки ҳангоми таҳия гузориши даврии сеюми худ бо доираи васеи аҳли ҷомеа ва ташкилоту созмонҳои ғайридавлатӣ машваратҳо баргузор намояд.

27. Мутобиқи қоидаи 71, банди 5 Расмиёти қоидаҳои Кумита, ба Давлати узв лозим аст, ки дар муддати як сол доир ба иҷрои тавсияҳои Кумита, ки дар бандҳои 16, 18 ва 23 боло баён карда шудаанд, иттилооти дахлдор пешниҳод намояд.

28. Кумита аз Давлати узв хоҳиш менамояд дар гузориши даврии минбаъдаи худ, ки бояд 26 июли соли 2017 пешниҳод карда шавад, доир ба иҷрои тамоми тавсияҳо ва дар маҷмӯъ Паймон иттилооти мушаххас, навтарин манзур намояд.

Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ