Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Як сарбози нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо осеби ҷиддии косахонаи сар чор рӯзи охир дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло бистарӣ шудааст.
Наздикони Баҳриддин Насриддинови 22-сола сешанбеи 10-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳангоми ҷанҷол бо як ҳамхидматаш зарб бардоштааст.
Гулчеҳра Насриддинова, модари сарбоз, ки бо мо дар бемористони Қарияи Боло сӯҳбат мекард, гуфт, ҳодисаи латту кӯби писараш соати 7:30 дақиқаи субҳи 6-уми март сар задааст. “Аз рӯи гуфтаи шоҳидон, дар ошхона рафиқаш задааст. Ҳангоми сар задани ҳодиса касе дар он ҷо набуда, дигарон садои онҳоро шунида давида омадаанд. То ҳол аниқ намедонем чӣ гап гузаштааст. Сару рӯяш хеле варам карда буд. Шикамаш ҳам каме зарб хӯрдааст. Мегӯянд, ки гӯё як мушт зада бошаду тамом. Аммо бо як мушт чӣ тавр метавонад ду ҷой устухони сар кафад?! Ин ғайриимкон аст”, - мегӯяд Гулчеҳра Насриддинова, модари сарбози маҷрӯҳ.
Ба гуфтаи модар, ин ҳодиса ҳамагӣ як моҳ пеш аз анҷоми хизмати аскарии писараш рух дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Феълан дар бораи ҳуввияти сарбози дигар, ки Насриддиновро аз пой афкандааст, чизе маълум нест. Баҳриддин Насриддинови 22-сола, наздик ба ду соли пеш аз шаҳри Хуҷанд барои хизмати аскарӣ ба қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе даъват шуд. Модараш мегӯяд, ки то ин дам ӯ на аз хизмати низомӣ ва на аз ҳамхизматҳояш ҳеҷ шикояте надошт.
Насриддинов дар ҳоли беҳушӣ қарор дошта, на ба ҳузури хабарнигори Озодӣ ва на навозишҳои модараш вокуниш нишон надод. Хароҷоти табобати ин сарбозро Вазорати мудофиаи Тоҷикистон пардохт мекунад.
Волидони ин сарбоз, ки рӯзи чаҳорумро дар бемористон сипарӣ мекунанд, вазорат табобати сарбоз бар дӯш гирифта низомиён дар паси дараи палата шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекунанд.
Ҳарчанд масъулини қисми низомии 12019 дар беморхона ҳузур доштанд, аммо аз шарҳи қазия худдорӣ карданд. Табибон низ ҳолати беморро як андоза сабук арзёбӣ намуда, мегӯянд замони интиқол ёфтанаш ба беморхона ҳолаташ хеле сангин буд.
Баҳриддин Насриддинов наздик ба ду соли пеш бо даъвати Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд ба хизмати артиша рафта, қабл аз хизмат ба волидонаш гуфтааст: “Беҳтараш, меравам хизмат мекунам. Одам як сол мегурезед ё ду сол. Нашавад то 29-30-солагӣ гурехта гардам”.
Баҳриддин Насриддинов, сокини шаҳри Хуҷанд буда, соли таваллудаш 26-уми августи 1993 мебошад.