Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Суди ҳарбии вилояти Суғд ҳукми муттаҳамон дар қатли сарбоз Фирдавс Раҳматовро эълон кард.
Тибқи ҳукми суд, сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов 18 ва Комрон Раҳимов 17, 5 сол равонаи зиндон шуданд. Инчунин Айём Назаров, сарбози қаториро суд 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Раббонӣ Сулаймонов 20, Комрон Раҳимов 19 ва Айём Назаров 18 соли зиндон талаб карда буд.
Ҳамчунин бо ҳукми Суди ҳарбии вилояти Суғд, се афсари собиқи Вазорати мудофиа - Р. Маҳмадов, Обидҷон Ҳомидов ва Ҳабибулло Ҳакимов ҳамагӣ 2 - солӣ ҳабси шартӣ шуданд. Додситонии ҳарбии вилояти Суғд пас аз марги сарбоз Фирдавс Раҳматов ин се собиқ афсари вазорати мудофиаро ба хунукназарӣ муттаҳам карда, алайҳи онҳо низ парванда боз кард.
Қаблан онҳо аз иштирок дар мурофиа худдорӣ карда буданд. Ин афсарони қисми ҳарбии 04080 воқеъ дар ноҳияи Конибодом дар пайи марги Фирдавс Раҳматов 7-уми июни соли равон аз вазифаҳояшон барканор шуданд.
Дилором Раҳматова, модари Фирдавс дар сӯҳбат ба TojNews гуфт, аз ҳукми суд нисбати сарбозон розӣ буда, аммо аз он ки суд ба афсарон ҷазои сабук дод хеле норозӣ аст.
Ба гуфтаи хонум Қурбонова, “дар ин кор афсарон низ гунаҳкоранд, чунки онҳо ба кори худ хунукназарӣ карданд. Бисёр хуб мешуд ба онҳо ҷазои вазнинтар медоданд, то дар оянда ин гуна ҳодисаҳо рух надиҳанд. Агар командирон кори худро хуб анҷом диҳанд, ягон хел ҳодисаи фавти сарбозон рух намедиҳад”.
Мурофиаи судии ду сержант ва як сарбоз, ки дар қатли Фирдавс Раҳматов, сарбози вазорати мудофиа муттаҳам мешаванд, 4-уми сентябр оғоз шуда буд.
Фирдавс Раҳматов, ки баҳори соли равон ба сафи артиши Тоҷикистон пайваст, ҳамагӣ баъди як моҳ аз лату кӯби ҳамхизматонаш ба ҳалокат расид. Мақомот ба марги ӯ Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, сержант ва ефрейтори қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом ва сарбози қаторӣ Айём Назаровро муттаҳам карданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса фармондеҳони ин қисми низомиро аз вазифаҳояшон барканор карда буд.