Ҷамшеди «облавашуда» дар Дарвоз аст

Ҷамшеди «облавашуда» дар Дарвоз аст

Хуршед Мавлонов, донишҷӯи курси 4-уми факултаи журналистикаи ДМТ, ки чор рӯз пеш аз мавриди «облава» қарор гирифтани худ ва бародараш ба Faraj.tj хабар дода буд, мегӯяд, аллакай бегоҳи ҳамон рӯз (9-уми октябр) бародараш ба қисмиҳарбии ноҳияи Дарвоз интиқол дода шудааст.

- Бародарам Ҷамшед як рӯз пас аз «облава» ба ман занг зада гуфт, ба хонаводаамон расонам, ки аз ӯ хавотир нашаванд. Ӯро ба қисмиҳарбии ноҳияи Дарвоз бурдаанд,- гуфт мавсуф.

Ба гуфтаи Хуршед Мавлонов субҳи рӯзи 9-уми октябр тахминан соати 10 дар истгоҳи «Тангем»-ҳои рақами 45 (назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ) ҳамроҳи бародараш мавриди «облава» қарор гирифта буд. Ба қавли номбурда, панҷ нафар, ки яке аз онҳо либоси низомӣ дар тан доштааст, ӯ ва бародараш Ҷамшед Мавлоновро бо як муносибати дағалона аз мӯйи сарашон кашида, ба дохили мошинашон маҷбуран савор кардаанд.

- Азбаски ман каме таб доштам ва қавси гурда азобам медод, баъди зориву тавалло раҳоям карданд, вале бародарамро бо худ бурданд. Онҳо дар мошини «Опел Астра G»-и сабз, рақами қайди давлатиаш 95-97 АЕ 01, ҳамроҳи бародари ман 6 нафар нишаста рафтанд. Бародарам дар ноҳияи Шӯрообод ҳамчун духтур кор мекунад. Ӯ барои аёдати писарамакам, ки чанд рӯз пеш дар як садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошта буду айни замон дар беморхонаи ноҳияи Ҳисор дар ҳолати вазнин қарор дорад, омада буд. Онҳо маро ҳам бурданӣ буданд, аммо ба фикрам, ҷояшон тангӣ кард, ки аз мошин фароварданд,- гуфта буд он замон Хуршед.

Аз ин амали «одамрабоӣ» ва роҳзанонаи кормандони комиссариатиҳарбии ноҳияи Синои пойтахт, ки хилофи Сарқонун ва қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад, ба рақами 221-21-21-и ВКД хабар дода будем ва ваъдаи чораҷӯии фаврии ин қазияро ҳам гирифта будем. Вале то имрӯз нисбати ин ҳодиса ягон маълумот пешниҳод нагардидааст.

Тавре имрӯз зимни сӯҳбат бо телефони боварии ВКД-и кишвар навбатдори масъули вазорат гуфт, қазияҳо мӯҳлати баррасии аз 10 рӯз то 1 моҳро доранд ва баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ натиҷаи он расонаӣ карда мешавад.

Ба ҳар ҳол, мо пайгири ин қазия мемонем ва маълум хоҳем кард, ки то куҷо нисбати чунин нақзи ҳуқуқи инсон масъулин чораҷӯӣ менамоянд.

Faraj.tj