Ҳамлаи афроди номаълум ба кормандони комиссириати ҳарбӣ

Ҳамлаи афроди номаълум ба кормандони комиссириати ҳарбӣ

Афроди номаълум бо 4 корманди Комиссирати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша карда, бо корд онҳоро сахт маҷрӯҳ сохта ва аз ҷойи ҳодиса фарор кардаанд.

Афроди номаълум бо 4 корманди Комиссирати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муноқиша карда, бо корд онҳоро сахт маҷрӯҳ сохта ва аз ҷойи ҳодиса фарор кардаанд.

Бино ба иттилои торнамои ВКД, ин ҳодиса соати 7-у 20 дақиқаи рӯзи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе рух додааст.

Бар асари зарбаи корд майор Пӯлод Мирзоев дар маҳали ҳодиса ҷон бохта, захмиёни дигар ба беморхона интиқол шудаанд.

Прапоршик Ҳамза Насибов низ ба иллати захми шадид дар беморхона вафот кардааст.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯи якшанбеи 8 ноябр зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз сабаби муноқиша миёни кормандони Комиссириати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва афроди номаълум рӯшан нест.

Вале чунин ҳадсу гумонҳое вуҷуд дорад, ки эҳтимол ин муноқиша бар пояи даъвати ҷавонон ба артиш ва ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” барои хидмат дар артиши Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Зимнан, аз 1 октябри соли ҷорӣ даъвати тирамоҳии ҷавонон барои хидмат дар суфуфи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ шуда ва то 30 ноябр идома хоҳад ёфт.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор - баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Ин дар ҳолест ки шумори ҷавонони синну соли даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафар гуфта мешавад ва чунин таносуб, ба ақидаи мунтақидон, деги мақомҳои олуда ба фасодро, ки аз ҷумла дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш барои худ “манбаи даромад” сохтаанд, гарм мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷалолиддин Садриддинов таъкид кард, ки корҳои тафтишоти ин ҳодисаро додситонии низомии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифта ва ниҳодҳои интизомӣ барои мушаххас ва дастгир кардани ҳамлагарон чораҳои фаврии ҷустуҷӯро шурӯъ кардаанд.

Ozodi