Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар мурофиаи судии вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 316 КҶ ҶТ нисбати Маҳмадулло Идиев, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор гардид, кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун шоҳид пурсида шуданд.
Панҷ нафар кормандони милиса бо супориши сардори ШКВД дар ноҳияи Дӯстӣ барои дастгир намудани сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов, ки дар гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешуд, сафарбар шуда буданд. Онҳо дар нишондодҳои худ зимни мурофиаи судӣ изҳор доштанд, ки вақте Толибҷон Дӯстовро ба беморхона расониданд, зинда буд.
Муфаттиши шуъбаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Валиҷон Хоҷаев, ки ҳамроҳи гуруҳ барои дастгир намудани Толибҷон Дӯстов ба ноҳияи Шаҳритуз рафта буд, дар суд гуфт: “Рӯзи 25-июли соли 2017 бо супориши сардори ШВКД ба гуруҳи мазкур ҳамроҳ карда шудам. Мо ҳамроҳи панҷ нафар кормандони фаврӣ ва ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев дар ду мошин ба ноҳияи Шаҳритуз равон шудем. Вақте ба маркази ноҳия расидем, Ҳалимҷон ба Дӯстов занг зада, маслиҳати вохӯриро кард. Мо вақте фаҳмидем, ки Дӯстов дертар имкони бо Ҳалимҷон вохӯрданро дорад, ба хотири вақтгузаронӣ ба Чилучорчашма рафтем. Баъдан аз онҷо баргашта ба маркази ноҳияи Шаҳритуз омадем. Ҳалимҷону Толибҷон ҷои вохӯриро ошхонаи “Авиценна” маслиҳат намуданд. Мошини аввал назди ошхона истоду мо ҳудуди 200-300 метр дуртар истодем. Ҷабрдида Ҳалимҷон Сайдуллоев, кормандони фаврӣ Маҳмадулло Идиев ва Икромиддини Суфизода дохили ошхона рафтанд. Баъди панҷ дақиқа М. Идиев бо Дӯстов аз ошхона баромаданд. Ҳалимҷон Сайдуллоев бо Икромиддин ба мошини дигар рафтанд. Идиев бо Дӯстов ба мошини мо нишастанд. Мо хостем ба роҳ бароем, вале Дӯстов гуфт, ки бояд як нафар барояш маводи мухаддир биёрад. Аз ин хотир назди бозори ноҳияи Шаҳритуз ҳудуди 30 дақиқа интизор шудем. Баъдан ба хулосае омадем, ки ба ШВКД ноҳияи Дӯстӣ биравем. Толибҷон Дӯстов хоҳиш кард, ки барояш дору гирем, зеро бояд дору истеъмол кунад. Ӯ номҳои доруҳояшро гуфту ман рафта аз дорухона онҳоро харидам. Баъдан мо ба роҳ баромадем. Вақте ба маркази ноҳияи Қубодиён расидем, саломатии Дӯстов бад шуд. Ба ӯ об додем ва ба Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён рафтем. Дар беморхона ман аз як тарафаш гирифтаму аз тарафи дигараш як ҳамкорамон. Ӯ бо пойи худаш ва кӯмаки мо ба беморхона даромад. Духтурон ӯро ба арбоаи тиббӣ бор карда бурданд. Баъди 20-25 дақиқа хабар доданд, ки Дӯстов вафот кардааст”.
Ба гуфти ин муфаттиш, “Толибҷон Дӯстов то маркази ноҳияи Қубодиён вазъаш хуб буд. Аз дарди дил ё дигар шикояте намекард. Танҳо ҳаминро гуфт, ки ӯ дилкасал аст. Дар сару рӯяш ягон аломати латукӯб дида намешуд”.
Икромиддин Суфизода, корманди фаврии гуруҳи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ мегӯяд, ки парвандаи фаврӣ нисбати Ҳалимҷон Сайдуллоев ҳанӯз 20-уми июли соли гузашта оѓоз шудаву аз тарафи сардори шуъба тасдиқ гардида буд.
- Мо ҳамроҳи М. Идиев рӯзи 24-уми июли соли 2017 ба ноҳияи Шаҳритуз барои коркарди фаврии гумонбарон рафтем. Дар маркази ноҳияи Шаҳритуз Ҳалимҷон Сайдуллоев ва Низомиддин Мирзоевро дастгир кардем. Ҳардуро ба ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ оварда, дар ҳузури шахсони холис онҳоро кофтуков намуда, аз ҷайби Ҳалимҷон 5 адад бандчаи маводи мухаддир дарёфт кардем. Мо протокол тартиб дода, баёнотҳои гумонбарону шахсони холисро гирифтем. Баъдан ҳамроҳи М. Идиев ва Ҳалимҷон Сайдуллоеву Низомиддин Мирзоев ба ошхона рафта, хӯрок хӯрдем. Дар ошхона масъалаи дастгир намудани Дӯстовро маслиҳат кардем. Мувофиқи маслиҳат, Ҳ. Сайдуллоев дар ин амалиёт бояд ба мо кӯмак мекард. Баъди аз ошхона баромадан мо ҳардуро ҷавоб додем. Ҳалимҷон гуфт дар ноҳияи Дӯстӣ хеше дорад, ки шабашро онҷо рӯз мекунад. Ба Низомиддин Мирзоев гуфтем, ки ту дигар ба мо лозим нестӣ. Бо ҳамин, мо саҳар дар истгоҳи рӯ ба рӯи ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ вохӯрдему ҳамроҳи гуруҳи фаврӣ ба ноҳияи Шаҳритуз рафтем. Вақти боздошти Дӯстов, Маҳмадулло бо Ҳалимҷон аз дари асосии ошхона даромаданду ман аз қафо гузаштам. Аз дари қафо даромадам, ки Маҳмадулою Дӯстов суҳбаткунон баромаданд. Вазъи саломатии Дӯстов хуб буд. Касе ӯро ҳангоми боздошташ латукуӯб накарда буд. Баъдан мо ба мошинҳо нишаста, ба тарафи Қубодиён равон шудем. Дар мошини ман ҷабрдида Ҳалимҷону ҳамкорамон Шариф Валиев буданд. Дар роҳ ба мо занг заданд, ки вазъи саломатии Дӯстов бад шудаасту ӯро ба беморхона бурданд. Ман назди беморхона Ш. Валиевро фароварда, Ҳалимҷонро гирифта ба ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ рафтам,- илова кард И. Суфизода.
Ин дар ҳолест, ки ҷабрдида Ҳ. Сайдуллоев иброз дошт, ки ӯро на дар ШВКД-и ноҳияи Дӯстӣ, балки ҳангоми дастгир карданаш М. Идиев кофтуков карда, маводҳои мухадирро гирифта дар кисаи худаш задааст. Ва вобаста ба ин ҳолат ягон ҳуҷҷат тартиб надодааст.
Ин нишондоди Ҳ. Сайдуллоевро ҷабрдидаи дигар Низомиддин Мирзоев низ тасдиқ карда, гуфт, ки маводҳои мухаддирро аз Ҳалимҷон дар маркази ноҳияи Шаҳритуз гирифтаанд.
Инчунин, ҳарду ҷабрдида иброз доштанд, ки рӯзи 24-уми июл баъди хӯрок хӯрдан дар ошхона ҳамроҳи М. Идиев ва И. Суфизода онҳоро боз ба ШВКД овардаанду шабро дар онҷо рӯз кардаанд. Ин ки гӯё онҳоро ҷавоб дода бошанду хонаи хешашон рафта бошанд, асоси воқеӣ надорад.
Ҷаҳонгир Зокиров, Муҳаммадшариф Валиев ва Иброҳим Зоиров, ки рӯзи 25-уми июли соли 2017 дар амалиёти дастгиркунии Толибҷон Дӯстов ширкат доштанд, нишондод доданд, ки Толибҷон Дӯстовро зинда ба беморхонаи ноҳияи Қубодиён бурдаанд. Ҳамаи кормандони милиса гуфтанд, ки аз лаҳзаи боздошт то ба беморхона бурдани Дӯстов, дар сару рӯяш ягон доѓ ё осори латукӯб набуд ва ҷароҳатҳои пушти гӯши чап ва пӯстхарошҳои рухсораҳои ӯро надидаанд.
Бояд гуфт, дар мурофиаи гузашта чор нафар табибони эҳёгари шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Қубодиён шоҳиди доданд, ки вақте Толибҷон Дӯстовро ба шуъбаи онҳо овардаанд, дар ӯ нишонаҳои ҳаёт набуд. Яъне ҷасадро ба беморхона оварда буданд.