Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов, ки оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт аз ҷониби РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи шиканҷа фавтида нисбати Прокуратураи генералӣ, ки ба қавли онҳо, дар мавриди ин парванда ба нақзи қонун роҳ додааст, ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурданд.
Адвокат Абдураҳмон Шарипов иттилоъ дод, ки муроҷиат ва шикоят аз амали шахсони масъуле, ки тафтишоти ғайри самаранок гузаронидаанд, 8 сол боз идома дорад.
Моҳи январи имсол дар бораи аз сар гирифтани тафтишот ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб кардани гунаҳгорон ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат шуда буд.
6-уми феврал ба адвокат А. Шарипов бо имзои муовини Прокурори генералӣ Ваҳобов В. М. ҷавоби расмӣ омад. Дар он гуфта мешавад, ки бо қарори Прокуратураи генералии ҶТ аз 02.02.2018 оид ба парвандаи далели марги Бобоев И. қарори қаблӣ дар мавриди боздоштани тафтишот бекор гардида, парванда ба Раёсати тафтишотии ВКД ҶТ барои тафтишоти иловагӣ фиристода шудааст.
Дар мавриди ҷавоби мазкур аз ҷониби адвокат А. Шарипов шикоят шуд ва дархост гардид, ки парвандаи ҷиноятӣ ба Раёсати тафтишотии Прокуратураи генералии ҶТ супорида шавад.
Ба ин шикоят санаи 6-уми апрел ба А. Шарипов ҷавоби хаттӣ бо имзои муовини Прокурори генералии ҶТ Ваҳобов В. М. омад. Дар он хабар дода мешавад, ки барои талаб карда гирифтани парвандаи ҷиноятӣ аз РТ ВКД ҶТ ва барои тафтишоти иловагӣ ба РТ Прокуратураи генералии ҶТ супоридани он асос мавҷуд нест.
Дар робита ба ин адвокат ба Суди ноҳияи Сино шикоят бурд. «Чунин тасаввурот бармеояд, ки шахсони масъули мақомот ба тафтиши фаврӣ, беғаразона ва самараноки шиканҷа манфиатдор нестанд. Ба муроҷиатҳои зиёди мо нигоҳ накарда, шахсони вазифадори мақомоти давлатӣ ягон амали тафтишотӣ анҷом надоданд»,- гуфт Абдураҳмон Шарипов.
Ҳамзамон, шахсони расмии кишвар дар мавриди иҷроиши мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон аз рўи парвандаи марги Исмонбой Бобоев ҳам хомўшӣ ихтиёр кардаанд.
Соли 2012 ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон оид ба ин парванда шикояти фардӣ ирсол карда шуда буд. Моҳи августи соли 2017 Кумита муроҷиатро баррасӣ карда, қонунвайронкуниро аз ҷониби давлат тибқи якчанд моддаҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба манфиати Ҷўрабой Бобоев - падари Исмонбой иқрор намуд.
Кумитаи СММ Оид ба ҳуқуқи инсон мулоҳизоти худро ба Ҳукумати Тоҷикистон барои иҷроиш фиристод. Дар он зикр мешавад, ки аз марги писари Ҷўрабой Бобоев ҳафт сол гузаштааст, вале ҳолатҳои дақиқи марг ҳанўз маълум нест ва мақомоти давлати узв шахсони ба ин қазия алоқамандро ҳанўз айбдор надониставу ба ҷавобгарӣ ҷалб накардаанд.
Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон умедвор буд, ки давоми 180 рўз аз давлати узв дар бораи тасмимоти гирифташуда мутобиқ ба мулоҳизоти мазкур маълумот дарёфт менамояд.
Адвокат Шарипов А. бо боварӣ ба волоияти қонун ва адолати судӣ 10-уми январи соли 2018 нусхаи аризаро оид ба иҷроиши мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон супурд. Пештар, 2-юми январ, аризаи ҳамсон ба Прокуратураи генералӣ супорида шуда буд.
«Аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар ба ман хабар доданд, ки нусхаи муроҷиатномаи мо бо дархости аз сар гирифтани тафтишот ва ҷалби гунаҳгорони марбут ба парвандаи Бобоев ба ҷавобгариро аз Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба Прокуратураи генералӣ барои иҷроиш фиристодаанд. Ба ман ҳамчунин гуфтанд, ки мо ҳуқуқ дорем ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иҷроиши мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба парвандаи Бобоев муроҷиат намоем»,- гуфт Абдураҳмон Шарипов.
Талошҳои намояндагони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои дарёфти шарҳи Прокуратураи генералии ҶТ дар мавриди иҷроиши мулоҳизоти Кумита самара надод.
Роҳбари ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон» Шоира Давлатова мегўяд: «Мо умедворем, ки дар сурати амалисозии иҷроиши мулоҳизоти Кумита, тафтишоти фаврӣ ва беғаразонаи истифодаи шиканҷа ва даргузашти Исмонбой Бобоев бо ҷалби шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ гузаронида мешавад. Сарфи назар аз он, ки намояндаи Исмонбой Бобоев, падари ў Ҷўрабой Бобоев даргузашт, қарори Кумита ҳаст ва ташкилоти мо муроҷиатро ба мақомоти дахлдор барои иҷроиши он идома медиҳад».
Исмонбойи 30-сола, писари Ҷўрабой Бобоев дар Русия мезист ва шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда буд. Феврали соли 2010 ў барои дидорбинии волидон ва бо худ гирифтани духтараш, ки дар меҳмонии онҳо буд, ба Тоҷикистон омад. Рўзи 19-уми феврал ҷавон дар Исфара дар наздикии масҷиди асосии шаҳр боздошт шуд. Кормандони боздоштро амалинамудаи РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров ба Исмонбой арз доштанд, ки ў барои узвият дар ташкилоти экстремистии «Ҳаракати исломии Туркистон» гумонбар аст ва боздоштшударо ба бинои РМЗҶМ-и вилояти Суғд бурданд. Худи ҳамон рўз ҷавон дар утоқи кории номбурдаҳо ҷон дод. Тавре Ҷўрабой Бобоев тасдиқ кард, дар бадани писари марҳумаш осори маълуми зарба, доғҳо дар зонувон ва изи тира дар ангуштон мавҷуд буд, ки ба андешаи ў, осори қувваи барқро мемонд. Баъд аз ду ҳафта аз рўи далели марги боздоштшуда Исмонбой Бобоев парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар содир намудани ин ҷиноят кормандони РМЗҶМ-и Суғд Фирдавс Шокиров ва Манучеҳр Акбаров гумонбар дониста мешаванд. Вале, шахсони номбурда танҳо аз кор ронда шуданд ва то ба ҳол бо сабаби «беморӣ»-и шамолхўрагӣ ва простатит дар озодӣ қарор доранд.
10-уми марти соли 2010 хулосаи якумин ташхиси судӣ-тиббӣ дастрас гардид. Дар хулоса тасдиқ карда мешуд, ки сабаби марг «асфиксияи механикӣ» дар натиҷаи фурўбарии забон будааст. Дар баробари ин, дар хулоса оид ба сабабҳои фурўбарии забон баҳогузорӣ сурат нагирифта буд. Он гоҳ Ҷўрабой Бобоев тақозо намуд, то эксгуматсия гузаронида шавад. 6-уми апрели соли 2010 коршиносони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судӣ-тиббӣ ташхиси дубора гузарониданд. Натиҷаи он нишон дод, ки Исмонбой Бобоев аз ҷароҳатҳои қувваи электрикӣ, бемории шадиди қалбӣ - рагҳо ва тангии роҳи нафас фавтидааст, ки бе шубҳа далели истифодаи шиканҷа ва марг дар натиҷаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро нишон медиҳад.
Гузашта аз ин, тафтиши парванда оид ба марги Бобоев шаш маротиба қатъ карда шудаву аз нав бознигарӣ гардид. Ҳамин тавр, аз болои қарор дар бораи қатъ кардани парванда аз ҷониби Ҷ. Бобоев ва адвокати ў А. Шарипов ба Суди шаҳри Хуҷанд шикоят карда шуд, ки қатъ намудани тафтишот бинобар сабаби ғайриқонунӣ буданаш бо қарор бекор карда шуд. Таҳлили қарори додгоҳ аз ҷониби сохторҳои прокуратура давоми як сол идома ёфт ва ҳама вокунишҳои прокурорӣ аз ҷониби зинаҳои судӣ рад карда шуданд. Дар натиҷа, санади судӣ ба қувваи қонунӣ даромад. Аммо пас аз як моҳ тафтишот боз бо ҳамон асос («беморӣ»: шамолхўрӣ ва простатит) қатъ карда шуд. Илова бар ин, парвандаи ҷиноятӣ аз Прокуратураи вилояти Суғд ба Раёсати тафтишотии ВКД супорида шуд.
P.S. Муовини раиси Суди ноҳияи Сино Мирзо Одиназода тариқи телефонӣ тасдиқ кард, ки ба истеҳсолоти судии онҳо аризаи Абдураҳмон Шарипов ва Маркази мустақил оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсон ворид шудааст. «Мо адвокатро аз санаи таъин шудани мурофиа огоҳ мекунем»,- гуфт ў.