Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа - 26-уми июн намоиши анъанавии аксҳоро бахшида ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо баргузор менамояд.
Намоиши аксҳо 26-уми июн аз соати 10 то 12 дар як вақт дар се шаҳри Тоҷикистон: дар Душанбе дар бинои «Душанбе Плаза», ошёнаи 4-ум (назди Хонаи матбуот, ТВ «Сафина»), дар Хуҷанд дар бинои ҶДММ «Арвин» (назди Кохи Рўдакӣ), дар Бохтар дар бинои меҳмонхонаи «Мафтуна» баргузор мегардад.
Дар доираи чорабинӣ дар Душанбе инчунин ба рўзноманигорон барои беҳтарин матлаб дар масъалаи озодӣ аз шиканҷа ва ба боздидкунандаи аз ҳама фаъоли торнамои Эътилоф - notorturetj.org мукофот супорида мешавад.
Ба чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ѓайридавлативу байналмилалӣ, инчунин намояндагони ВАО даъват шудаанд. Даромадан ба чорабинӣ барои ҳамаи хоҳишмандон озод аст.
Намоиши аксҳо аз моҳи июни соли 2013, аз вақте, ки ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният» онро дар шаҳри Душанбе дар арафаи Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа баргузор намуд, оѓоз ёфт. Он замон дар намоишгоҳи аксҳо нуҳ қиссаи аксӣ пешниҳод гардида буд. Дар асоси шаштои онҳо парвандаҳои натиҷадори Ҳамзалӣ Икромзода, Хуршед Бобокалонов, Баҳромиддин Шодиев, Сафаралӣ Сангов, Исмоил Бачаҷонов ва Дилшодбек Муродови ё ҳангоми боздошт ва ё дар боздоштгоҳ фавтида баррасӣ шудаанд.
Намоишгоҳи аксҳо ба мардонагӣ ва истодагарии хешовандони нафароне бахшида шуда буд, ки наздикони худро дар натиҷаи бераҳмӣ ва шиканҷа аз даст додаанд. Аз ҳамон сол ба аксияи бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон низ пайвастанд.
Мутаассифона, ҳар сол намоишгоҳи мо бо қиссаҳои нави қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона пурра мешавад, ки қисми бештарашон фавтидаанд. Имсол 18 қиссаи аксиро пешниҳод менамоем. Қурбониёни шиканҷа, хешовандони онҳо ва адвокатҳо солҳо талош мекунанд, ки нисбати ҳар як ҳолати шиканҷа ва муносибати бераҳмона тафтиши самаранок гузаронида шавад ва шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда шаванд.
Рўзҳои наздик дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби мултимедӣ оид ба 18 парванда, ки дар бораи ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳоянду дар намоишгоҳи аксҳо истифода мегарданд, пахш карда мешавад.