Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон оғози иқдомро бахшида ба 26-уми июн - Рузи байналхалқии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон менамояд.
Аз рӯзи душанбе, 27-уми май то 26-уми июн дар сомонаи Эътилоф ва шабакаҳои иҷтимоӣ яктогӣ иқтибоси фаъолони ҷавон, шахсони машҳур, ҳимоякунандагони ҳуқуқи инсон, соҳибкорон, намояндагони санъати Тоҷикистон оиди дастгирии озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҷойгир карда мешавад. Воситаҳои ахбороти омма ва фаъолон инчунин метавонанд “гирифтори” ин иқдом шуда, дар саҳифаҳо, сомонаҳо ва блогҳои худ “репост” намоянд. Эътилоф тақвимҳои ҷайбиро бо ин иқтибосҳо омода сохта, рӯзи 26-уми июн дар Душанбе дар рафти чорабинии асосӣ тақсим менамояд.
Дар ин рӯз дар толори маҷмӯи “Душанбе Плаза” ду чорабиниҳо – намоиши корҳои рассомии (графикӣ) рассоми фаъол, Фаррух Негматзаде, ки дар онҳо дар шакли эҷодӣ мавзӯи зӯроварӣ ошкор карда мешавад ва инчунин перформанс (намоиш) нақшнигор Фируза Каримова, ки дар худ санъати визуалӣ, мусиқӣ ва суханро мепайвандад, гузаронида мешаванд. Намоишро гурӯҳи наворӣ ҳамроҳӣ хоҳад кард. Перформанс, ки дар вақтҳои охир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон васеъ паҳн шудааст, бар зидди ҳар як намуди зӯроварӣ, аз ҷумла шиканҷа равона карда мешавад.Чорабиниҳои номбурда таҳти куратории арт менеҷер Лолисанам Улуғова, баргузор мегардад.
Эътилоф оиди чорабиниҳои дигар, ки рӯзи 26-уми июн гузаронида мешаванд ба тарзи иловагӣ хабар медиҳад.
Хабарҳои моро дар сомонаи моwww.notorturetj.org ва шабакаҳои иҷтимоӣ:
Дар Facebook: https://www.facebook.com/noturture.tj/
Дар Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Дар Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj
Дар Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw
Дар Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498
Дар Телеграмм: http://t.me/j
Дар Инстаграмм: notorture.tj пай баред.