Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳамкорон, шарикону дӯстони азиз!
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати иди зебои Наврӯз табрик мегӯяд!
Таърихи ҷашнгирии он ба қаърҳои таърих рафта мерасад, аммо тағйирнопазир ин мемонад, ки Наврӯз иди баҳор, муҳаббат, ҳаёти нав ва зиндашавии табиат аст.
Дар ин рӯзи хуш ба шумо дили гарму андешаҳои тоза таманно дорем. Бигузор Наврӯз дар ҳаёти шумо чизи наву хубе армуғон орад, оғоз ва рамзи тавлиди ҳадафу дастоварҳои нав гардад.