Дар маҳбасҳо ягон хел мулоқот нест, аммо фиристаҳо иҷозат дода шудаанд

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён имрӯз дар нишасти матбуотии вобаста ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020 иттилоъ дод, ки дар нимсолаи аввал дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ 41 нафар вафот карда, аз онҳо 11 нафар аз пневмония фавтидаанд. Ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус муайян карда нашудааст.

Дар нишасти матбуотии вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорати адлия давоми шаш моҳи соли 2020 рӯзноманигорон ба масъалаи муайян намудани ҳолатҳои коронавирус дар муассисаҳои системаи ҷиноятӣ-ислоҳотии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин маврид вазири адлия Музаффар Ашӯриён зикр намуд, ки дар муассисаҳои системаи ҷиноятӣ-ислоҳотии Тоҷикистон 213 сироятёфтаи ВИЧ (СПИД), 85 нафар гирифтори сили шаклҳои гуногун, 244 муътод ва 98 беморе, ки дар онҳо пневмония ё шамолхӯрии шуш муайян гардидааст, нигоҳдорӣ мешаванд.

Аз 41 нафари фавтида 11 нафарашон пневмония ташхис шудаанд. Ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавирус дар муассисаҳои системаи ҷиноятӣ-ислоҳотии Тоҷикистон муайян карда нашудааст.

Музаффар Ашӯриён илова намуд, ки бо сабаби пандемияи коронавирус оид ба манъи дилхоҳ мулоқоти маҳбусон бо хешовандонашон қарор қабул карда шуд, аммо расонидани фиристаҳо, аз ҷумла маводи хӯрокворӣ иҷозат дода шудааст.

Дар оғози соли гузашта Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки дар 18 муассисаи ислоҳотӣ (аз ҷумла, панҷ СИЗО, ҳашт колонияи ислоҳотии низоми гуногун, як колонияи тарбиявӣ барои ноболиғон, як маҳбас) 12 ҳазор маҳбус нигоҳдорӣ мешаванд.

NoTorture.Tj