Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба мақомоти прокуратураи Тоҷикистон вобаста ба далелҳои эҳтимолияти истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳашт ариза ворид шудааст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии вобаста ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2020 Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон иттилоъ дод.
Прокурори генералӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки баҳри назорати иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон 3399 санҷиш гузаронида шудааст. Дар натиҷаи ин санҷишҳо 23 950 шаҳрванд ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ ҷалб гардида, 1692 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2020 дар кишвар 12 293 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз ҷониби прокуратура 1903 парвандаи ҷиноятӣ тафтиш ва аз он 1788 парванда барои баррасӣ ба судҳо ирсол карда шудааст.
Бино ба иттилои Прокуратураи генералӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои муомилаҳои ғайриқонунӣ вобаста ба фурӯшу тақсимкунии замин 513 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Прокурори генералӣ изҳор дошт, ки барои нақзи қонунгузорӣ дар ин самт 3248 шаҳрванд ва шахсони мансабдор ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ ҷалб гардида, 6286 га замин ба гардиши заминистифодабарӣ баргардонида шудааст.
Юсуф Раҳмон ба суол дар мавриди қарорҳои ғайриқонунии роҳбарони маъмурияту шаҳру навоҳии кишвар посух дода, зикр намуд, ки танҳо дар нимсолаи аввал аз ҷониби мақомоти прокуратура 600 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон оид ба ҷудокунии қитъаи замин бекор карда шудааст.
“Ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ба мақомоти прокуратура таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин давра 19 454 муроҷиати шаҳрвандон дастрас гардид, ки 5928 адади онҳо баррасӣ шуд”,- зикр намуд Прокурори генералии кишвар.
Юсуф Раҳмон инчунин суоли рӯзноманигоронро вобаста ба шикоятҳои шаҳрвандон оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шарҳ дод.
“Ба мақомоти прокуратура ҳашт адад чунин шикоятҳо ворид шудаанд. Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ дар як ҳолат аз рӯи далели истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”,- гуфт Юсуф Раҳмон бидуни тафсилот.