Амалисозии шартҳои Истамбулӣ: Таъсиси институти ташхиси ғайридавлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Эътилофи зидди шиканҷа инчунин амалисозии шартҳои Истамбулиро барои санҷиши самараноки тиббӣ ва ҳуҷҷатгузории шиканҷаву муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон пеш мебарад.

Фаъолияти мазкур аз ҷониби Парвина Наврўзова (ТҶ “Маркази ҳуқуқи инсон”), ки ҳамзамон дар доираи фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббӣ ҷалб гардидааст, ҳамоҳангсозӣ мешавад.

Аз моҳи январ то марти соли 2020 гузориш “Оид ба истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудаҳо дар муассисаҳои тиббии ҶТ” ва гузориши таҳлилӣ “Оид ба натиҷаҳои таҳлилу баҳогузории вазъи воқеии хадамоти судӣ-тиббии ҶТ” коркард гардида, дар торнамои Эътилофи зидди шиканҷа пахш карда шуданд.

Инчунин, таъсиси институти ташхиси ғайридавлатӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷониби коршиносони барнома таҳлили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Русия ва Гурҷистон, ҳамзамон қонунгузории миллӣ оид ба масоили таъсис додану фаъолсозии институтҳои ғайридавлатӣ ва давлатии ташхисҳои судӣ гузаронида шуд.

Натиҷаҳои таҳлил санаи 21-уми феврали соли 2020 дар мизи гирд бо иштироки намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ, аъзои Эътилофи зидди шиканҷа, доираҳои академӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва коршиноси байналмилалӣ Марям Ҷишкариани баррасӣ гардид.

18-20-уми феврали соли 2020 оид ба омодасозии мутахассисон аз рўи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ тренинги серўза гузаронида шуд, ки дар он 31 нафар, аз онҳо 15 нафар аз Душанбе, 4 нафар аз ВМКБ, 6 нафар аз вилояти Хатлон ва 6 нафар аз вилояти Суғд иштирок доштанд.

Дар доираи ин фаъолият замимаи мобилӣ оид ба масоили ҳуҷҷатгузории тиббии ҳолатҳои зўроварӣ (қурбонии шиканҷа, хушунати оилавӣ, нафарони гирифтори ВИЧ, хизматчиёни ҳарбӣ) тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ таҳия гардид.

Замимаи мобилӣ тавсияҳоро барои қурбониёни зўроварӣ, адвокатҳо, равоншиносону табибон дар бар гирифта, аз ҷумла ҳуқуқҳои онҳо ва кафолатҳо, маханизмҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, баҳогузории оқибатҳои ҷисмониву равонии зўроварӣ, ҷуброни зарар, тавсияҳо оид ба чи тавр гузаронидани ҳуҷҷатгузории тиббии қурбониёни зўроварӣ ва воситаҳои тамос бо мақомоти давлативу ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ғайридавлатие, ки бевосита бо масъалаҳои санҷиши категорияҳои мазкур ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ сарукор доранд, шарҳ дода шудаанд.

NoTorture.Tj