Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Мутахассисони ТҶ “Наҷоти кӯдакон” аз лаҳзаи эълони расмии мавҷудияти COVID-19 дар Тоҷикистон ба гуруҳи мобилӣ пайваста, бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус чорабинӣ гузарониданд.
Ҳамин тавр, оид ба пешгирии COVID-19 дар доираи барномаи “Аз хона ба хона” дар ноҳияву ҷамоатҳои алоҳидаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон (Ҳамадонӣ, Фархор, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Восеъ) силсилачорабиниҳои иттилоотӣ гузаронида шуданд.
Дар доираи чорабиниҳои иттилоотӣ буклетҳо (1600 нусха) паҳн гардида, бо занон, кӯдакон ва шавҳароне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русия қарор доранд, машваратҳои ҳуқуқиву равонӣ гузаронида шуд.
Дар моҳҳои май - июли соли 2020 кормандони ташкилот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ маводи ғизоӣ харидорӣ намуда, ба 75 оилаи камбизоат тақсим карданд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Назари дигар”, “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ба 19 оилаи кӯдакони аломати Дауна дошта маводҳои ғизоӣ ва воситаҳои зиддивирусӣ тақсим гардида, инчунин ба нуқтаҳои фелдшерӣ-акушерии 16 ҷамоати минтақа воситаҳои муҳофизати шахсӣ дастрас карда шуд.
Айни замон телефони боварӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, тавассути он ба аҳолӣ оид ба масоили ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ машварат дода мешавад. Мувофиқи таҳлили ташкилот, дар давраи пандемия ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёд гардидааст. Бо дастгирии «Ҳамкории байналмилалӣ барои ҳуқуқи инсон” дастгирии занони қурбонии хушунат ва қабули онҳо дар идораи Хонаи бехатар идома дорад. Кормандон бо воситаҳои муҳофизати шахсӣ таъмин буда, барои қабули шаҳрвандон омодаанд.