Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба муроҷиатҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар самти расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ГКҲ фаъолияташро дар самти ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва муносибати бераҳмона идома дода, машварату кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуд ва мониторинги мурофиаҳои судиро амалӣ сохт. Дар якҷоягӣ бо Гуруҳи таҳлилӣ аз болои ҳуҷҷатҳо ба сохторҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон кор бурд. Дар якҷоягӣ бо гуруҳи расонаӣ фаъолияти омодасозии матолиби иттилоотиву омӯзишӣ ва маълумотномаҳо оид ба парвандаҳои алоҳида, қонунгузорӣ ва таҷрибаи истифодаи шиканҷаву муносибати бераҳмонаро амалӣ намуд.
Моҳи апрели соли 2020 бо сабаби пандемияи COVID-19 кормандони ГКҲ-ро зарур омад, ки ба кори фосилавӣ гузаранд. Кор бо усули онлайн ба роҳ монда шуда, қурбониёни шиканҷа ва намояндагони онҳо тариқи телефон машварат гирифтанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ қабули шаҳрвандон бо риояи чораҳои бехатарӣ сурат гирифт. Баъдан нақшаи навбатдорӣ барои қабули шаҳрвандон тартиб дода шуд. Сарфи назар аз он, ки дар кишвар карантин эълон нашуда буд, дар давраи аз моҳи апрел то сентябр шумораи муроҷиатҳои шаҳрвандон коҳиш ёфт. Шаҳрвандон чораҳои бехатариро риоя мекарданд, аз ҷумла, аз ҳузур ёфтан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ менамуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони ГКҲ бо мушкилоте аз қабили даст кашидани қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо аз шикояти дигарбора нисбати амалҳои ғайриқонунии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба рӯ шуданд. Дар натиҷа кори анҷомдодаи мутахассис то ба охир расонида намешавад, ки дар умум, ба самаранокии нишондодҳо дар фаъолияти ГКҲ таъсири манфӣ мерасонад.
Дар давраи аз 1-уми январ то 30-юми сентябри соли 2020 аз ҷониби котиботи Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилоф 30 муроҷиат оид ба масоили истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шуд, ки аз онҳо 6 адад нисбати занон (миёни онҳо як нафар зан қурбонии озори ҷинсӣ дар ҷои кор аст) мебошад. Аз рӯи 11 парвандаи солҳои гузашта кор идома ёфт.
Усулҳои асосии нақзи ҳуқуқи инсон дар ҷараёни боздошт ва гузаронидани тафтишот: боздошти ғайриқонуниву худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа тавассути қувваи барқ; таҳдиди таҷовузи худи қурбонӣ ва/ё аъзои оила; тарсонидан аз ҳабс.
Шиканҷаҳо ва муносибатҳои бераҳмона бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҷазо барои содир намудани амалҳои муайян ё ба сифати чораҳои пешгирӣ ва паст задани шаъну шараф истифода шудаанд.
ГКҲ расонидани машваратҳои ҳуқуқиро идома дод. Дар ГКҲ се телефони боварӣ амал мекунад: дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва НТМ (987087676). Телефонҳо дар рӯзҳои ғайрикорӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид ҳам дастрасанд. Дар умум, зиёда аз 104 машварат дода шуда, 67 вохӯрӣ бо адвокатҳо ва 17 роҳнамоӣ дар ПГ, ВҲИ, ВКД, бо шумули ХБ ВКД ҶТ ва ғайра гузаронида шудааст.
Аз ҷониби ташкилотҳои узви ГКҲ оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо машваратҳо дода шуданд: ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» хизматрасонии адвокатро аз рӯи 3 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, инчунин 70 машваратро таъмин намуда, 63 ҳуҷҷати ҳуқуқиву маъмурӣ тартиб дода шуд.
ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ ва намояндагиро дар мақомоти давлативу судӣ оид ба парвандаҳои вобаста ба хизматчиёни ҳарбӣ идома дод. Ҳамин тавр, давоми нуҳ моҳ аз ҷониби ҳуқуқшиносони ташкилот ба 355 нафар даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо машварат дода шуд.
Давоми нуҳ моҳ аз ҷониби коршинос оид ба стандартҳои Протоколи Истамбулӣ дар масъалаи ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона тибқи стандартҳои Протоколи Истамбулӣ кумаки коршиносӣ расонида шуд. Кумаки машваратӣ дар мавриди гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатгузории тиббӣ, коркарди дархост оид ба таъин намудани ташхиси маҷмуӣ, таҳияи стратегияи ҷамъоварии далелҳои тиббӣ дар марҳилаи пеш аз санҷиш ва баъди оғоз шудани парвандаҳои ҷиноятии бо истифодаи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона алоқаманд амалӣ карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи 6 парванда 10 мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд.
Оид ба фаъолияти ГКҲ дар 9 моҳи соли 2020 инҷо маълумоти муфассалтар дарёфт кардан мумкин аст: https://notorturetj.org/news/rezultaty-deyatelnosti-koalicii-grazhdanskogo-obshchestva-protiv-pytok-i-beznakazannosti-v