Эътилофи зидди шиканҷа натиҷаҳои фаъолияташро дар соли 2020 нашр кард: COVID-19 таъсир расонид, аммо кор идома ёфт

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон натиҷахои фаъолияташро дар соли 2020 нашр кард. Пандемия дар ин ё он сатҳ ба фаъолияти ҳама, аз ҷумла гуруҳҳои Эътилоф таъсир расонид, вале сарфи назар аз ин Эътилоф фаъолияти худро ба таври фосилавӣ идома дод.

Аз ҷониби Гуруҳи кумаки ҳуқуқии Эътилоф 37 муроҷиати нав дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмонаи эҳтимолӣ ҳуҷҷатгузорӣ гардида, зиёда аз 204 машварат дода шуда, аз рӯйи 20 парванда оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона роҳнамоии ҳуқуқӣ сурат гирифта, хизматрасонии адвокат аз рӯйи 13 парванда пешниҳод карда шудааст.

Аз офиятбахшӣ 32 нафар гузаштаанд (аз рӯйи 22 парванда), ки аз онҳо 10 нафар мард, 16 нафар зан, 2 писарбачаи ноболиғ ва 4 духтари ноболиғ мебошанд. Аз шумораи умумӣ 19 нафар бевосита зарардидагон аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона буда, як духтар (12-сола) қурбонии зӯроварии шаҳвонӣ ва 12 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона ба шумор мераванд.

Аз ҷониби Гуруҳи расонаӣ 454 матлаб, аз ҷумла бо забони русӣ 230 матлаб (варақаи матбуотӣ - 12, таҳлил - 12, мултимедиа/видео/аудиоматлабҳо - 19, матолиби иттилоотӣ - 87, аз дигар манбаъҳо - 3, матлабҳо вобаста ба аксияву чорабиниҳо - 88), бо забони тоҷикӣ 149 матлаб (варақаи иттилоотӣ - 7, таҳлил - 8, мултимедиа/видео/аудиоматлабҳо -13, матолиби иттилоотӣ - 42, аз дигар манбаъҳо - 3, матолиб вобаста ба аксияву чорабиниҳо - 76) бо забони англисӣ 75 матлаб вобаста ба аксияву чорабиниҳо ба нашр расонида шудаанд.

Эътилоф дар давраи ҳисоботӣ оид ба фаъолияти оянда дар робита бо иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷа дар бораи раванди амалигардонии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо аз ҷониби Тоҷикистон гузориш омода намуд. Кумитаи зидди шиканҷа дар тавсияҳои хотимавии худ ба гузориши даврии сеюми Тоҷикистон се тавсияи афзалиятнокеро (CAT/C/TJK/CO/3) муайян кард, ки оид ба ҷараёни иҷроишашон давлатҳои иштирокчӣ бояд дар давоми сол ҳисобот диҳанд.

Соли 2020 фаъолият оид ба омодасозии Стратегияи миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон то соли 2030 ва таҳияи Нақшаи корӣ ба Стратегия идома ёфт. Ин фаъолият аз ҷониби Раёсати кафолати ҳуқуқи инсони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо узви Эътилоф - Фонди ҷамъиятии «Нотабене» амалӣ карда мешавад. Намояндагони Эътилоф дар кори гуруҳи корӣ оид ба омодасозии лоиҳаи Стратегия фаъолона иштирок ва тавсияҳои худро пешниҳод намуданд. Қабули Стратегия дар соли 2021 дар назар аст.

Эътилоф дар таҳияи Нақшаи амал ба Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ дар давраи то соли 2030 иштирок намуд.

Дар соли 2020 аз ҷониби ФҶ “Нотабене” раванди таҳияи лоиҳаи Қонун «Дар бораи шӯроҳои ҷамъиятӣ» дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи ҶТ ба роҳ монда шуд. Гуруҳи корӣ таъсис дода шуд, ки дар давоми соли 2020 як қатор вохӯриҳои онлайниву муқаррарӣ гузаронид. Аз ҷониби гуруҳи корӣ таҳлили қонунгузории миллӣ дар самти идоракунии фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар кишвар гузаронида шуда, инчунин таҷрибаи дигар кишварҳо дар самти мазкур омӯхта шуд, ки дар асоси он лоиҳаи аввалияи қонун омода гардид. Моҳи июли соли 2020 лоиҳаи қонун ба намояндагони вазоратҳову мақомоти манфиатдори кишвар пешниҳод карда шуд. Аз рӯйи натичаҳои тавсияҳои бадастомада лоиҳаи қонун коркард гардида, барои шарҳ ба Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъди ба даст омадани шарҳҳо гузаронидани машваратҳои миллӣ дар минтақаҳо бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нақша аст.

Дар соли 2020 дастурамал барои судяҳо оид ба масоили ҷуброни зарар ба қурбониёни шиканҷа - “Бе ҷуброн адолати судӣ вуҷуд надорад: қарорҳои судии боадолат - роҳ ба дунёи бидуни шиканҷа” рӯйи кор омад, ки аз ҷониби коршиноси байналмилалӣ Елена Волочай омода гардида, уҳдадориҳои байналмилалии ҳуқуқии давлатҳо ва қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои ҷуброни зарар, ҳолатҳои равонии оқибатҳои шиканҷа барои қурбониён, инчунин шарҳи таҷрибаи мақомоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсонро дар бар мегирад.

Видеоконфронси “ИА - Осиёи Марказӣ дар бораи оқибатҳои пандемияи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ”. 14-уми майи соли 2020 намояндагони ФҶ “Нотабене” дар Видеоконфронси “ИА - Осиёи Марказӣ дар бораи оқибатҳои пандемияи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ” иштирок карданд. Дар ҷараёни конфронс намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳолатҳоеро, ки бо онҳо дар робита бо пандемияи коронавирус дучор шудаанд, аз ҷумла масоили дастрасӣ ба иттилоот, озодии сухан, дастрасӣ ба ҳифзи тандурустӣ, вазъият дар муассисаҳои пенитенсиарӣ, инчунин масъалаҳои таъмини дастрасӣ ба таҳсил дар шароити пандемияро баррасӣ намуданд.

Форуми Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ. 8-уми сентябри соли 2020 намояндаи ФҶ «Нотабене» дар таҳияи барномаи Форуми Иттиҳоди Аврупо иштирок кард. Бо дарназардошти кризиси идомадошта марбут ба пандемияи COVID-19, тасмим гирифта шуд, то таваҷҷуҳи бештар ба таъсири пандемия ба самтҳои гуногуни рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, устувории зиндагиву беҳбудии ҷомеа ва ҳамкории минтақавӣ равона гардад, аз ҷумла бо роҳи табодули намунаҳои мусбати саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кам кардани таъсири кризис. Дар рафти баррасӣ қарор дода шуд, ки ба гуруҳҳои зиёдтар осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занону кӯдакон ва ҷавонон; масоили кам кардани таъсири ивазшавии иқлим/мутобиқшавӣ ба он дар асоси рушди устувор, бо шумули идораи самараноки захираҳои табиӣ; ташкили ҷойҳои корӣ, таҳсил, гузаштан ба технологияи рақамӣ ва масъалаҳои бехатарии марбут ба ҳолатҳое чун ифротгароӣ, экстремизм ва терроризми зӯроварона таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

27-уми октябри соли 2020 дар арафаи вохӯрии 16-уми вазирони ИА - Осиёи Марказӣ Форуми дуюми ИА - Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар робита бо ҳолати эпидемиологӣ дар ҷаҳон, тариқи онлайнӣ гузашт. Чорабинӣ ҳудуди 100 намояндаи ҷомеаи шаҳрвандии давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро гирди ҳам овард. Дар рафти вохӯрӣ масоили таъсири кризиси марбут ба пандемияи COVID-19 ба самтҳои гуногуни фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаштан ба технологияи рақамӣ, дастрасӣ ба тандурустиву таҳсил, инчунин нақш ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо паҳншавӣ, инчунин кам кардани таъсири манфии пандемия баррасӣ гардиданд.

Муколама оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Аврупо - Тоҷикистон. Ҳамасола дар арафаи муколамаи расмӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ҳайати Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрӣ мегузаронад. Вохӯриҳо барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият фароҳам меоранд, то вазъияти кунунии ҳуқуқи инсонро дар кишвар баррасӣ намоянд. Аммо бо сабаби ҳолати эпидемиологӣ дар кишвар, дар соли 2020 брифинг барои ТҒД манъ карда шуд.

Даври дувоздаҳуми муколамаи ИА - Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон 11-уми ноябри соли 2020 тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар ҷараёни муколама ҷонибҳо масоили вобаста ба ҳуқуқи инсон, ба монанди иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, озодии ассотсиатсияҳо, озодии сухан ва озодии дин ё эътиқод, огоҳсозӣ ва аз байн бурдани шиканҷаву муносибати бераҳмона, ҳуқуқи занон, инчунин таъсири пандемияи COVID-19 ба ҳуқуқҳои шаҳрвандонро баррасӣ намуданд. ИА ба иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи коронавирус баҳои баланд дода, аз мақомоти Тоҷикистон даъват намуд, ки ҳамкориҳояшонро бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳимоятгарони ҳуқуқ тақвият бахшанд.

Кормандони ФҶ «Нотабене» якҷоя бо Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ҳуҷҷати таҳлилиро оид ба вазъи озодии ассотсиатсияҳо, озодии сухан ва ВАО, масоили ғайритабъизӣ, мубориза бо шиканҷа дар кишвар, инчунин вазъияти ҳимоятгарони ҳуқуқ, бо шумули ҳолатҳои алоҳидаи нақзи ҳуқуқи инсон омода намуданд. Дар ҳуҷҷат инчунин тавсияҳои мушаххас барои Ҳукумати Тоҷикистон пешниход гардидаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ба амалисозии лоиҳаи «Мусоидат ба идораи самараноки маҳбусон дар самти содири ҷиноятҳои дорои хислати террористӣ ва экстремистӣ» оғоз намуд. Лоиҳа ба коркарди методология ва пурсишномаҳои системаи тахассусӣ ва баҳогузории хатарҳо миёни маҳбусон; лоиҳаи барномаи маҷмуии офиятбахшӣ, аз ҷумла нақшаи инфиродии офиятбахшии маҳбусон; ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти адлияи назди Вазорати адлияи ҶТ барои таҳлили модулҳои амалкунандаи омӯзишӣ ва барнома барои омӯзиши кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Лоиҳа аз ҷониби гуруҳи коршиносӣ-корӣ аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони милливу байналмилалӣ, инчунин кормандони мақомоти марбутаи давлатӣ бо иштироки бевоситаи СРИҶҶ ВА ҶТ амалӣ карда мешавад.

Фаъолият барои бурдбориву бехатарии аъзои Эътилоф. Эътилоф ба масъалаи бурдбориву бехатарии аъзои худ аҳамияти бештар медиҳад. Дар ин робита қарор дар бораи пешниҳоди хизматрасонии равоншинос ба аъзо ва шарикони Эътилоф дар доираи маблағгузории Фонди Зигрид Раузинг Траст қабул карда шуд.

Дар доираи мубориза бо паҳншавии пандемияи COVID-19 ва таъмини бехатарии аъзои худ, аз ҷониби Эътилоф аз ҳисоби воситаҳои Фонди Зигрид Раузинг Траст воситаҳои ҳимояи шахсӣ (ниқобҳои тиббӣ, антисептикҳо, дастпӯшакҳо) харидорӣ ва ба ташкилотҳои узви Эътилофу шарикони инфиродӣ тақсим карда шуд. Инчунин, барои аъзои Эътилоф ва аъзои оилаҳои онҳо баҳри ташхис ва гирифтани доруворӣ дар сурати сироятёбӣ аз COVID - 19 кумаки молиявӣ ҷудо карда мешавад.

Боло бурдани касбияти аъзои Эътилоф. 20-уми октябри соли 2020 барои кормандони ташкилоти «Наҷоти кӯдакон» оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа, ҳуҷҷатгузории муроҷиатҳо дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ташкили кор оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо тренинг гузаронида шуд. Дар ҷараёни тренинг гуруҳҳои кории Эътилоф, аз ҷумла Гуруҳи расонаӣ ва Гуруҳи кумаки ҳуқуқӣ бо рӯнамоиҳояшон дар бораи фаъолиятҳои худ баромад намуданд. Трениг бо мақсади фаъолсозии кори Эътилоф дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар самти ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа ва маълумотноксозии аҳолӣ оид ба фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа ва фаъолияти Эътилоф гузаронида шуд.

Фаъолият дар доираи комиссия оид ба фонди Зигрид. Дар соли 2020 лоиҳаи «Дастгирии фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа», ки аз ҷониби Фонди Зигрид Раузинг Траст маблағгузорӣ мешавад, ба «Маркази ҳуқуқи инсон», ки айни замон ташкилоти ҳамоҳангсози Эътилоф маҳсуб меёбад, супорида шуд. Дастгирии ташкилотҳои узви Эътилоф дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Комиссияи махсус таъсисдода дар ҳайати 5 нафар амалӣ карда мешавад.

NoTorture.Tj