Мониторинг: ба манъи зӯроварӣ нисбати кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир мегардад

Мониторинг[1]: ба манъи зӯроварӣ нисбати кӯдакон таваҷҷуҳ зоҳир мегардад

Бояд қайд кард, ки мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст. Мақсади он дар асоси стандартҳои байналмилалии ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа равона кардани талошҳо ба амалисозии қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ ва озодӣ аз шиканҷа аст.

Мувофиқи нишондоди гузориши ин мониторинг, дар мавриди зербанди 1 ва 2, банди 18-и нақша, ки масъалаҳои такмил додани қонунгузорӣ вобаста ба манъи бевоситаи истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ташкил ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар муассисаҳои нигоҳдории кӯдаконро дар бар мегирад, Прокуратураи генералӣ иттилоъ додааст, ки дар ин самт таҳияи лоиҳаҳо ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доранд.

- Қайд кардан бамаврид аст, ки таъмини иҷрои меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳти назорати ҳамарӯза қарор дода шуда, мақомоти прокуратура дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳияшуда корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, дар давраи таҳлилӣ вобаста ба шарҳу фаҳмонида додани мазмуну муҳтавои қонуни мазкур, нақши он дар таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгорон ва дигар ташкилоту муассисаҳои масъул мунтазам вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма намоишу суҳбатҳо амалӣ карда шудаанд. Новобаста аз ин, доир ба иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон аз ҷониби падару модар ва омӯзгорон дар давоми соли 2019 дар 11 ҳолат ва дар соли 2020 дар 12 ҳолат бо моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд,- зикр гардидааст дар гузориш.

Мониторинги рафти иҷрои «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷроииши тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022» дар фосилаи солҳои 2019-2020 аз ҷониби Дастгоҳи ичроияи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эътилофи чомеаъи шаҳрвандӣ зидди шиқанҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон омода карда шудааст.

Вазъиятро чӣ гуна беҳтар кардан мумкин аст? Тавсия яктост - ХОМӮШ НАБУДАН!

Қурбониён ва хешовандони онҳо - бо зӯроварӣ ва муносибати ғайриинсонӣ созиш накунанд, чунин ҳолатҳоро оммавӣ гардонанд, шаъну шарафи худро ҳимоя намоянд.

Рӯзноманигорон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ (ҶШ) - ба ҷабрдидагон кумаки касбӣ расонанд, дар бораи мушкилот гӯянд.

Давлат - манъи куллии шиканҷа ва уҳдадории назорат бо тартиби судиву ҷазо додани гунаҳкорон.

Матлаб бо дастгирии молиявии OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон омода шудааст.

Андешаҳое, ки дар матлаб инъикос ёфтаанд, ба ҳеҷ сурат наметавонанд ифодагари нуқтаи назари OSIAF HRI, Фонди Зигрид Раузинг ва Фонди Ҳелсинкӣ бошанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз тамоми иттилоот ва иқдомҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

 

 Аз истифода бурдани хэштегҳои зерин фаромуш насозед:

#МанTарафдориAзБайнБурданиШиканҷаҲастам! 

#ЯзаИскоренениеПыток! 

#IamForTheEliminationofTorture!

 

 

[1] Дар доираи иқдоми «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» бахшида ба Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа

NoTorture.Tj