Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Парванда оид ба латукўби бераҳмонаи эҳтимолии ҷавоне дар шуъбаи милисаи Ваҳдат, ки ўро ба марг расонд, миёни ҷомеа сарусадои зиёд ба бор овард. Дар бораи ин ҳодиса ҳам расонаҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ навиштанд ва Умар Бобоҷонови 23-соларо қурбонии маъракаи пўшида муқобили ришдорҳо хонданд. Аммо аллакай зиеда аз як сол гузашту гунаҳгорони ин воқеаи фоҷиавӣ ҳанўз ҳам муайян нашудаанд.
Маҳмадсаид Бобоҷонови 66-сола, падари Умар моро дар ҳуҷраи хоксоронаи «чорошёна»-и оддӣ дар Ваҳдат пешвоз гирифт. Суҳбат бо волидоне, ки фарзанди худро аз даст додаанд, ҳамеша душвор аст… Дар ин ҳолат бошад, боз мушкилтар. Акаи Маҳмадсаид чанд акси писарашро, ки рўзҳои охири умраш дар беморхона гирифта шудаанд, ба мо дароз карда, сукутро шикаст: «Ана, бубинед, дар ин акс дар рўйи Умар изи таги пойафзол бараъло намоён аст. Ўро дар шуъбаи милиса бераҳмона латукўб кардаанд. Барои он, ки риш мондааст, бо пой задаанд. Ҷоғи чап ва ду қабурғаашро шикастаанд. Тамоми рўяш пур аз ҷароҳатҳои хунбаста буд. Душмани халқро ҳамин тавр намекушанд!».
Умар Бобоҷонов ба Санкт-Петербург ба муҳоҷирати корӣ рафт, онҷо ҳам кор мекард ва ҳам дар бахши ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии яке аз донишгоҳҳо таҳсил дошт. Се сол дар ватан набуд. Тобистони соли гузашта қарор дод, ки барои хабаргирии наздиконаш ояд. Падари ў нақл кард, ки ҷавон дар хона ҳам бекор наменишаст. Дар ҳотакорӣ кўмак мерасонд, ба корҳои хоҷагидорӣ машғул мешуд ва вақтҳои холӣ бо ҳамсинфонаш вомехўрд. Ва дар он рўзи фоҷианок, 29-уми август, ў бо дўстонаш вохўрд, вақте ки аз муқобил якчанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баромаданд. Онҳо аз барои ришаш ба ў хўрдагирӣ кардан гирифтанд, таҳдид намуданд, фармуданд ба мошинашон биншинад, то ба шуъба бубарандаш. Умар, тибқи гуфтаи дўстони ҳамроҳаш, фаҳмонидан хост, ки онҳо ба ин ягон хел ҳуқуқ надоранд, чун ў амали ғайриқонуние содир накардааст. Ў аз ҷиҳати ҳуқуқӣ маълумотнок буд, зеро, ҳарчӣ набошад, ҳуқуқшиносӣ хонда буд. Таври маълум, ба гуфтае, вақте ў таъмини ҳуқуқҳояшро талаб кард, ба кормандони милиса хуш наомад.
Ба акаи Маҳмадсаид ҳоло ҳам душвор аст ба ёд овардани он рўз, ки барои писари ў наҳс буд. 29-уми август Умарро аз шуъбаи милиса ба бахши эҳёгарии беморхонаи маҳаллӣ оварданд. Наздикон ба сиҳат шуданаш умед бастанд. Вале ҷароҳатҳо чунон ҷиддӣ буданд, ки ҷавон ҳатто ба ҳуш наомада, 4-уми сентябр аз олам чашм пўшид. Барои наздикони ў иқрор кардан, ки то ҳол касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст, вазнину сангин аст.
- Зуд фарзияи расмӣ «бофта» шуд, ки гўё писари ман маст буд, дар шаҳр арбадаҷўӣ кард ва гўё вақте ўро боздоштанду хостанд ба мошини милисагӣ шинонанд, афтод ва сараш ба канораи роҳ бархўрд, ки дар натиҷа ўро ба марг расонид. Аммо ин тавр нест!,- мегўяд падари Умар.
Ба гуфтаи ў, одамони гирду атроф ҳама медонанд, ки Умар ҳеҷ гоҳ наменўшид, авбошӣ намекард, ягон вақт бо қонун бархўрду мушкил надошт.
- Ба ин ташхис, ки алкоголро дар хуни писари ман маълум кардааст, бовар надорам. Дилхоҳ ташхисро кардан мумкин аст, ҳоло ҳамин хел замона аст. Пас барои чӣ дар хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дода нашудааст, ки ҷоғи чап ва қабурғаҳояш шикаста буданд? Агар ягон деҳқон гунаҳгор мебуд, ҳамон лаҳза ўро боздошт карда, барвақт ба муҳлати дароз ҳукм медоданд,- афзуд ў.
Ба ин парванда адвокатҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ бар зидди шиканҷа низ ҷалб гардиданд. Яке аз онҳо, Худойдод Ёрматов гуфт, ки аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ваҳдат 1-уми сентябри соли 2015 бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз беэҳтиётӣ) парвандаи ҷиноятӣ кушода ва тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд.
«Яъне, парвандаи ҷиноятӣ рўзи сеюми баъди рух додани ҳодиса боз карда шуд. Амалҳои тафтишотӣ ҳамоно баъди боз гардидани парвандае, ки ман дар он ҳамчун намояндаи ҷабрдида Бобоҷонов иштирок мекунам, оғоз шуданд,- мегўяд Ёрматов.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги Умар Бобоҷонов ҷароҳати пўшидаи мағзи сар бо хунрезӣ дар мавзеи бофтаҳои нарм ва қисми болоии мағзи сар мебошад.
Баъдтар, 5-уми сентябр, дар робита ба марг парванда ба қисми 3-и моддаи 110-и КҶ ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки сабаби марг гардидааст) иваз карда шуд.
Ҳоло дар ин парванда нишондодҳои шоҳидии дўсти Умар - С. З., ки рўзи 29-уми август ҳамроҳ бо ў ба шуъбаи милиса бурда шуда буд, инчунин дигар шоҳидон аҳамияти калон доранд.
«Ҳангоми ташхиси тиббии нахустини шоҳид С. З. шикастани қабурғаҳо дарёфт нашуд. Вале ў аз дарди паҳлу шикоят мекарду дар як ҳолат дурудароз нишаста наметавонист ва ин ҳатто ҳангоми пурсишҳо аён буд. Баъдан қарор дода шуд, ки санҷиш гузарад ва маълум гардид, ки шикастаҳои пўшидаи қабурғаҳо вуҷуд доранд. Дар идома ташхиси судӣ-тиббӣ гузаронида шуд ва зарари ба саломатии шоҳид расида зарари миёна маънидод гардид. Мутаассифона, тафтишот ҳоло ҳам шоҳид С. З.-ро ҷабрдида эътироф намекунад. Дар ин масъала ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурда шудааст ва умедвори натиҷаи мусбат ҳастем»,- зикр намуд вакили мудофеъ.
Худойдод Ёрматов мегўяд, ки аз оғози таҳқиқ зиеда аз як сол гузашт, аммо тафтишот гунаҳгоронро то ҳол маълум накардааст. «Ҳанўз дар фасли баҳор барои муайян кардани нафарони эҳтимолии алоқаманд ба латукўби Умар Бобоҷонов амалиёти тафтишотӣ гузаронида шуд. Айни замон шоҳидон се корманди ШВКД Ваҳдатро муайян кардаанд. Яке аз онҳо, корманди шуъбаи мубориза бо гардиши маводи мухаддир, ба ВАО назар додааст, ки гўё Умар ҳангоми боздошт шуданаш пуштнокӣ афтода, ба канора (бордюр)-и бетонӣ бархўрдааст. Аммо ин фарзияро ҷароҳатҳое, ки инчунин дар қисми пеши сар ва бадан маълум карда шудаанд, рад менамоянд. Корҳои тафтишотӣ идома доранд»,- гуфт ў.
- Чизе, ки ба худи тафтиши парванда марбут аст,- мегўяд вакили мудофеъ,- ин аст, ки дар баъзе ҳолатҳо на он қадар самаранок мегузарад. «Пеш аз ҳама, гап сари ин аст, ки бо маводҳои парвандаи ҷиноятӣ, ки қонунгузорӣ ҳуқуқи шинос шудан бо онҳоро додааст, танҳо баъди шикоят бурдан ба Прокуратураи генералӣ шинос шудем»,- мегўяд Ёрматов.
Вакилони мудофеъ ба президенти кишвар ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат кардаанд ва умедворанд, ки онҳо метавонанд ба рафти тафтишот ва ҷазои одилона гирифтани нафарони гунаҳгор ягон навъ таъсир расонанд.
Дар натиҷа, тафтишоти парванда зиёда аз шаш моҳ тӯл кашида, бинобар муайян накардани шахси ба ҷавобгарии кашидан ба сифати айбдоршаванда боздошта шуда, худи Умар ба сифати ҷабрдида дар доираи парвандаи ҷиноятӣ, эътироф нашудааст.