Прокуратура: «Воксинзанӣ миёни маҳбусон аз рӯйи нақша пеш меравад»

«Воксинзанӣ аз COVID-19 миёни маҳбусони Тоҷикистон мувофиқи нақшаи тасдиқгардида гузаронида мешавад ва дар ин маврид ягон мушкилӣ нест»,- зикр намуд дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ намояндаи прокуратураи махсус оид ба риояи қонуният дар муассисаҳои пӯшида.

Дар ин маврид ӯ тафсилот надод, ки кадом намуди воксин барои маҳбусон пешбинӣ шудааст, чӣ миқдор маҳбусон аллакай воксинзанӣ гузаштаанд, чӣ теъдод одамон миёни ин табақаи аҳолӣ аз коронавируси навъи нав сироят ёфта ва чанд нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

«Тавре маълум аст, воксинзанӣ ҳимояи шахсии нафари эмгузаронишударо таъмин менамояд, сар задани беморӣ, давомнокии вазнин ва натиҷаи нохуши онро пешгирӣ мекунад. Дар муассисаҳои пӯшида қисми бештар зичи аҳолӣ, маҳбусон ба гуруҳи осебпазир дохил мешаванд ва барои ҳамин, яке аз аввалинҳо шуда инҷо маъракаи эмгузаронӣ оғоз гардидааст»,- гуфт манбаъ.

Моҳи июни соли гузашта дар давраи авҷи пандемия дар кишвар рӯзноманигорон бо истинод ба манбаъҳои худ хабар доданд, ки дар муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон аз COVID-19 ҳадди ақал 10 маҳбус ва чанд нозир фавтидаанд. Аммо он замон СРИҶҶ Вазорати адлияи Тоҷикистон ин маълумотро рад карда, эълон доштанд, ки ҳамаи онҳо қурбонии «пневмония» гаштаанд.

Тибқи баъзе маълумотҳо, дар маҳбасҳои кишвар зиёда аз 10 ҳазор нафар маҳбусон нигаҳдорӣ мешаванд.

NoTorture.Tj