Наврӯз Ҷаъфаров: хатари эпидемия паст карда шуд

Дар рафти як вебинари онлайнӣ барои рӯзноманигорон таҳти унвони «Воксингирӣ аз COVID-19», ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо дастгирии техникӣ ва иштироки намояндагони ЮНИСЕФ ва СҶТ дар майдони Zoom доир гардид, ҳудуди 20 нафар рӯзнамонигорон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба суолҳои худ посух гирифтанд.

Дар вебинари онлайнӣ намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров, намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Эллина Ким, мушовири СҶТ Олга Ижик ва мушовир оид ба робитаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Рустам Гулов ба ҳайси сухангӯ баромад карданд.

Баромадкунандагон ба иштирокдорони вебинар дар бораи дуруст, ҳамаҷониба ва воқеъбинона иттилоъ расонидан ба шаҳрвандони Тоҷикистон оид ба воксингирӣ маълумот доданд.

Хусусан, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Наврӯз Ҷаъфаров ба суолҳои бешумори рӯзноманигорон посухҳои қонеъкунанда дод.

«Тоҷикистон роҳи воксинзании одамони аз синни 18-сола болоро интихоб кардааст, ки ин дуруст аст, зеро ҳама чиз аз дастрасӣ вобаста аст. Барои ҳамин, СҶТ дар бораи фаррохии гуруҳҳо оид ба воксинзанӣ аз нигоҳи дастрасӣ сухан мегӯяд. Зеро агар воксин дастнорас ва ё теъдоди он кам бошад, метавон танҳо гуруҳи муайяни одамонеро интихоб намуд, ки ба гуруҳи осебпазир шомиланд»,- гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Номбурда дар мавриди маҳбусон зикр намуд, ки «тавре медонем, дастрасӣ ба ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мураккаб аст, чун онҳо аз муҳити беруна ҷудо қарор доранд. Кормандони чунин муассисаҳо, нозирон низ дар давраи «КОВИД-19» дар низоми доимӣ қарор доштанд, яъне робита бо муҳити беруна маҳдуд буд. Барои ҳамин, мушкилот дар маҳбасҳо чун дар хонаҳои пиронсолон ва хона-интернатҳо вуҷуд дошт. Ба шарофати мутахассисон, чораҳои андешидашудва ва назари эпидемиологҳо дар мавриди канорагирӣ аз эпидемия дар чунин ҷойҳо ин хатар паст карда шуд».

NoTorture.Tj