Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
23-юми феврали соли 2022 ба адвокат муяссар гардид, то бо Аловатшоев Амриддин, ки дар СИЗО-1-и СРИҶҶ ВА ҶТ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намояд.
Нисбати Аловатшоев А. Б. тибқи қисми 3, банди «а»-и моддаи 181 (гаравгонгирӣ) ва қисми 3, банди «а»-и моддаи 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё динӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешавад.
Ҳангоми мулоқот бо адвокат Аловатшоев А. тасдиқ кардааст, ки нисбати ӯ шиканҷа ва муносибати бераҳмона истифода нашудааст. Дар лаҳзаи мулоқот бо адвокат дар дасту бадани ӯ ягон нишонаи фишори ҷисмонӣ ба мушоҳида нарасидааст.
Манфиатҳои А. Аловатшоевро ду адвокат ҳимоя хоҳанд кард. Пас аз омӯхтани тамоми маводи парвандаи ҷиноятӣ стратегияи ҳимоя таҳия карда мешавад. Ҳамчунин, адвокатҳо масоили эҳтимоли истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро аз лаҳзаи боздошти Аловатшоев А. то замони мулоқоташ бо адвокат дақиқ меомӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки Аловатшоев Амриддин дар қаламрави Федератсияи Русия боздошт шуда, тахминан 12-уми январи соли 2022 иҷборан ба Тоҷикистон баргардонида шуда буд.
2-юми феврали соли 2022 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон расман тасдиқ кард, ки Аловатшоев А. Б. бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар робита ба оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ аз Русия истирдод шудааст. Худи ҳамон рӯз зимни нишасти матбуотӣ Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҶТ изҳор дошт, ки нисбати Аловатшоев А. Б. аз рӯи далели гаравгонгирӣ ва як қатор ҷиноятҳои дигар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.