Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
“Шиканҷа ҷинояти вазнин аст”,- зикр намуд муовини аввали раиси Суди Олии ҶТ Шавкат Лутфуллозода рӯзи 25-уми октябр зимни суханронӣ дар конфронси “Мубориза бо шиканҷа: таҷриба ва дастовардҳо”.
Ба гуфтаи ӯ, дар моддаи 5-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар омадааст, ки “ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа ё муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо қарор гирад”. Дар Конвенсияи зидди шиканҷаи СММ омадааст, ки “ҳеҷ як ҳолати истисноӣ наметавонад барои сафед кардани шиканҷа хизмат намояд”. Тоҷикистон 21-уми июли соли 1994 ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва ҷазо ҳамроҳ гардида, ин санад барои ҶТ 10-уми феврали соли 1995 эътибор пайдо кард. Бо пайвастан ба Конвенсияи мазкур, мақомоти Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки ҳар як шахси дар доираи салоҳияташон қарордоштаро аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона муҳофизат ва дар заминаи қонунгузорӣ инъикос намоянду риояи принсипҳои дар Конвенсия зикршударо дар амал таъмин созанд ва ба Кумитаи зидди шиканҷа барои амалӣ кардани тавсияҳояш кумак расонанд.
Дар идома Лутфуллозода гуфт, ки соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии ҶТ моддаи нави «Шиканҷа» ворид гардида, соли 2020 ҷавобгарӣ барои шиканҷа пурзӯр карда шуд. Ба Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва тибқи моддаи 88-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, далелҳое, ки дар натиҷаи шиканҷа (ё муносибати бераҳмонаву пастзанандаи шаъну шараф) ба даст оварда мешаванд, қобили қабул дониста намешаванд. Қонун «Дар бораи тартиб ва шартҳои дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда» ба тасвиб расид, аз ҷониби Суди Олӣ Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи татбиқи меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавӣ-ҷиноятӣ барои мубориза бо шиканҷа» қабул карда шуд. Тоҷикистон аксари тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ-ро, ки ба чаҳорчӯбаи тартиботи ШУД шомил шудаанд, қабул кард.
Тибқи иттилои Суди Олӣ, дар соли 2018 судҳо 1 парвандаи ҷиноятиро тибқи моддаи “Шиканҷа” нисбати 2 нафар, дар соли 2019 ду парвандаи ҷиноятиро нисбати 4 нафар баррасӣ кардаанд. Дар соли 2020 ягон парвандаи ҷиноятӣ набуда, дар соли 2021-ум 1 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 3 нафар баррасӣ гардидааст.
Конфронс аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии ҶТ бо мусоидати Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе, Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон ва Фонди Зигрид Раузинг ташкил карда шуд.
Ҳадафи асосии конфронс баррасии масъалаҳои мубрам дар самти мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон буд.
Дар конфронс коршиносони байналмилалӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, прокуратураҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.