Барои беҳбудии вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро бояд анҷом дод

Чаро Рӯзи ҳуқуқи инсон муҳим аст?

То имрӯз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки дар матни Эъломия инъикос ёфтаанд, дар он чун риштаи сурх мегузарад ва бетағйир боқӣ мондааст, инро ҳомиёни ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар самтҳои гуногун ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсонро дар Тоҷикистонр тарғиб ва ҳимоя мекунанд низ мегӯянд. Инак назари онҳоро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон пешкаши шумо менамоем...

Раҳимова Хуршеда, директори ТҶ "Ибтидо": “Дар Рӯзи ҳуқуқи инсон мехоҳам оиди фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони шаҳрвандӣ ва ихтиёриён ҳарф занам, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо поймолшавии ҳуқуқҳои гуногуни шаҳрвандон дучор шуда, ин масъалаҳоро ба миён мегузоранд. Ба ибораи дигар, онҳо оиди он мушкилоте сухан меронанд, ки дигарон аз баён намудани он метарсанд. Ҳамасола муроҷиатҳо камтар шуда истодаанд, аммо барои беҳбудии вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон корҳои зиёдеро бояд анҷом дод”.

Рақамҳои телефони боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон:

Вилояти Суғд: 98 787 33 33

Вилояти Хатлон ва ВМКБ: 98 787 66 66

Шаҳри Душанбе ва ШНТҶ: 98 708 76 76

Почтаи электронӣ: Notorturetjk@gmail.com

Сомона: www.notorturetj.org

Оид ба масъалаҳои поймолшавии ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон тариқи телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 933331803 муроҷиат намоед. Телефонҳо инчунин берун аз соатҳои корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид дастрасанд.

NoTorture.Tj