Эътилоф маъракаи 30-рӯзаи "Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон

Эътилоф маъракаи 30-рӯзаи "Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!"-ро гузаронид, ки ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон бахшида шуда, ҳар сол санаи 10 декабр қайд карда мешавад.

Ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Турсунзода, Истаравшан, Ҷ. Расулови Тоҷикистон ​​машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд.

Санаи 10 ноябри соли 2022 дар дар шаҳри Душанбе ва 30 ноябри соли 2022 дар шаҳри Турсунзода масъалаҳои ҳуқуқӣ машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ баргузор гардиданд. https://notorturetj.org/news/yuristy-koalicii-protiv-pytok-predostavili-besplatnye-pravovye-konsultacii-v-dushanbe Шаҳрвандон ба ҳуқуқшиносон саволҳое медоданд, ки бо қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ алоқаманданд, ба куҷо ҳангоми боздошт ва татбиқи зӯроварии ҷисмонӣ бояд муроҷиат намуд, инчунин оид ба масъалаҳои манзил, оила, баҳсҳои меҳнатӣ ва масъалаҳои алоқаманд бо даъвоҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи шаъну шараф ва обрӯву нуфузи корӣ саволҳо дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Душанбе ба 31 шаҳрванд кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд, ки аз онҳо 19 нафар зан ва 12 нафар мард мебошанд.

Санаи 14 ноябр машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар наздикии майдони марказии ба номи И. Сомонӣ баргузор гардид. https://notorturetj.org/news/yuristy-koalicii-protiv-pytok-besplatno-konsultirovali-zhiteley-bohtara Шаҳрвандон асосан ба масъалаҳои алоқаманд ба баҳсҳои манзилӣ ва оилавӣ, инчунин, ба масъалаҳои баҳсҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои моликият ба манзил ҳангоми вайронкунӣ ва пешниҳоди ҷуброн, дар бораи тартиби таъмини ҳимоятгар ҳангоми боздошт ва татбиқи зӯроварии ҷисмонӣ дар оила таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Бохтар ба 23 шаҳрванд кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ расонида шуд, ки аз онҳо 17 нафар зан ва 6 нафар мард мебошанд.

Санаи 18 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ва санаи 21 ноябр дар шаҳри Истаравшан, ташкилоти ҷамъиятии "Начало", ки ба Эътилофи ҷомеаи шаҳвандӣ зиддӣ шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дохил мешавад, ду машварати ҳуқуқии сайёр баргузор намуд.

Санаи 18 ноябр, дар ҷамоати Ғӯлакандоз (Ҷаббор Расулов)  ба аҳолии маҳаллӣ кӯмаки ҳуқуқӣ расонида шуд. Дар маҷмӯъ, асосан оид ба масъалаҳои зерин 14 машварат пешниҳод карда шуд: 3 машварат оид ба масъалаи оилавӣ (зиёдкунии алимент, тақсимкунии молу мулк, ҷудошавӣ); 3 машварат оид ба масъалаи замин; 5 машварат оид ба масъалаи ҳуқуқҳои соҳибкорон, санҷишҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ; 2 машварат оид ба масъалаи масъулияти падару модар барои тарбияи фарзандон (истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо).

Санаи 21 ноябр зиёда аз 24 нафар тавонистанд дар шаҳри Истаравшан машварати ройгони ҳуқуқӣ гиранд. Дар маҷмӯъ 24 машварат гузаронида шуд - 11 машварати алоқаманд бо муаммоҳои оилавӣ; 8 машварати алоқаманд бо масъалаи замин; 5 машварати алоқаманд бо масъалаи парвандаҳои ҷиноятӣ. https://notorturetj.org/news/zhiteli-istaravshana-i-dzhabor-rasulovskogo-rayona-poluchili-besplatnuyu-pravovuyu-pomoshch

Ҳамаи шахсони муроҷиаткарда машварати ройгони ҳуқуқии тахассусӣ гирифтанд, инчунин, рақамҳои тамосии адвокатҳо ва ташкилотҳо дода шуданд, то ки дар оянда онҳо тавонанд барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат кунанд.

Дар охири пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони муроҷиаткарда дар бораи маҳалли ҷойгиршавии идораҳои ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ - аъзоёни Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ташкилотҳои ҳуқуқшиносон дар ҳудуди шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод карда шуд.

 

Пахши радио: 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!

Санаи 15 ноябри соли 2022 аз соати 13:00 то 14:00 дар радиои Asia-Plus дар доираи маъракаи 30-рӯзаи «Озодӣ аз шиканҷа- ҳуқуқи мукаммали инсон. 10 сол - барои озодӣ аз шиканҷа!" пахши мустақими радио гузаронида шуд, ки ба Рӯзи умимиҷаҳонии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст ва ҳар сол санаи 10 декабр ҷашн гирифта мешавад. Маълумот дар ин бора пешакӣ дар сомонаи Эътилоф ва радиостансияи агентии иттилоотӣ ҷойгир шуда буд, то ки шунавандагони радио тавонанд саволҳои худро диҳанд: https://notorturetj.org/news/yuristy-koalicii-protiv-pytok-rasskazhut-v-efire-radio-aziya-plyus-o-situacii-v-sfere-svobody Ба сифати коршинос Шоира Давлатова - роҳбари ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон", ки аъзои Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, баромад намуд. Мақсади чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. https://notorturetj.org/news/pryamoy-radioefir-svoboda-ot-pytok-absolyutnoe-pravo-cheloveka Коршинос дар бораи он маълумот пешниҳод кард, ки соли 2012 моддаи "Шиканҷа" (модддаи 143 эзоҳи 1) ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд, чӣ гуна вазъият дар самти озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар 10 соли охир дигаргун шуд ва инчунин, ба саволҳои шунавандагони радио ҷавоб дод.

Санаи 22 ноябри соли 2022, аз соати 18:00 то 19:00 дар пахши мустақими радиои Asia-Plus барномаи радиоӣ баргузор гардид, ки меҳмонони студия ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон: Азиз Бобоев ва Абдурахмон Шарипов буданд. Соли 2012 моддаи «Шиканҷа» ба Кодекси ҷиноятии ҶТ дохил карда шуд. Вобаста ба ин, чӣ тавр вазъи озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар 10 соли охир тағйир ёфт? Коршиносон дар ин ҷода маълумот доданд ва инчунин, ба саволҳои шунавандагони радио посух доданд. Мақсад аз гузаронидани чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Чорабинӣ ба муттаҳид намудани талошҳо ва талаботҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ташаккули сиёсати "таҳаммулпазирии сифрӣ" ба шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути ВАО мусоидат хоҳад кард. https://notorturetj.org/news/radioefir-10-let-za-svobodu-ot-pytok

Дар охири пахши радио, аз ҷониби ҳуқуқшинос маълумоти тамосии ташкилотҳо-аъзоёни Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки шаҳрвандон метавонанд ба он барои гирифтани ёрии ҳуқуқӣ дар ҳолати дучори шиканҷа ва/ё муносибати бераҳмона шудан муроҷиат кунанд.

Телефони хати боварии Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ:

987873333 дар вилояти Суғд
987876666 дар вилояти Хатлон
987087676 дар ш. Душанбе ва НТҶ

Почтаи электронӣNotorturetjk@gmail.com

Бо ду иди муҳими декабр - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ва фарорасии соли 2023 табрик менамоем!

 Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шарикони худ аз шумораи мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳо, инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО бахшида ба ду иди муҳими декабр мактубҳои табрикотӣ ирсол намуд - Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон ва фарорасии соли 2023 муборак бод!

 Якҷоя бо мактубҳои табрикотӣ руқъаи (открытка) табрикотии мавзӯъӣ ва тақвими мавзӯӣ оид ба ҳуқуқи инсон ирсол карда шуданд Дар ҳар як саҳифаи тақвим дар бораи озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ шиканҷа чист, барои содир намудани ин амали ҷинояткорона чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст ва ғайра), инчунин, рақамҳои телефонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва "хати боварӣ"-и Эътилоф зидди шиканҷа маълумот оварда шудааст, ки тавассути он метавон дар бораи ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона хабар дод. Тақвимҳо бо дастгирии молиявии Дафтари Барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе омода карда шудаанд.

Дар мактубҳои табрикотӣ қайд карда шудааст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон бо пешниҳоди Ассамблеяи Генералии СММ ҳар сол санаи 10 декабр оғоз аз соли 1950 қайд карда мешавад. Дар ин рӯз, соли 1948 Ассамблеяи Генералӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст.

Имрӯз ҳуҷҷати мазкурро кодекси асосӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодӣ меноманд ва дар давлатҳои гуногун чорабиниҳои калон гузаронида мешаванд, ки барои ба одамон хотиррасон намудани зарурати муносибати эҳтиромона байни ҳамдигар, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон даъват шудаанд.

Дар ин рӯз бояд кӯшишҳои якҷоя барои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва пешгирии вайронкунии онҳо, мусоидат ба тантанаи озодӣ, ташаккул ва тарбияи маданияти ҳуқуқи инсон дар наслҳои оянда идома дода шаванд. Дар ин кор якҷоя кардани кӯшишҳои давлат ва тамоми ҷомеа шаҳрвандӣ зарур аст.

Бигзор ин ид рамзи сулҳ ва созиш дар ҷамъиятамон бошад, ки дар асоси принсипҳои демократия сохта шудааст.

Дар соли нави 2023 ба ҳамагон ризоият, некӣ, хушбахтӣ, саломатӣ, беҳбудӣ ва эътимоднокиро дар ҳар рӯзи оянда таманно дорем!

Ҷавонон: "Озодӣ аз шиканҷа - ҳуқуқи мутлақи инсон"

Санаи 19 ноябри соли 2022 дар шаҳри Истаравшан ва санаи 21 ноябри соли 2022 дар Ҷ. Расулов, ТҶ "Начало" дар шарикӣ бо ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дохил мешавад, бо ҷавонон ду вохӯрии иттилоотӣ гузаронид. https://notorturetj.org/news/koaliciya-protiv-pytok-provela-dve-informacionnye-vstrechi-s-molodezhyu-sogda

Мақсади баргузор намудани чорабинӣ аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳуқуқи инсон, таърих ва принсипҳои онҳо; механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон; дар бораи ташкилотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон машғуланд (аз ҷумла, дар бораи Эътилоф зидди шиканҷа), инчунин, ба иштирокчиён талқин кардани арзиши ҳуқуқи инсон, дарки нақши худ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон иборат буд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён филми кӯтоҳ дар бораи таърихи пайдоиши ҳуқуқи инсон, дар бораи таърихи қабули Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар; дар бораи чӣ будани ҳуқуқи инсон, принсипҳои онҳо, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон намоиш дода шуд; викторина ва конкурсҳо гузаронида шуданд. Дар қисми дуюми чорабинӣ бо иштирокчиён викторина гузаронида шуд, ки аз 20 савол оид ба ҳуқуқи инсон иборат буд. Иштирокчиёне, ки натиҷаҳои беҳтаринро ба даст овардаанд, сазовори туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд (колонкаҳо, гӯшмонакҳои бесим, повербанк). Гузаронидани викторина дониши ҷавононро оид ба ҳуқуқи инсон мустаҳкам намуд. Ба иштирокчиёни бештар фаъол (50 нафар) тақвимҳои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Озодӣ аз шиканҷа: тренинг ва викторина дар «Parking»

Санаи 26 ноябр дар маркази таълимию фароғатии “Parking” бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Озодӣ аз шиканҷа – ҳуқуқи мутлақи инсон” тренинг ва бозӣ-викторинаи зеҳнӣ баргузор гардид. Ба сифати модераторҳо аъзоёни Гурӯҳи ташаббускори ҷавон «ҲРУ - Тоҷикистон" (ГТҶ ҲРУ) дар назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки аъзои Эътилоф зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, баромад намуданд. Дар чорабинӣ бист нафар фаъолони шаҳрвандӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои пойтахт, ҳуқуқшиносони ҷавон иштирок доштанд. https://notorturetj.org/news/svobody-ot-pytok-trening-i-viktorina-v-parking

Ба фикри ташкилкунандагон, чорабинӣ бояд таваҷҷӯҳи ҷавононро ба масоили татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, тарбияи онҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва қонунгузории кишвар дар самти озодӣ аз шиканҷа ҷалб намояд. Дар қисми аввали чорабинӣ ҷавони фаъол Далер Хисомов ҳамчун сухангӯ баромад намуд. Дар баромади худ ӯ дар бораи фаъолияти ГТҶ ҲРУ-Тоҷикистон нақл намуд. Тренер дар баромади худ ба иштирокчиён дар бораи аҳамияти Эъломияи ҳуқуқи башар, таърихи қабули он нақл кард. Баъдан ӯ дар бораи мафҳуми “шиканҷа” ва таҷрибаи ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо шиканҷа сухан гуфт. Барои мустаҳкам намудани донишҳои гирифта, бозии интерактивии «Ном ва ассотсиатсия» гузаронида шуд.

Дар қисми дуюми чорабинӣ бозӣ - викторинаи зеҳнии «Мантиқ дар чист?» дар мавзӯи масоили татбиқи шиканҷа ва муносибати бераҳмона гузаронида шуд, ки дар он ҳамчун баранда ҷавони фаъоли дигари ГТҶ ҲРУ-Тоҷикистон Далер Ғайбуллоев баромад намуд.

Ба ғолибони бозӣ-викторина туҳфаҳои арзанда тақдим карда шуданд: гӯшмонакҳои бесими сиёҳи SEVEN E-335B (Bluetooth, TWS) – 1 дона, гӯшмонаки сиёҳ бо микрофон SEVEN E-505B (Bluetooth, TWS) - 2 дона, SEVEN AP -B 650MV гӯшмонакҳои сиёҳи бесими стерео (Bluetooth) - 1 дона ва гӯшмонакҳои Sony WI-C400 - 1 дона.

Information session on combating torture

December 2, 2022, human rights activists as part of the 30-day campaign “Freedom from torture is an absolute human right. 10 years - for freedom from torture!”, held an information session for youth representatives of Dushanbe and the RRP, dedicated to the World Human Rights Day, which is celebrated annually on December 10th. https://notorturetj.org/news/infosessiya-po-protivodeystviyu-pytok-v-parking

The main purpose of the info session was to study the foundations of human rights, freedom from torture, the ability to distinguish elements of torture from other related articles, study the foundations of the UN Convention against Torture and Other Cruel, Inhuman or Degrading Treatment or Punishment, the International Covenant on Civil and Political Rights and procedure for covering the topic of combating torture in the media. Particular emphasis was placed on the 10th anniversary of the inclusion of Article 143 (note 1) in the Criminal Code of Tajikistan.

Инчунин, маводҳои махсус омода карда шуданд:

Борцы за права человека: женщины, оставившие след в декларации прав человека, 01.12.2022

https://notorturetj.org/news/borcy-za-prava-cheloveka-zhenshchiny-ostavivshie-sled-v-deklaracii-prav-cheloveka

ТОП:15 Что означают права и свободы гражданина? 03.12.2022

https://notorturetj.org/news/top15-chto-oznachayut-prava-i-svobody-grazhdanina

Рӯзи ҳуқуқи инсон ва инъикоси мавзуи шиканҷа дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон, 05.12.2022

https://notorturetj.org/tj/news/ruzi-khukuki-inson-va-inikosi-mavzui-shikancha-dar-rasonakhoi-davlatii-tochikiston

Ҳуқуқи инсон: Ду ҳолати намоёни шиканҷа - аз нахустин ҳукми айбдорӣ то қазияи пурсарусадо, 07.12.2022

https://notorturetj.org/tj/news/khukuki-inson-du-kholati-namoyoni-shikancha-az-nahustin-khukmi-aybdori-kaziyai-pursarusado

Таджикистан отмечает Всемирный день прав человека, 08.12.2022

https://notorturetj.org/news/tadzhikistan-otmechaet-vsemirnyy-den-prav-cheloveka

Пытки – «редкое явление» или жертвы боятся преследования? 09.12.2022

https://notorturetj.org/news/pytki-redkoe-yavlenie-ili-zhertvy-boyatsya-presledovaniya

Шумо метавонед маълумоти муфассалро бо санаҳо дар вебсайти мо: https://notorturetj.org/ ва шабакаҳои иҷтимоӣ[1] пайгирӣ кунед, ки бо хэштегҳо ҳамроҳ мешаванд:

#Свобода от пыток - абсолютное право человека!

#Freedom from torture is an absolute human right!
#
Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи мутлақи инсон мебошад!


[1] Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

Чорабинӣ бо дастгирии молиявии Бунёди Сигрид Раусинг имконпазир гардид.

NoTorture.Tj