Гурӯҳи расонаӣ вохӯрии корӣ доир намуд, ки дар он медиа-стратегия таҳия карда шуд

Гурӯҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5-уми апрел вохӯрии корӣ баргузор кард.

Иштирокчиёни вохӯрӣ медиа-стратегияи Эътилоф барои панҷ соли оянда ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаро баррасӣ карданд.

Медиа-стратегия ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва сохторҳои медиавӣ, ки бо масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон сарукор доранд, мусоидат менамояд, то талошҳои худро барои инъикоси ин мавзуъ ҳамоҳанг созанд ва стандартҳои ягонаи фаъолияти иттилоотиро муайян кунанд. Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ва табодули доимии иттилоот имкон медиҳад, ки ба далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона фавран вокуниш нишон дода, такрори амалҳо пешгирӣ карда, маъракаҳои таблиғотии муштараки ВАО ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаронида шавад, ки ин самаранокии мубориза бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро тақвият медиҳад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ моҳи сентябри соли 2011 бо мақсади муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Эътилоф 13 ташкилот, 6 шарики инфиродӣ ва зиёда аз 100 нафар намояндагони ташкилотҳои аъзои Эътилоф, ҳуқуқшиносон, журналистон, равоншиносон, кормандони тиббӣ ва коршиносон оид ба масоили адолати судиро муттаҳид намуда, дар асоси Қоидаҳо ва шартҳои иштирок дар Эътилофу Стратегия фаъолияташро пеш мебарад.

Эътилоф сомонаи худ (www.notorturetj.org)-ро дорад, ки як василаи иттилоотии ҳамаҷониба оид ба масъалаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон ба шумор рафта, метавон дар он матолиби дахлдори ВАО, ҳуҷҷатҳои барномавӣ, натиҷаҳои таҳлилу тадқиқот, мусоҳибаҳо ва дигар маълумоти заруриро пайдо намуд. Ва инчунин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

Барои тамос почтаи электронии notorture.tj@gmail.com ва ё телефонҳои боварии Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ фаъоланд:

987873333 дар вилояти Суғд

987876666 дар вилояти Хатлон

987087676 дар ш. Душанбе ва НТМ

Дар масъалаи нақзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон метавонед бо телефонҳои (+992) 933331703, (+992) 922221803 тамос бигиред.

Телефонҳо инчунин дар рӯзҳои ғайри корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва ид ҳам дастрасанд.

NotortureTj