Дар Душанбе оид ба баррасии механизмҳои ҳимоя аз боздошти худсарона вохӯрии корӣ баргузор мешавад

Рӯзи 31-уми июл дар Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар чаҳорчӯби Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” баргузор мешавад.

Ташкилкунандагони вохӯрӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (КБҶ) дар ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Дафтари минтақавии Осиёи Марказӣ (ДМОМ) ва Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) мебошанд.

Вохӯрии корӣ бо ҷалби коршиносон, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати баррасӣ ва таҳлили вазъи кунунӣ ва мушкилот дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон бо таваҷҷуҳ ба механизмҳои ҳимоя аз боздоштҳои худсарона; баррасии муфассали механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии боздошти худсарона ва муносибати бераҳмона, инчунин самаранокии татбиқи онҳо дар амал; амалияи мақомоти шартномавии СММ дар доираи ПБҲШС: баррасии тартиб ва самаранокии кори мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тавсияҳо баргузор мегардад.

Мақсади вохӯрии корӣ на танҳо инъикоси масоили мазкур, балки таҳияи тавсияҳо оид ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба табодули таҷрибаи пешқадам ва таҷриба байни ҷонибҳои асосии манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ низ мебошад.

Вохӯрии корӣ дар доираи татбиқи Нақшаи амалҳо, солҳои 2023-2025-и Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 баргузор мешавад.

Натиҷаҳои вохӯрии корӣ ба Суди Олии ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, вазоратҳои дахлдор ва Иттифоқи адвокатҳои ҶТ пешниҳод карда мешавад.

Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия ва OHCHR гузаронида мешавад.

NotortureTj