Дар Душанбе вохӯрии корӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои асосӣ - озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи ПБҲШС баргузор гардид

31-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқҳои асосӣ: озодӣ аз боздошти худсарона, механизмҳои ҳимоя дар доираи Паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар платформаи Zoom ба таври офлайн ва онлайн сурат гирифт ва дар он зиёда аз 40 нафар намояндагони соҳаи судӣ, адвокатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи вохӯрии корӣ инъикос ва таҳияи тавсияҳо оид ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин мусоидат намудан ба табодули таҷрибаҳои пешқадам байни ҷонибҳои асосии манфиатдори миллӣ ва байналмилалӣ буд.

Қисмати ифтитоҳӣ бо суханронии судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломзода Иноятулло, директори (и.в.) Барномаи Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносони Аврупо ва Осиёи Марказӣ Тимур Шокиров, роҳбари Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Нурмаҳмад Халилов ва мутахассис оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (ДМОМ), Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ИКОҲИ) Суҳроб Шоев оғоз гардид. Баромадкунандагон қайд намуданд, ки вохӯрии корӣ дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои солҳои 2023-2025-и Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 ташкил карда шудааст.

Мутахассисон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба як қатор мушкилот ҷалб намуда, дар мавзуҳои зерин суханронӣ карданд:

• Тартиби иҷозати ҳабс аз ҷониби суд: масоили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ. Маърӯзачӣ: Темур Ҳафиззода, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ҳабси пешакӣ: масоили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ. Маърӯзачӣ: Анвар Бобохонов, ҳуқуқшинос, раиси раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Pro Bono de Jure».

• Дастрасӣ ба адвокат дар марҳилаи ҳабси пешакӣ: масоили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ. Маърӯзачӣ: Умед Ниёзов, ҳуқуқшинос.

• Боздошти худсарона дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва Гурӯҳи кории СММ оид ба боздоштҳои худсарона. Маърӯзачиён: Мария Вандони, корманди хурд оид ба ҳуқуқи инсон, ИКОҲИ ва Лоана Бенҷамин, корманди хурд оид ба ҳуқуқи инсон, ИКОҲИ.

Қисми ниҳоии чорабинӣ ба кор дар гурӯҳҳо барои таҳияи тавсияҳо оид ба такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарӣ бахшида шуд; модератор: Дмитрий Нурумов, ICJ.

Ҳамин тариқ, дар вохӯрии корӣ таҳлили вазъи кунунӣ ва мушкилот дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон бо таваҷҷуҳ ба механизмҳои ҳимоя аз боздошти худсарона; баррасии муфассали механизмҳои байналмилалӣ ва миллии пешгирии боздошти худсарона ва муносибати бераҳмона, инчунин самаранокии татбиқи онҳо дар амал; амалияи мақомоти шартномавии СММ дар доираи ПБҲШС: тартиб ва самаранокии кори мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, қарорҳо ва тавсияҳои онҳо баррасӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Тимур Шокиров, иҷрокунандаи вазифаи директори Барномаи Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносони Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва Суҳроб Шоев, мутахассис оид ба ҳуқуқи инсон, Дафтари минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (ДМОМ), Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ИКОҲИ ) зикр намуданд, ки аз рўи натиҳаҳои вохӯрии корӣ тавсияҳо таҳия шуда, ба Суди Олии ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, вазоратҳои дахлдор ва Иттифоқи адвокатҳои ҶТ пешниҳод карда мешаванд.

Ташкилкунандагони вохӯрӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон (КБҲ) дар ҳамкорӣ бо Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, Дафтари минтақавӣ барои Осиёи Марказӣ (ДМОМ) ва Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ИКОҲИ ) буданд. Чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Ҳукумати Финляндия ва ИКОҲИ имконпазир гардид.

NotortureTj