«Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба шаҳрвандон оид ба масъалаҳои даъвати ҳарбӣ машваратҳои ройгон пешниҳод мекунад

Дар робита ба идомаи маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», ки ба ҳайати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ шомил аст, ба шаҳрвандон оид ба масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ, гузаштан аз комиссияи даъват, асосҳои озод кардан ва ба таъхир гузоштани даъват, ҳифзи ҳуқуқҳои даъватшаванда ва оилаи ӯ, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати эҳтиётии сафарбарӣ ва дигар масъалаҳо машваратҳои ройгони ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад.

Телефонҳои боварӣ:

+992 93 333 17 03;

+992 93 333 18 03

Инчунин, тавассути мессенҷери WhatsApp бо ҳамин рақамҳо муроҷиат кардан мумкин аст.

 

 

ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ»