Оё ман ҳақ дорам, ки нишондод надиҳам, аз додани нишондод даст кашам ё нишондоди қаблан додаамро тағйир диҳам?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Маро барои бозпурсӣ даъват ва маҷбур карданд, ки нишондоди худиқрорӣ диҳам. Ман додани нишондодро бе иштироки адвокат рад кардам. Бо вуҷуди ин, ба ман фишори равонӣ оварда, маҷбурсозиро идома доданд. Оё ман ҳақ дорам, ки нишондод надиҳам, аз додани нишондод даст кашам ё нишондоди қаблан додаамро тағйир диҳам?

ПОСУХ: Шумо ҳуқуқ доред, ки бидуни иштироки адвокат аз додани шаҳодат даст кашед. Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва моддаҳои 10 ва 12-и КМҶ ҶТ, ҳеҷ кас наметавонад бар хилофи хоҳиши худ ба додани нишондод маҷбур карда шавад. Истифодаи фишори равонӣ ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ нақзи ҳуқуқи иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Ҳуқуқ ба адвокат: Шумо аз лаҳзаи ҳабс ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ доред. Ин ҳуқуқи иштироки адвокат ҳангоми пурсишро дар бар мегирад. Ҳуқуқ ба хомӯшӣ: Шумо ҳуқуқ доред, ки муқобили худ нишондод надиҳед. Манъи маҷбурсозӣ: Ҳар гуна нишондоде, ки таҳти фишор ё маҷбурӣ гирифта шудааст, метавонад дар суд беэътибор дониста шавад.

Тағйир додани нишондод: Агар шумо зери фишор нишондод дода бошед, ҳуқуқ доред онро бо огоҳ намудан аз ҳолатҳои замони нишондоддиҳӣ тағйир диҳед. Ба гуноҳ иқрор шудани айбдоршаванда наметавонад ҳамчун асос барои маҳкум кардани ӯ истифода шавад, агар он бо маҷмӯи далелҳои дар парванда мавҷудбуда тасдиқ нагардида бошад (қ. 2, м. 76 КМҶ ҶТ). Агар шумо ба нақзи ҳуқуқҳоятон ба озодӣ аз шиканҷа рӯ ба рӯ шавед, тавсия дода мешавад, ки фавран ба адвокате муроҷиат кунед, ки метавонад манфиатҳои шуморо ҳифз намояд ва дар ин ҳолат ба шумо кумак расонад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

 +992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

 +992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube:   https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

NotortureTj