Чор корманди ШВКД-и Хуҷанд боздоштшударо шиканҷа карданд, тафтиши парванда идома дорад

Дар шаҳри Хуҷанд тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати чор корманди ШВКД-и шаҳри Хуҷанд, ки дар шиканҷаи боздоштшуда Неъмат Ашурматов шариканд, идома дорад.

Ин ҳодиса 22-юми феврали соли 2024 рух додааст. Неъмат Ашурматов аз ҷониби кормандони ШВКД-и шаҳри Хуҷанд бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт шуда, ҳангоми дар бинои ШВКД-и шаҳри Хуҷанд қарор доштанаш дучори шиканҷа ва муносибати бераҳмона мегардад. 

27-уми феврали соли 2024 зимни санҷиши тавқифгоҳи муваққатӣ аз ҷониби прокуратура аз рӯйи далели латукӯби Н. Ашурматов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Тибқи хулосаи экспертизаи судии тиббии №307, аз 27.02.2024, дар бадани Н. Ашурматов ҷароҳатҳои ҷисмонӣ, ки ба саломатии ҷабрдида зарар нарасонидаанд: ҳамагӣ 23 доғ ва 3 хароша аз зарбаи сахти ашёи кунд муайян карда шудааст.

Баъди ин хешовандони ҷабрдида ба Прокуратураи генералии ҶТ барои мусоидат намудан дар оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони ШВКД-и шаҳри Хуҷанд шикоят мебаранд.

29-уми апрели соли 2024 Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 4 корманди ШВКД-и шаҳри Хуҷанд тибқи моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз мекунад, ки ду нафари онҳо дар ҳабс қарор дошта, як нафар набояд ҳудуди иқоматашро тарк намояд ва як нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои Ашурматов Н. дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ба ӯ хидматрасонии адвокатҳоро пешниҳод кардааст.

Адвокатҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд оид ба багардонидани амали кормандони ШВКД-и Хуҷанд аз моддаи 316, қисми 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ ба моддаи 143, прим 1 (Шиканҷа)-и КҶ ҶТ дархост додаанд, вале дархости адвокатҳо рад карда шудааст.

Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

NotortureTj