Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар як сол ду маротиба — яъне аз 1-уми апрел то 31-уми май ва аз 1-уми октябр то 30-уми ноябр дар асоси Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар воситаҳои ахбори омма на дертар аз як моҳи оғози даъват чоп мешаванд, ба роҳ монда мешавад.
Хабардоркунии шаҳрвандон дар бобати даъват ба хизмати ҳарбӣ тавассути даъватномаҳо (повесткаҳо) амал мегардад, ки даъватшаванда худаш ба он имзо кардааст ва аз ҷониби муассисаҳои истифодабарии манзилҳо, соҳибони манзилҳо, ҷамоатҳо, шӯъбаи кадри муассисаҳо ё волидайн дода мешаванд.
Дар даъватномаҳо бояд оқибатҳои ҳуқуқии иҷро нагардидани он талаботҳо аз ҷониби шаҳрвандон зикр шаванд.
Шаҳрвандоне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, ӯҳдадоранд худашон бо ин даъватнома барои муоинаи тиббӣ, маҷлиси комиссияи даъват ва барои фиристода шудан ба қисми ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шаванд.
Барои ҳозир нашудан аз рӯйи даъватномаи имзошуда даъватшавандаро метавонанд бинобар саркашӣ карданаш аз даъват ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ бикашанд.
Даъватномаҳо ба даъватшавандагон на камтар аз 5 рӯзи ҳозиршавии онҳо ба минтақаҳои даъват барои гузаштан аз комиссияи даъват бояд дода шаванд.