Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
1) муваққатан ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудан бинобар вазъи саломатӣ - ба муҳлати то 6 моҳ;
2) нигоҳубини узви оилаи ба кумаки дигар кас эҳтиёҷдошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор надорад, дар сурати набудани шахсони дигаре, ки дар асоси қонун уҳдадоранд ба аъзои зикргардидаи оила ғамхорӣ намуда, онҳоро таъмин кунанд;
3) таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ - то хатми муассисаҳои таълимии мазкур;
4) тарбияи кӯдаки аз модар маҳруммонда;
5) оғоз карда шудани парвандаи ҷиноятӣ - то қабули қарори дахлдор;
6) адои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ ва ё махдуд кардани озодӣ.
7) даъватшавандае, ки модараш ғайр аз ӯ ду ва зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе ҳамсар тарбия менамояд - то ба балоғат расидани фарзанди (писари) дигар;
онҳое, ки вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб шудаанд - дар давоми муҳлати ваколат;
9) онҳое, ки дар шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти тахассуси дараҷаи бакалавр ва мутахассис бори аввал таҳсил менамоянд - дар давраи таҳсил;
10) омӯзгороне, ки таҳсилоти олии омӯзгорӣ дошта, дар вазифаи омӯзгори муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
11) онҳое, ки таҳсилоти олии тиббӣ дошта, дар муассисаҳои таълимӣ ё тиббии деҳот кор мекунанд - дар давраи иҷрои ин кор;
12) онҳое, ки ду ва зиёда фарзанд доранд.