Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Ҳуқуқдон бошед!
Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.
Савол: Байни гарав ва ҷарима фарқият ҳаст?
Посух: Бале, байни гарав ва ҷарима фарқият вуҷуд дорад. Моддаи 109-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки гарав аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи худи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст.
Гарав бо шарти пурра ҷуброн гардидани зарари молумулкии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда татбиқ карда мешавад. Гарав нисбати шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ё махсусан вазнин гумонбар ё айбдор мешаванд, татбиқ карда намешавад.
Таҳқиқбаранда ва муфаттиш гаравро бо розигии прокурор татбиқ мекунанд. Маблағи гаравро мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ ва судӣ вобаста ба вазнинии ҷиноят, шахсияти гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва вазъи молумулкии гаравгузор муқаррар менамоянд, ки он аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои начандон вазнин, аз нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва аз ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо нисбати ҷиноятҳои вазнин кам
буда наметавонад. Ба гаравгузор, агар ӯ гумонбаршуда ё айбдоршаванда набошад, моҳияти гумонбарӣ ё айбдоркунии шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда фаҳмонида, бо имзои
шахси нисбаташ ин чораи пешгирӣ татбиқшаванда, гаравгузор ва шахси мансабдори ин чораи пешгириро татбиқнамуда тасдиқ карда мешавад. Нусхаи қарор, таъинот барои супоридани гарав ба гаравгузор дода мешавад.
Дар сурати саркашӣ намудани гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда аз ҳозир шудан бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд чораи пешгирӣ иваз карда, маблағи гарав тибқи талаботи қонунгузории мурофиавӣ дар асоси қарори суд ба фоидаи давлат гузаронида мешавад. Дар дигар ҳолатҳо суд зимни ҳукм ё таъинот (қарор) баровардан дар бораи қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ масъалаи ба гаравдеҳ баргардонидани маблағи гаравро ҳал менамояд. Ҳангоми қатъ кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ дар давраи тафтиши пешакӣ маблағи гарав ба гаравдеҳ бо қарори таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё муовини ӯ баргардонида мешавад.
Тавре Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ҷарима ситонидани маблағе мебошад, ки дар доираи пешбининамудаи ҳамин Кодекс таъин шудааст. Маблағи ҷарима ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои
ғайринақдӣ пардохт карда мешавад. Ҷарима ба маблағи аз сад то бисту як ҳазору нуҳсад андозаи муқарраршудаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир шудани ҷиноят амал мекард, таъин карда мешавад.
Суд андозаи ҷаримаро бо дарназардошти вазнинии ҷинояти
содиргардида ва вазъи молу мулкии маҳкумшуда муайян менамояд. Андозаи ҷарима аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ё маҷмӯи ҳукмҳо барои содир намудани ҷиноятҳои дар қисмҳои 6 ва (ё) 7-и моддаи 49-и Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аз панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар вақти содир кардани ҷиноят амал мекард, зиёд буда наметавонад. Ҷаримаро ба сифати намуди ҷазои иловагӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори қонунгузории ҷиноятӣ, ки мутобиқи меъёрҳои моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, таъин кардан мумкин аст.
Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.
Сомонаи мо: https://notorturetj.org/
Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com
Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:
+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон
+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд
+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ
Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот
ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравӣ намоед, то аз иттилоот бохабар бошед!
Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj
Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj
Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g
Телеграм: https://t.me/Notorturetjk
Инстаграм: Notorturetj