Виктор Захария - дар бораи муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон

Зимни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, коршиноси мустақили байналмилалӣ Виктор Захария дар мавзӯи «Муколамаи байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» баромад кард.

Вай таваҷҷуҳро ба арзиши изофии боздидҳои пешгирикунанда дар доираи ПФКЗШ СММ барои пешгирӣ аз шиканҷа ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷалб намуд. Коршинос вазифаҳои асосии мониторингро муайян кард: ҳимояи мустақими қурбониён, дастгирӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои боздоштшудагон, вазифаи пешгирикунанда (аз ҷумла амали тарсдиҳанда), ҳуҷҷатгузории [умумии] ҳолат ҳамчун асоси муколамаи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамкорӣ бо мақомот.

Виктор Захария ба вазифаҳои ПФКЗШ тамаркуз кард: пешгирии шиканҷа, системаи боздидҳои мунтазам (барои арзёбӣ ва таҳияи тавсияҳо), ММП бояд (нақши махсуси) системаҳои мавҷудаи назорат (функсияҳои боздид, машварат, омӯзиш ва ҳамкорӣ)-ро пурра намояд, системаи дугона, байналмилалӣ ва миллӣ, муколама ва ҳамкорӣ.

Вай инчунин моделҳои гуногуни Механизми миллии пешгирикунанда (ММП)-ро зикр намуд:

- Муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Омбудсмен (масалан, Арманистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон) - бисёр;

- «Модели Омбудсмен плюс» (масалан, Молдова) - тамоюл;

- Ташкилотҳои омехта, муттаҳид ва ҳамоҳангшуда (ташкилотҳои гуногун, масалан, Дания, Нидерландия);

- Муассисаи алоҳида (масалан, Қирғизистон) - мушаххас.

Виктор Захария ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард, ки чӣ гуна бояд ММП-ро тасвибу таъсис намуд, то он ба муколама бо мақсади ислоҳот, беҳбуди вазъ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ, илм, ҳуқуқшиносон дар раванди таъсис ва фаъолияти ММП ва ғайра мусоидат намояд.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane

NotortureTj