Элина Штайнерте - дар бораи тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ

Дар рафти Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар Душанбе баргузор гардид, Элина Штайнерте (Dr Elina Штейнерте), узви Зеркумитаи СММ оид ба пешгирии шиканҷа дар мавзӯи «Тафтиши самараноки ҳолатҳои шиканҷа ва мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ: воситаҳои асосии иҷрои уҳдадории пешгирии шиканҷа» баромад намуд.

Ӯ дар оғози суханрониаш гуфт, ки Тоҷикистон аз 11-уми январи соли 1995 давлати иштирокчии Конвенсияи зидди шиканҷа (UNCAT) мебошад. Ин як шартномаи махсусгардонидашудаи ҳуқуқи инсон махсусан вобаста ба шиканҷа ва дигар муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо (муносибати бераҳмона), аввалин шартномаи байналмилалие мебошад, ки таърифи ҳуқуқии шиканҷаро фароҳам меорад;  уҳдадориҳои давлатҳои иштирокчӣ оид ба манъ ва пешгирии шиканҷа ва муносибати бераҳмона; тафтиши самараноки шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона; ҷазои гунаҳкорон; принсипи бозпас надодан; ҳуқуқҳои қурбониёнро муқаррар менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон бори охир соли 2018 дар Кумитаи зидди шиканҷа (CAT) баррасӣ шуда буд (ниг. мушоҳидаҳои ҷамъбастӣ дар CAT/C/TJK/CO/3).

"Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа (ПФКЗШ) аз ҷониби Тоҷикистон то ҳол имзо ва ё тасвиб нашудааст, ҳарчанд ҳамсояҳои он, аз ҷумла Қазоқистон ва Қирғизистон ин корро анҷом додаанд",- қайд кард коршинос.

Моддаҳои 12 ва 13-и Конвенсия тафтишоти ex officio (яъне бидуни пешниҳоди шикояти расмӣ) ва ҳуқуқи ҷабрдидаро барои пешниҳоди шикоят муқаррар мекунанд. "Яке аз самтҳои калидии нигаронии КЗШ ҳангоми санҷиши охирини худ дар Тоҷикистон дар соли 2018 "... фоизи ками шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона, ки мавриди таҳқиқи ҷиноӣ қарор гирифтаанд..." буд,- зикр кард Штайнерте.

Моддаи 2-и Конвенсия уҳдадориҳои давлати узвро барои пешгирии шиканҷа муқаррар мекунад: андешидани чораҳои муассири пешгирикунанда, гузаронидани мониторинги мустақили мунтазам ҳамчун роҳи пешгирии шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона (мониторинг барои фаҳмидани он ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ чӣ рӯй дода истодааст, стандартҳо дар амал ҷорӣ шудаанд ё не, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли амалӣ).

Коршинос қисми муҳими муаррифии худро ба Механизми миллии пешгирикунанда (ММП) - ниҳоди мустақил барои боздидҳо бо мақсади пешгирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо ва тарзи кори он бахшид. Ӯ аз вазифаҳои асосии ММП гузаронидани боздидҳо ба ҳама ҷойҳои боздошт, таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирии шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона ва ғайраро таъкид намуд.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshchestva-po-pravam-cheloveka-v-tadzhikistane

NotortureTj