Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзҳои 14 ва 15-уми октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ду омӯзиши якрӯза барои таҳкими муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таҳияи системаи ҷамъоварии маълумот баргузор мешавад. Дар тренинг беш аз 50 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Мақсади тренинг баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва малакаҳо барои рушд бо таваҷҷуҳ ба мониторинг ва арзёбии Стратегияи миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад.
Вазифаҳое, ки иштирокчиён аз рӯйи онҳо кор мекунанд: таҳияи фаҳмиши умумии истифодаи маълумот, муайян кардан ва таҳияи маҷмӯи саволҳо/нишондиҳандаҳо барои мониторинг, таҳияи стратегия барои ҷамъоварии боэътимод ва шаффофи маълумот.
Иштирокчиён ба се масъалаи асосӣ таваҷҷуҳ медиҳанд: мониторинг ва арзёбии Стратегияи миллӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон; системаи судӣ ва қонунгузорӣ дар бораи манъи табъиз.
Иштирокчиёни тренинг монеаҳои асосии ҷамъоварии маълумотро муайян кардаанд:
- Нобоварӣ ба маълумоти ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Мақомоти давлатӣ аксар вақт маълумотеро, ки созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ мекунанд, қабул надоранд ё ба онҳо бовар намекунанд.
- Тафовут байни маълумоти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Байни маълумот оид ба парвандаҳои шиканҷаи аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷамъоварӣшуда ва маълумоте, ки мақомоти давлатӣ пешниҳод кардаанд, тафовути назаррас вуҷуд дорад. Масалан, соли гузашта ҷомеаи шаҳрвандӣ 20 мавриди шиканҷаро сабт кардааст, дар ҳоле, ки Прокуратураи генералӣ ҳамагӣ оид ба 4 маврид хабар додааст.
- Набудани шаффофият ва таҷриба дар ҷамъоварии маълумот аз ҷониби мақомоти давлатӣ.
Дар мақомоти давлатӣ аксар вақт барои ҷамъоварии маълумот шаффофият кофӣ нест.
Ташкилкунандаи чорабинӣ ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди ҳолландии «Perspectivity Challenge» ба шумор меравад.
Чорабинӣ дар доираи лоиҳаҳои «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Пешбурди ҳуқуқи инсон ва масъулият дар маҳбасҳои Тоҷикистон аз нигоҳи гендерӣ: тадқиқот, муколама ва боло бурдани огоҳӣ», ки аз ҷониби Фонди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI) маблағгузорӣ мешавад, доир мегардад.