Тренинг барои кормандони системаи пенитенсиарӣ оид ба офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии маҳкумшудагон

Рӯзҳои 15-16-уми октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе барои кормандони системаи пенитенсиарӣ оид ба масъалаҳои офиятбахшӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии маҳкумшудагон тренинг баргузор гардид.

Чорабиниро се ташкилоти ҷамъиятие, ки ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шомиланд, ташкил карданд: Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ», ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» ва ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ».

Дар тренинги мазкур 25 нафар мутахассисон аз муассисаҳои мухталифи пенитенсиарии кишвар, ки бо гурӯҳҳои осебпазир, аз қабили занону кӯдакон кор мекунанд ва ба офиятбахшӣ ва мутобиқсозии иҷтимоии маҳкумшудагон ҳангоми адои ҷазо ва пас аз озодӣ машғуланд, ширкат варзиданд.

Тренингро коршиносон Паулин МакКэйб, мушовири байналмилалӣ оид ба адолати судии ҷиноятӣ, профессори Донишгоҳи Олстер, собиқ омбудсмен оид ба ҳуқуқи маҳбусон дар Ирландияи Шимолӣ; Зулфия Мусоева, коршиноси миллӣ оид ба кори иҷтимоӣ (Тоҷикистон); Азамат Шамбилов, мушовири байналмилалӣ оид ба ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ ва ҳуқуқи инсон, корманди Ассотсиатсияи байналмилалии пенитенсиарӣ ва ислоҳотӣ барои кишварҳои ИДМ (Испания) пеш бурданд.

Иштирокчиён таҷрибаҳои пешқадамро дар асоси Қоидаҳои Мандела ва пешгирии шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ва пастзанандаи шаъну шараф дар маҳбасҳо баррасӣ намуда, таҷрибаҳои беҳбуд бахшидан ба мутобиқшавии иҷтимоии маҳбусон, бо таваҷҷуҳи махсус ба занон ва кӯдаконро мубодила карданд.

Омӯзиш дар доираи ду лоиҳа: «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди ҳуқуқи маҳбусон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Фонди Демократияи Созмони Милали Муттаҳид (ЮНДЕФ) (UNDEF) маблағгузорӣ шудаву аз тарафи Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» амалӣ мегардад, инчунин «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти системаи пенитенсиарӣ», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (EU) маблағгузорӣ мешаваду онро ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» амалӣ менамояд, ташкил карда шуд.