Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар соли 2024 аз ҷониби Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон 17 муроҷиат оид ба масъалаҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ҳуҷҷатгузорӣ карда шудааст, ки аз онҳо як муроҷиат аз ҷониби зан ва 16 муроҷиат аз ҷониби мардон (аз ҷумла 4 нафар ноболиғон) аст.
Муроҷиаткардагон аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни боздошт ва гузаронидани тафтишот, аз қабили боздоштҳои ғайриқонунӣ ва худсарона; зӯроварии ҷисмонӣ дар шакли латукӯб, шиканҷа бо қувваи барқ; тахдиди таҷовуз ва ғайра шикоят кардаанд.
Шиканҷа ва муносибати бераҳмона барои ба даст овардани нишондоди худиқрорӣ, ҷазо барои содир кардани кирдори муайян ё ҳамчун чораи оромкунӣ ва пастзании шаъну эътибори шахсӣ истифода шудааст.
Синну соли асосии муроҷиаткардагон аз 22 то 45 мебошад.
Шикоятҳо дар мавриди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бештар нисбати мақомоти корҳои дохилӣ - 10 шикоят, КДАМ - 4 шикоят ва як шикоят нисбати мақомоти зиддикоррупсионӣ, Агентии мубориза бо маводи нашъаовар, Прокуратураи генералӣ ворид шудаанд.
Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби мутахассисони ГЁҲ 90 машварати шифоҳӣ пешниҳод гардида, дар таҳияи 33 ҳуҷҷати мурофиавии хаттӣ мусоидат карда шуда ва бо адвокатҳо 35 вохӯрӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо масъалаҳои гуногун оид ба механизмҳои ҳимояи қурбониёни шиканҷа, аз ҷумла стратегияи ҳимояи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардидаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ инчунин аз рўйи 5 ҳолат 19 маротиба мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шудааст.
Фаъолияти ГЁҲ ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши муассир ба шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтишоти шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба расонидани ёрии амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо нигаронида шудааст.