Кадом намуди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд?

Ҳуқуқдон бошед!

Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд.

САВОЛ: Кадом намуди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд?

ПОСУХ: Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии тамоми парвандаҳои ҷиноятие, ки мувофиқи қонун барои онҳо ҳабси якумра ё ҷазои қатл таъин кардан мумкин аст, салоҳият дорад, ба истиснои парвандаҳои ҳамин категория, ки ба салоҳияти судҳои ҳарбӣ вогузошта шудааст ва ҷиноятҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ содир шудаанд. Инчунин, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятии дорои маълумоти сирри давлатӣ ё мувофиқи қонун дар доираи салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бударо баррасӣ мекунад.

Дар сурати поймол шудани ҳуқуқҳоятон шумо метавонед ба мақомоти дахлдор шикоят кунед ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ баҳри дарёфти ёрии ҳуқуқӣ муроҷиат намоед.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кумаки ройгони ҳуқуқӣ ва офиятбахшӣ (тиббӣ ва равонию иҷтимоӣ) пешниҳод мекунад.

Сомонаи мо: https://notorturetj.org/

Почтаи электронӣ: notorture.tj@gmail.com

Агар шумо ё хешовандони шумо мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона қарор гирифта бошед, ба WhatsApp ё Telegram занг занед ё нависед:

+992 98 787 66 66 дар вилояти Хатлон

+992 98 787 33 33 дар вилояти Суғд

+992 98 708 76 76 дар ш. Душанбе ва НТМ

Ба идораҳои мо муроҷиат кунед:

ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот

ш. Хуҷанд, хиёбони Сомонӣ 42, утоқи 117

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед, то аз иттилоот бохабар бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorturetj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCn3sZx0776E1Qcbvz4WAE7g

Телеграм: https://t.me/Notorturetjk

Инстаграм: Notorturetj

 

NotortureTj