Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 18 то 23-юми феврали соли 2025 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» барои гурӯҳи мониторингии муассисаҳои ислоҳотии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тренинг баргузор намуд.
Ба ҳайси тренерҳо Александра Ивановска ва Ленур Керимов, коршиносони Фонди Ҳелсинки оид ба ҳуқуқи инсон, Варшава (Лаҳистон) баромад карданд.
Мақсади тренинг баланд бардоштани иқтидори гурӯҳи мониторингӣ дар самти навиштани ҳисобот ва таҳияи нақшаи адвокатсияи тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ буд.
Чорабинии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти системаи иҷрои ҷазо», ки аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation Office in Tajikistan) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид.