Чорабиниҳои иттилоотии мутахассисон оид ба ҳуҷҷатгузорӣ дар Суғд ва Хатлон

Моҳи апрели соли 2025 мутахассисони ҳуҷҷатгузори Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон тасмим доранд, ки дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд чорабиниҳои иттилоотии сайёр гузаронанд.

Дар доираи ин чорабиниҳо онҳо бо ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои Маркази ёрии ҳуқуқии ройгон вохӯрда, дар бораи фаъолияти Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ) суҳбат мекунанд ва механизмҳои роҳнамоии қурбониёни эҳтимолии шиканҷаву наздикони онҳо, инчунин ҳамкорӣ дар самти тақвияти ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ менамоянд.

Мақсад аз баргузории ин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо дар бораи имкониятҳои аз ҷониби ГЁҲ дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон пешниҳодшаванда мебошад. Коршиносон дар бораи чӣ гуна самаранок ҳуҷҷатгузорӣ кардани ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, таъмини дастрасӣ ба дастгирии ҳуқуқӣ ва роҳнамоии ҷабрдидагону ҳамкорӣ бо Эътилоф дар заминаи фаъолиятҳои ҳуқуқи инсон суҳбат хоҳанд кард.

Эътилофи зидди шиканҷа фаъолияташро барои таҳкими шарикӣ бо ҳимоятгарони ҳуқуқ ва созмонҳои ҳуқуқӣ идома медиҳад. Тақвияти ин робитаҳо ба қурбониёни шиканҷа ва оилаҳои онҳо кумаки фаврӣ ва босифатро таъмин намуда, ба тафтиши самараноки чунин ҷиноятҳо мусоидат мекунад.

Баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди фаъолияти ҳуқуқҳимоякунӣ дар Тоҷикистон қадами муҳимест, ки ба ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ва пешгирии қонуншикании марбут ба муносибати бераҳмона ва шиканҷа нигаронида шудааст.

NotortureTj