Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Гурӯҳи ёрии ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад, киҳо аксар вақт қурбонӣ мешаванд ва чаро роҳ ба сӯйи адолат чунин мушкил боқӣ мемонад?
- Ба шумо сари чанд вақт дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона муроҷиат мешавад ва кадом категорияи одамон бештар қурбонӣ мегарданд?
- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон расонидани ёрии ҳуқуқӣ боқӣ мемонад, ки аз ҷониби мутахассисони варзида оид ба ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона анҷом дода мешавад.
Ёрии ҳуқуқӣ дар шаклҳои гуногун расонида мешавад: аз машваратҳои ҳуқуқӣ то дастгирии пурраи коршиносии парвандаҳо ва намояндагӣ дар мақомоти давлатӣ ва судҳо.
Дар соли 2024 ба котиботи Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ 17 дархост оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид гардид. Дар байни онҳо як муроҷиат аз ҷониби зан, чор адад аз ноболиғон ва дувоздаҳ адад аз мардон аст. Барои ҳимояи манфиатҳои қурбониёни эҳтимолии шиканҷа хизматрасонии ҳашт адвокат пешниҳод карда шуд.
Дар маҷмуъ, аз ҷониби мутахассисони гурӯҳ 90 машварати шифоҳӣ пешниҳод гардида, 33 ҳуҷҷати хаттӣ тартиб дода ва бо адвокатҳо 35 вохӯрӣ гузаронида шуд.
Қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона метавонанд одамони гуногун бошанд ва осебпазирии онҳо аз бисёр омилҳо вобаста аст: мавқеи иҷтимоӣ, заминаи сиёсӣ, вазъи иқтисодӣ. Инҳо маҳбусони собиқ, занон, кӯдакон, одамони гирифтори мушкилоти равонӣ мебошанд.
Занон таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунанд. Дар Тоҷикистон онҳо нисбат ба мардон бештар осебпазиранд, аз ин рӯ, бештар қурбонии зӯроварӣ ва табъиз мешаванд. Дар байни мизоҷони мо махсусан занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир: камбизоатон, модарони танҳо, оилаҳои серфарзанд, модарони кӯдакони дорои маъюбият ва бекорон зиёданд.
Ин гурўҳҳои осебпазир ба ҳимояи мукаммал, дастрасӣ ба адолат ва дастгирӣ ниёз доранд. Ин ягона роҳи пешгирии ҳолатҳои минбаъдаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона аст ва танҳо бо ин роҳ мо метавонем ҷомеаеро бунёд кунем, ки ҳуқуқи ҳар як шахс аҳамият хоҳад дошт.
- Шумо ҳангоми тафтиши парвандаҳои шиканҷа ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гунаҳкорон асосан бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешавед?
- Монеаи асосии даст ёфтан ба адолати судӣ дар парвандаҳо оид ба шиканҷа мавҷуд набудани тафтишоти пурра ва муассир, беҷазо мондани гунаҳкорон аст, ки боиси такроршавии қонуншиканиҳо мегардад. Ин як доираест, ки дар он қурбониён азоб мекашанд.
Тавре таҷриба нишон медиҳад, ариза ва шикоятҳо оид ба шиканҷа одатан барои баррасии пешакӣ ба хадамоти амнияти дохилии муассисае ирсол карда мешаванд, ки нисбаташ шикоят аст. Чунин усул аз аввал аз объективият маҳрум аст. Дар ин гуна мавридҳо тафтишот рӯякӣ сурат мегирад ва одатан бо пурсиш кардани гумонбаршудагон маҳдуд мешавад. Мақомоти тафтишот ва прокуратура дар бобати қатъӣ санҷидани ариза ташаббуси зарурӣ нишон намедиҳанд. Барои ба даст овардани манзараи пурраи воқеа на ҳама чораҳои зарурӣ андешида мешаванд: зиддиятҳо бартараф нашуда мемонанд, азназаргузаронии ҳаматарафаи ҷойи ҳодиса гузаронида намешавад, шоҳидон расман ва нопурра пурсида мешаванд.
Муносибати бюрократона ба кори адвокатҳо душвориҳои иловагӣ пеш меорад: дархосту шикоятҳо аз болои парванда сари вақт дида намешаванд, посух ба онҳо кашол дода мешавад, муҳлатҳои муқарраркардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ сарфи назар карда мешаванд. Дархостҳои адвокатҳо дар бораи дастрас кардани наворҳои видеокамераҳои назоратӣ, иқтибос аз сабтҳои тиббии айбдоршавандаҳо ва маълумот аз китоби боздоштшудагон аксар вақт беҷавоб мемонанд ё комилан рад карда мешаванд.
Дар баробари ин, дархостҳои адвокатӣ, чун қоида, дорои маълумоти ниҳоят муҳим буда, таваҷҷуҳи фавриро тақозо мекунанд.
Муҳлати гузаронидани ташхиси судии тиббӣ ҳангоми мавҷудияти шикоятҳо дар бораи шиканҷа ба таъхир меафтад. Аксар вақт таҳлил ва арзёбии пурраи ҷароҳатҳои ба даъвогарон расонидашуда гузаронида намешавад. Ҳатто вақте ки хулосаҳои коршиносони судӣ-тиббӣ далелҳои зӯровариро тасдиқ мекунанд, мақомоти тафтишотӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ мекунанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона то суд мерасанд. Ва сабабҳои зиёде барои ин вуҷуд доранд. Набудани далелҳо, адами коршиносони мустақил, даст кашидани худи ҷабрдидагон аз шикояти минбаъда - аз ноумедӣ, фишор, тарс, стресс, нарасидани вақт ва захираҳо, надонистани ҳуқуқҳои оддии худ. Дамдуздӣ, масъулияти мутақобила дар баъзе сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, махсусан дар минтақаҳо низ ба ин мусоидат мекунад.
Боиси нигаронии хос ин далел аст, ки вақтҳои охир аксари парвандаҳои марбут ба терроризм ва ифротгароӣ пушти дарҳои баста баррасӣ мешаванд. Адвокатҳо маҷбур мешаванд, ки созишномаҳои ифшо накарданро имзо намоянд.
Ин мушкилотро ба таври маҷмуӣ ва собитқадамона ҳал кардан лозим аст. Бе иродаи воқеии сиёсӣ ва бе риояи қатъии қонуният пешравӣ ба даст овардан ғайриимкон аст. Ва бе ин на фақат зарардидагон азоб мекашанд, балки обрӯи байналмилалии давлатдории мо низ коста мешавад. Охир, эҳтироми ҳуқуқи инсон - асоси ҳар ҷомеаи мутамаддин аст.
- Кадом механизмҳои ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа дар Тоҷикистон дастрасанд ва онҳо то куҷо дар амал самараноканд?
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба ёрии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо аҳамияти хосса медиҳад. Маҳз ҳамин принсип дар соли 2011 ба таъсиси яке аз аввалин гурўҳҳои кории Эътилоф - Гурӯҳи ёрии ҳуқуқӣ (ГЁҲ) асос гузошт. Ин на танҳо як команда, балки ҷомеаи касбии ҳуқуқшиносон, адвокатҳо ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки таҷрибаи воқеии дастгирии ҳуқуқӣ доранд.
Кори ГЁҲ ба методологияи солҳо коркардшуда асос ёфтааст:
- вохӯриҳои мунтазами корӣ бо адвокатҳо, ки дар онҳо ҳолатҳои мушаххаси шиканҷа баррасӣ карда мешаванд;
- қабули ариза аз шаҳрвандон дар бораи шиканҷа ва муносибати бераҳмона;
- ҳуҷҷатгузорӣ кардани ҳар як далел, то ҳеҷ чиз фаромӯш ё таҳриф нашавад;
- расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагон;
- андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини амнияти на танҳо худи қурбониён, балки хешовандони онҳо низ;
- ҳамкории зич бо дигар гурўҳҳои Эътилоф дар мавриди муроҷиатҳои ба котиботи умумӣ воридгардида;
- мониторинги мурофиаҳои судии интихобшуда оид ба парвандаҳои шиканҷа;
- табодули таҷрибаи пешқадам дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои қурбониёни шиканҷа;
- таҳлили матолиби ВАО бо мақсади муайян намудани ҳолатҳои нави шиканҷа ва муносибати бераҳмона.
Ҳамаи маълумот ҷамъовариву ба низом дароварда ва ба омори парвандаҳои аз тарафи Эътилоф ба қайд гирифташуда дохил карда мешавад. Ин асоси мониторинг, гузоришдиҳӣ ва муҳимтар аз ҳама, қадамҳои минбаъда дар роҳи адолат аст.
Вақте ки маълумот дар бораи ҳодисаи эҳтимолии шиканҷа аз наздикон, тавассути ВАО ва ё дигар василаҳо ба мо мерасад, мо дар канор намемонем. Ҳар як хабар бодиққат ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад ва бо назардошти захираҳои дар ташкилот мавҷудбуда аз санҷиши пешакӣ мегузарад. Баъзан қарори кумак фавран қабул карда мешавад, барои интизор шудан вақт нест. Агар барои тахмин кардани далели шиканҷа маълумоти кофӣ мавҷуд бошад, мо худамон ва ё бо ҷалби адвокат ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оғоз мекунем.
Мо аз аввал ба аризадиҳанда ошкоро мефаҳмонем, ки корамон чӣ гуна сохтор дорад, кадом усулҳоро истифода мебарем ва дар ин раванд ба кадом хатарҳо дучор шудан мумкин аст. Ошкорбаёнӣ ва ростқавлӣ шарти муҳими ҳамкории самарабахш мебошанд.
Бояд қайд кард, ки ёрии ҳуқуқӣ танҳо дар ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона расонида мешавад. Агар парванда ба худи айб дахл дошта бошад, мо барои он адвокат пешниҳод намекунем. Мо бидуни дахолат ба моҳияти мурофиаи ҷиноятӣ онҳоеро ҳимоя мекунем, ки ба муносибати бераҳмона дучор шудаанд.
- Эътилоф бо иттиҳодияҳои миллӣ ва сохторҳои байналмилалӣ дар минтақа муқобили шиканҷа чӣ гуна ҳамкорӣ мекунад?
- Эътилоф ҳамкории худро бо ҷонибҳои гуногуни манфиатдор тақвият медиҳад. Аъзои Эътилоф бо Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳо барои адвокатҳо ҷиҳати ҳифзи қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷумла ҷубронпулӣ ба қурбониён ва оилаҳои онҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Эътилоф бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, аъзои Эътилоф ба гурӯҳи мониторинги ҷойҳои маҳдудият ва маҳрумият аз озодӣ дохил карда шудаанд, ки ин барои амалӣ намудани чорабиниҳои якҷоя имконият медиҳад.
Аъзои Эътилоф дар пешниҳоди гузоришҳои алтернативӣ ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ фаъолона иштирок мекунанд ва аз замони таъсиси Эътилоф ва Иттиҳоди Аврупо бо САҲА ҳамкорӣ доранд.
- Ба назари шумо, барои комилан аз байн бурдани шиканҷа дар кишвар чӣ иқдомот заруранд ва ҷомеа дар ин самт чӣ нақш дошта метавонад?
- Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тӯли солҳои фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Аммо роҳи тамоман барҳам додани шиканҷа ҳанӯз ба охир нарасидааст. Барои ин на чораҳои кӯтоҳмуддат, балки уҳдадориҳои дарозмуддат, муносибати ҳамаҷониба ва ислоҳоти амиқи системавӣ лозим аст.
Барои пеш рафтан ва ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии самараноки талошҳо дар ин самт қадамҳои фаврӣ ва ҷасурона заруранд:
Тасдиқи Протоколи факултативии Конвенсияи зидди шиканҷа ва таъсиси механизми миллии пешгирӣ. Ин барои мониторинги мунтазами ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ ва ҳимояи воқеии ҳуқуқи инсон заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Институти ташхиси мустақили тиббӣ рушд ва ба таври қонунӣ таъсис дода, инчунин шумораи кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд карда шавад. Таъмини мустақилияти комили кормандони тиббие, ки дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ кор мекунанд, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст. Илова бар ин, онҳо бояд тибқи Протоколи Истамбулӣ - стандарти байналмилалии тафтиши шиканҷа аз омӯзиш гузаранд.
Ҷорӣ намудани қонунгузорӣ барои таъсиси як ниҳоди мустақили дорои ваколатҳои зарурӣ барои таҳқиқи фаврӣ, ҳамаҷониба ва беғаразонаи ҳама шикоятҳо дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона. Бе чунин сохтор умед ба адолат танҳо дар рӯи коғаз мемонад.
Ба барномаҳои омӯзишӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ курси ҳатмӣ оид ба стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон бо таваҷҷуҳи махсус ба манъи шиканҷа дохил карда шавад. Танҳо тавассути таълим мо метавонем равишҳои муқарраршударо тағйир дода, фарҳанги эҳтиром ба ҳуқуқҳои шахсро ташаккул диҳем.