Форуми III-юми маҳбасҳо

Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми III-юми маҳбасҳо - платформаи бузурги миллӣ баргузор гардид, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои баррасии самтҳои афзалиятноки ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон муттаҳид намуд.

Форум ба рушди пробатсия, офиятбахшии маҳкумшудагон ва пешгирии тундгароӣ бахшида шуда буд. Чорабинӣ барои мубодилаи таҷриба, баррасии мушкилоти ҷорӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ барои боз ҳам беҳтар кардани системаи муосир ва инсондӯстонаи иҷрои ҷазо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони муҳим гардид.

Дар кори форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи коршиносон иштирок карданд.

Чорабинӣ аз ҷониби Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (СРИҶҶ) бо шарикии ташкилотҳои зерин ташкил карда шуд:

- ФҶ «Ташаббуси ҳуқуқӣ»;

- ТҶ «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»;

- Prison Insider.

Форум дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар самти ҳисоботдиҳӣ ва пешгирии шиканҷа тавассути ташаббусҳо дар самти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо гузаронида мешавад.

ФҶ "Ташаббуси ҳуқуқӣ"