Духтур ва раиси маҳбаси Ваҳдат маҳкум шуданд

Духтур ва раиси маҳбаси Ваҳдат маҳкум шуданд

Суди шаҳри Ваҳдат ду корманди маҳбасхонаи рақами №3, маъруф ба «Кирпичний»-ро барои хунукназарӣ ва нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба маҳбусе, ки даст ба худкушӣ задааст, маҳкум кард. Дар ин бора як манбаи ТоjNews аз Cуди шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод.

Бинобар иттилои манбаъ, Давлат Бобоев, раиси собиқи маҳбаси мазкур, барои хунукназарӣ нисбати марги маҳбус Аҷик Қаюмов ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудааст.

Сардухтури ҳамин маҳбас бо номи Саид, барои нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба Аҷик Қаюмов, ки тобистони солӣ ҷорӣ худкушӣ кард, ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди Вазорати адлия ба ТоjNews дар бораи қазияи судии масъулини маҳбаси №3-и шаҳри Ваҳдат изҳори беиттилоӣ карда, гуфтанд, ки мурофиаи судӣ нисбати нафарони дар боло зикршуда идома дошт. 

Дар таърихи 26-уми июни соли ҷорӣ Аҷик Қаюмов, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон аз захми теғ, ки худ ба пояш задааст, аз заҳролуд шудани таркиби хун фавтидааст.

Гуфта мешавад, маҳбус 22-юми июн ҷароҳат бардошта, баъди чор рӯз ба ҳалокат расид. Дар ин муддат ба маҳбус ёрии тиббӣ расонида нашудааст.  

Аҷик Қаюмов, бинобар иттилои маҳбусон, аз рӯзи кории ғайринавбатӣ дар корхонаи истеҳсоли хишт саркашӣ карда, мавриди шиканҷа қарор гирифта будааст.

Дар давоми шаш моҳ дар маҳбаси мазкур се маҳбус фавтидаанд.

6-уми июни соли равон дар маҳбаси №3-и шаҳри Ваҳдат маҳбус Нӯъмон Сатторқулов, соли тавалудаш 1973, зодаи ноҳияи Конибодом, дар ҳолати асроромез худро ба дор овехта, ба ҳалокат расид.

22-юми июни ҳамин сол варзишгари тоҷик Алишер Қосимов, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расид.

Аз худкушии Далер Азизов, маҳбуси дигари ҳамин муассиса пешгирӣ карда шудааст. Дар вақти муоинаи тиббӣ дар гардани маҳбус ҷароҳатҳои теғи бурранда мушоҳида шудааст. 

TojNews