Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо шиканҷа мубориза мебаранд

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки бо шиканҷа мубориза мебаранд

Мақомоти Тоҷикистон ба саволҳои аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ посух доданд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева аз иқдомҳои ҳукумати кишвараш дар амри мубориза бо шиканҷа ва бадрафторӣ дар зиндониҳо ҳимоят кард. Вай гуфт, ки ходимони сохторҳои қудратӣ ва ҳам табибон пайваста дар давраҳои омӯзишӣ иштирок мекунанд ва қонунро риоя мекунанд. "Дар марҳилаи солҳои 2011-2012-юм 30 корманди додситонӣ дар кишварҳои хориҷӣ давраи омӯзиширо гузаштанд",- гуфт вай. Ба гуфтаи додситони кулл, санҷиши кори ходимони сохторҳои интизомӣ, зиндонҳо, боздоштгоҳҳо, қисмҳои ҳарбӣ, гауптвахатҳо ва ҳам утоқҳои махсуси нигаҳдошти зиндониҳо пайваста тафтиш мешаванд.

Нишасти Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасии вазъи Тоҷикистонро рӯзи 7-уми ноябр шурӯъ кард. Дирӯз дар ин нишаст гузориши давлат дар бораи вазъи мубориза бо шиканҷа, гузориши созмони  Amnesty International ё Афви байнулмилал ва гузориши алтернативии созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башари Тоҷикистон баҳсу баррасӣ шуд. Ин дуввумин гузориши Тоҷикистон ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аст, ки давраи аз соли 2007 то 2010-ро фаро мегирад. Дар гузориши аввал вазъи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2006 тасвир шуда буд.  
Рӯзи панҷшанбе додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар робита ба қазияҳои ҳалокати Шодиев, ИкромзодаБобокалонов ва дигарон мухтасар изҳори назар кард ва гуфт, ки эҳтимолан дар ин мавзуъ иттилои “носаҳҳеҳ ва нопурра” пахш шудааст. - Баъзе иттилоъ,- гуфт ӯ,- “ба ҳақиқат мувофиқат намекунад”.

ҲАМЗА ИКРОМЗОДА ВА ИНТИҚОЛИ ЗИНДОНИҲО БА ХУҶАНД
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар баробари аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева гуфт, ки таҳқиқи қазияи марги Ҳамза Икромзода нишон дод, ки ин зиндонӣ сентябри имсол худро ба дор овехтааст. Бо ин изҳорот вай бори дигар иттиҳомоти хешу табори Икромзодаро рад кард, ки мегӯянд, фарзанди онҳо бар асари шиканҷаи шадиди масъулини зиндон ҷон додааст. Хешу ақрабои Икромзода мегӯянд, ки осори шиканҷа дар тамоми бадани ӯ аён аст ва онҳо мутмаинанд, ки сабаби марги ӯ маҳз бадрафториву шиканҷа будааст. Салимзода гуфт, ки аз рӯи қазияи марги Икромзода ду парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст, ки яке барои хунукназарӣ ва дигаре сӯиистифода аз мансаб, ки дар шакли муомилаи бераҳмона ифода шудааст. Вай гуфт, ки иттиҳоми шиканҷа таҳқиқ мешавад.

Салимзода инчунин ба саволи марбут ба интиқоли маҷбурии гуруҳе аз зиндониён аз Душанбе ба Хуҷанд дар таърихи 4 ва 5-уми ноябр посух дод. Вай мушаххасан аз се зиндонӣ ном бурд ва гуфт, ки қарори интиқоли онҳо ба зиндони шаҳри Хуҷанд бо сангин будани ҷинояти содиркардаи онҳо вобаста аст: "Ризоев Суннатулло Маҳмуродович (13 соли зиндон барои расонидани зарба, ки боиси ҳалокати инсон шудааст), Рустамов Илҳом Маҳмадалиевич (29 соли зиндон барои қатли инсон), Холмуродов Умед Сафаралиевич (18 соли зиндон барои ғоратгарӣ ва куштор) бо интиқоли худ дар зиндони дигар розӣ набуданд. Вале ба ин нигоҳ накарда, онҳо ба зиндоне интиқол дода шуданд, ки ба ҳукми дар додгоҳ гирифтаи онҳо муносиб аст".

Вай гуфт, тибқи қонунҳои Тоҷикистон, ҷинояткоре, ки қонуншикании сангин содир кардааст, бояд дар зиндоне нигоҳдорӣ шавад, ки низомаш шадид аст. Вай гуфт, азбаски дар гузашта имкони интиқоли зиндониён ба Хуҷанд вуҷуд надошт, ин қарор рӯзҳои гузашта иҷро шуд. Салимзода гуфт, ки кормандони додситонӣ бо ин се зиндонӣ мулоқот карда, баёноти онҳоро гирифтанд ва нисбати онҳо муоинаи тиббии судӣ муқаррар гардид. Вай гуфт, ки “зоҳиран осори латукӯб, ки онҳо шикоят кардаанд, дар тани яке аз онҳо, ки таҳқиқ шудааст, ба назар намерасад”.

ҚОРӢ ВОСИТ ВА МУБОРИЗА БО ШИКАНҶА
Дар робита бо Абдулвосит Латифов гуфт, ки чунин шахсе дар ихтиёри сохторҳои қудратии Тоҷикистон нест ва ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Шерхон Салимзода гуфт, дар марҳилаи солҳои 2008 то 2012 ба унвонии мақомот 130 шикоят аз шиканҷа ва бадрафторӣ дастрас шудааст, ки аз ҷониби худи органҳои прокуратура мавриди тафтиш қарор дода шуданд. "Бар пояи ин шикоятҳо 39 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, 30-тои он ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар натиҷа, 39 корманди масъул ҳукм гирифтаанд, аз ҷумла ба ҳукми тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд",- гуфт вай. Айни замон, ба иттилои ӯ, дар миёни солҳои 2009 то 2012 "барои боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва дигар мавридҳои поймолкунии ҳуқуқи шаҳрвандон 51 ходими полис ва 10 корманди зиндон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд".  

Дар робита ба муҷозоти масъулин барои истифодаи шиканҷаи зиндониҳо ӯ гуфт, ки баъди ҳукми иҷро гирифтани моддаи 140 (прим. 1) дар Тоҷикистон "ду парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шуда, якеаш ба додгоҳ ирсол шудааст.  

Шерхон Салимзода гуфт, ки аз соли 2007 то имрӯз аз Тоҷикистон 21 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ истирдод шудаанд ва “ҳеҷ нафари онҳо дар бораи шиканҷа ё бадрафторӣ шикоят накардаанд”.
ШАРОИТИ ЗИНДОНҲО
- Аз рӯи машварати СММ, дар Тоҷикистон июни соли 2011 Қонун "Дар бораи шароити нигаҳдошти боздоштшудаҳо, муттаҳамон ва айбдоршавандаҳо" қабул шуд. Тибқи ин қонун,- гуфт ӯ,- тамоми боздоштшудаҳо аз ҳақи дастрасӣ ба вакили дифоъ бархӯрдоранд. Вай гуфт, аз миёни сохторҳои нигаҳдошти боздоштшудаҳо дар ихтиёри Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон танҳо боздоштгоҳи нигаҳдошти муваққатӣ мондааст, ки боздоштшудаҳоро дар давоми 72 соат нигоҳ медоранд.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Нурулло Орифов гуфт, ки дар ​​давоми солҳои 2009 то 2012 се ҳодисаи шиканҷаи наврасон ба қайд гирифта шуда, дар як ҳодиса ходими полис муҷозот шудааст.

Айни замон, бино ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, дар давоми чанд соли охир шумори наврасони зиндонӣ дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар се баробар коҳиш дода шудааст.
Баҳром Абдулҳақов, намояндаи Вазорати адлияи Тоҷикистон бо ҳимоят аз талошҳои мақомот дар амри беҳтар кардани шароити зиндониҳо, ғамхорӣ дар ҳақи гирифторони СПИД ва ғайра, гуфт, ки муассисаҳои ислоҳотии кишвар ба шакли "лагерӣ" бунёд шудаанд. Вай гуфт, ки нигаҳдошти зиндониҳо дар шароити "лагерӣ" имкони муошират, тарбия, бозгашти онҳо ба муҳити оилавиро беҳтар мекунад.

Шерхон Салимзода дар суханронии навбатии худ ба масъалаҳои дигари мавриди нигаронии матбуот ва мудофеони ҳуқуқи башар муроҷиат кард.

Вай гуфт, ки ҳақи шиносоӣ бо шароити зиндонҳои Тоҷикистонро ҳам кормандони созмонҳои байналмилалӣ, ҳам мутахассисон ва ҳам намояндагони матбуот доштанд. “Танҳо дар давоми як соли охир имкони боздиди дастаҷамъии намояндагони матбуот аз зиндонҳои Тоҷикистон фароҳам оварда шуд”.

 "ДЕДОВШИНА ВУҶУД ДОРАД"
Дар робита ба мушкилоти бадрафторӣ бо сарбозон ва ҷалби иҷбории ҷавонон ба хизмати артиш Салимзода чунин гуфт: "Бале, иттилоъ дар бораи вуҷуди облава ва дигар қонуншиканиҳо  дар ихтиёри қисмҳои ҳарбӣ ва комиссариатҳо вуҷуд дорад. Аз ҷумла, дедовшина (ё меҳтарсолорӣ) ҳам вуҷуд дорад. Ба фикри ман, дедовшина қариб дар артиши тамоми кишварҳо вуҷуд дорад. Облава аз ҷониби кормандони комиссариатҳо воқеан ҳам вуҷуд дорад ва мо аз рӯи ин фактҳо чораҷӯӣ мекунем. Аз ҷумла, дар фосилаи байни солҳои 2006 то 2011 органҳои додситонии низомӣ нисбати 22 мақомдори комиссариатҳои ҳарбӣ аз рӯи ҷалби нодурусти шаҳрвандон ба хизмати сарбозӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки баъдан то суд расиданд".

- Дар масъалаи мубориза бо дедовшина ё меҳтарсолорӣ,- гуфт додситони кулл,- дар фурсати аз соли 2010 то имрӯз бар пояи шикоятҳои телефонии низомиён 15 парвандаи ҷиноӣ ба суд фиристода шудааст. Вай гуфт, ки сол то сол чунин ҳодисаҳо кам мешавад. Агар соли 2010-ум 51 ҳодисаи дедовшина ба қайд гирифта шуда бошад, соли 2011 - 43 ва дар нуҳ моҳи соли 2012 - 31 ҷиноят барои муносибатҳои ғайрионниомавӣ, яъне дедовшина содир шудааст. “Дар маҷмӯъ, дар давоми се соли охир 125 парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст, ки 114-тои он ба суд равона шудааст”,- гуфт вай. Шерхон Салимзода изҳороти созмони “Ампаро”-ро рад кард, ки бар пояи як таҳқиқот гуфтааст, дар артиши Тоҷикистон як қатор шеваҳои азияти навсарбозон, аз қабили “гулшукуфт” ва “шашак” вуҷуд дорад.

Ozodi