Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар давоми моҳи августи соли ҷорӣ васоити ахбори оммаи Тоҷикистон мавзӯи шиканҷаро ба таври доманадор ва бо тобишҳои гуногун инъикос кардаанд. Бахусус дар нашрияҳои даврии хусусӣ ин мавзӯъ пурратар баррасӣ гардида, баъзе ҳафтаномаҳо оид ба ҳолатҳои мушаххас ва бо ишора ба эҳтимолияти истифодаи шиканҷа матолиб ба табъ расонидаанд.
Ҳафтаномаи хусусии «Нигоҳ» дар шумораи 19 (295)-уми худ (аз 1-ми августи соли 2012) таҳти унвони «Қатли мармузи Хоруғ» мақолаи таҳлилие чоп карда, фарзияҳоро дар бораи кушта шудани узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси бахши ин ҳизб дар Бадахшон Сабзалӣ Мамадризоев ба хонандагон пешниҳод кардааст.
Гуфта мешуд, ки номбурда 24-уми июл, рӯзи даргирии ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғариқонунӣ дар шаҳри Хоруғ кушта мешавад, аммо тафсилоти дигаре аз ҷараёни ин куштор маълум набуд. Ҳафтанома хусусан ба ҳамин нукта таваҷҷӯҳ карда, дар такя ба нуқтаи назари ҲНИТ навиштааст: «Фарзияи Ҳизби наҳзати исломиро зимни як нишасти матбуотӣ, ки махсус ба марги узви Раёсати олӣ ва раиси бахши ин ҳизб дар Бадахшон бахшида шуд, раиси он Муҳиддин Кабирӣ эълон кард. Ӯ ба нақли қавл аз наздикон ва аъзои ҳизб гуфт, ки Сабзалӣ рӯзи ба қатл расиданаш, қабл аз ифтор дар ҳоли рӯзадорӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштааст ва ҷасадаш баъд дар Қалъа ном ҷое дар маҳаллаи УПД-и Хоруғ, як километр дур аз қароргоҳи нерӯҳои давлатӣ пайдо шудааст». Бо ишора ба масофаи маҳали ёфт шудани Сабзалӣ ва қароргоҳи нерӯҳои давлатӣ, нашрия вуҷуд доштани нуктаҳои дигареро вобаста ба марги ӯ дар назар дорад, ки менависад: «ҲНИТ дар торнамои расмии худ навишта буд, ки Сабзалӣ Мамадризоев пас аз боздошт мавриди таҳқиру латукӯб қарор гирифта, баъдан тариқи холӣ кардани як тирдон тир ба ҷисми ӯ аз тарафи низомиён кушта шудааст».
Нашрия ба ин иктифо накарда, инчунин аз баҳсҳое, ки оид ба куштори Мамадризоев дар шабакаҳои интернетӣ бархоста буд, ёдовар шудааст: «Дар «Ютуб» наворе низ падо шуд, ки чанд низомипӯш ҷасади шахси номаълумро дар болои замин кашолакунон бурда ба партовгоҳ ҳавола мекунанд. Муслима Бороншоева, раҳбари бахши бонувони созмони Вилоятии ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд ҷасади ин навор ба Сабзалӣ Мамадризоев дахл дорад. Ва гуфтааст: «Айнан ҳамин воқеаро занаш нақл кард ва рафиқоне, ки ман имрӯз вохӯрдам, мегӯянд, ки ҳақиқатан дар навор Сабзалӣ будааст. Инро занҳо дида, ба навор гирифта ва ба Интернет додаанд. Шоҳидони ин воқеа ҳанӯз зиндаанд».
Аммо ба изҳори Муҳиддин Кабирӣ, дар бораи ангезаҳо ва сабабҳои куштори Сабзалӣ Мамадризоев қазоват кардан барвақттар асту мақомоти дахлдор ба ӯ ваъда додаанд, ки куштори масъули ҲНИТ таҳқиқ мешавад.
Ҳафтаномаи «Фараж» дар шумораи 34 (299), аз 22-юми августи соли 2012 хабаре интишор додааст бо номи «Марҷонаро кӣ бояд ҳимоят кунад?». Дар ин хабар оид ба шикояти Марҷона ном як зани ҷавон аз ноҳияи Ҳисор сухан гуфта мешавад, ки ба қавли худи ӯ, корманди ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шавкат Шарифов шабона ба манзилаш ҳамла намуда, ӯро латукӯб кардааст. Марҷона мегӯяд: «Шавкат Шарифов ба ман пешниҳод кард, ки аз вай насли зебо ба дунё меояд ва пешниҳоди муносибати маҳрамона кард. Борҳо ба ман чунин гапҳоро мезад ва ман рад мекардам. Вақте ки бо ман баҳс кард, ман ҳам ба вай ҷавоб додам. Ба латукӯби ман сар кард ва вақте ки кӯдакам ба замин ғалтиду беҳуш шуд, хонаро тарк кард».
Гуфта мешавад, ки баъди бе натиҷа мондани шикоятҳои хонаводаи Марҷона Ризоева ба додситонӣ ва ШКД-и ноҳияи Ҳисор, онҳо ба вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов муроҷиат мекунанд. Падари Марҷона - Маҳмадмурод Одинаев мегӯяд: «Вазир маро хеле хуб қабул кард ва Табаровро пурсид, ки дар рафтори милисаи ноҳияи Сино ҷиноят дида мешавад? Вай тасдиқ карду гуфт, ки гуноҳашро қисман ба гардан гирифтааст. Вазир дастур дод, ки ба зудтарин фурсат асноди заруриро ба додситонии Ҳисор фиристад. Лекин, вақте ки мо ба прокуратура рафтем, онҳо худро ба ноданӣ заданд ва инак се моҳ мешавад, ки додситонии Ҳисор хомӯширо ихтиёр кардааст».
«Фараж» дар ҳамин шумора арзи сокини деҳаи Ёбузи ноҳияи Қубодиён Аропат Зоҳидоваро таҳти унвони «Ман ба рӯи судя кислота намепошам…» чоп кардааст. Номбурда оид ба сарсониҳояш дар мавриди ба даст оварда натавонистани соҳибмулкӣ шикоят карда, изҳор медорад, ки маҳз ҳалномаи судяи Суди ноҳияи Қубодиён Беков А. боиси нороҳатии ӯ ва аз ҷониби ҷиянҳои шавҳар мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтанаш гардидааст.
А. Зоҳидова менависад, ки «пештар нозирони минтақавии милиса баҳсӣ будану дар суд мавриди баррасӣ қарор доштани манзили истиқоматии маро медонистанд ва ба хонаам Ҳомидовҳоро наздик шудан намемонданд. Ҳоло ки ба суд бо аризаи навбатӣ муроҷиат кардам, ба латукӯбам гузаштанд… Боз мегӯянд, ки дар ноҳияи Қубодиён худкушӣ дар байни занону духтарон зиёд аст. Чӣ тавр зиёд набошад? Ва ё шунидам, ки кадом даъвогаре ба рӯи судя кислота пошидааст… Ман ба рӯи судяҳо кислота намепошам, худкушӣ намекунам, вале як бори дигар ба прокурори генералӣ муроҷиат мекунам. Шояд қонун тарафи мо камбағалонро ҳам гирад».
А. Зоҳидова шояд қазияи сокини шаҳри Исфара Зайнобуддин Ҷӯраевро дар назар дорад, ки 21-уми июли соли равон ба кабинети додрас Абдуҳамид Давронов ворид шуда, ба нишони эътироз аз риоя нашудани адолати судӣ ба рӯи ӯ кислота пошид. Бар асари он ҳудуди 30%-и рӯй ва дигар узвҳои додрас ҷароҳатҳои сӯхта бардошта, ӯ дар шифохона бистарӣ гардид. Айни замон нисбат ба Ҷӯраев мутобиқи моддаи 356-и КҶ ҶТ (Таҳдид ё зӯроварӣ вобаста ба амалбарории адолати судӣ ё таҳқиқи ибтидоӣ ё тафтишоти пешакӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар мавриди ин қазия 15-уми августи соли ҷорӣ хабаргузории «Азию-Плюс» хабаре пахш кард, бо номи «Ҳимоятгар: Кормандони додгоҳи Исфара мӯйсафедро латукӯб карданд». Адвокат Файзинисо Воҳидова изҳор дошт, ки кормандони додгоҳи шаҳри Исфара мӯйсафеди 77-соларо, ки ба нишони эътироз ба ҳукми содирнамуда ба рӯйи судя кислота пошида буд, мавриди латукӯб қарор додаанд. Аз нутқи адвокат дар хабаргузорӣ аз ҷумла омадааст: «Дарҳол пас аз ин ҳодиса Ҷӯраеви 77-сола ва писари ӯ, ки ба назди падар омада буд, аз ҷониби намояндагони додгоҳ бераҳмона латукӯб шуда, дар натиҷа қабурғаҳои онҳо шикаст. Айни замон зерҳимояи ман бидуни кӯмаки тиббии бояду шояд дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дорад. Ман ба додситонӣ макуб навиштам, то ки ба Ҷӯраев шароити ташхис дар шифохона ва аксбардории рентгениро фароҳам оранд. Рӯзҳои наздик ман доир ба ин масъала ба вохӯрӣ бо прокурори генералӣ мушарраф шуданиям».
Ҳамин хабаргузорӣ 21-уми августи соли ҷорӣ аз шиканҷаи маҳкумшудагони парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо» хабар дод. Ин ҷо сухан сари қазияи амали террористӣ дар вилояти Суғд дар соли 2010 ва айбдории беш аз 50 нафар ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон меравад, ки аксарашон сокинони ноҳияи Истаравшан мебошанд.
Хабаргузории «Азия-Плюс» бо истинод ба суханони ҳимоятгар Абдураҳмон Шарифов иттилоъ медиҳад, ки бар асоси аризаи маҳкумшудагон дар хусуси нисбати онҳо истифода шудани шиканҷаву зӯроварӣ ва дархости баргузории санҷиши беғаразонаю воқеии далелҳои онҳо, ҳайати мушовараи кассатсионӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии Суди олии ҶТ қарор қабул карда, бо таъиноти худ санҷиши далелҳои маҳкумшудагонро ба дӯши Прокуратураи генералӣ вогузор намудааст.
Ба гуфтаи А. Шарифов, аз баёноти маҳкумшудагон бармеояд, ки онҳоро бидуни ҳеҷ асос пас аз таркиш дар назди бинои Раёсати минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд боздошт карда, ба мақомоти тафтишоти ҷиноӣ овардаанд.
«Маҳкумшудагон дар баёноти худ макони мушаххас ва ному насаби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, ки нисбати онҳо аз шиканҷаву рафтори бераҳмона кор гирифтаанд, номбар намудаанд ва барои исботи гуфтаҳои худ ба аъзои ҳайати мушовараи кассатсионӣ осори захмҳои ҷароҳат аз шиканҷаро нишон додаанд»,- гуфтааст ҳимоятгар ба «Азия-Плюс».
Бояд зикр намуд, ки ҳукм оид ба парвандаи «53 нафар истаравшаниҳо» моҳи декабри соли гузашта содир гардида буд. Дар курсии айбдорӣ 53 нафар менишастанд, ки аслан сокинони ноҳияҳои Исфара, Истаравшан, Спитамен ва шаҳри Хуҷанд мебошанд.