Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар охири моҳи ноябри соли 2015 расонаҳои ватанӣ аз баҳсу баррасии мавзӯи иваз кардани номи милиса ба пулис дар Тоҷикистон хабар доданд. Аммо, бояд гуфт, дар аввалҳои моҳ воқеае рух дод, ки дар сархати хабарҳои васоити ахбори омма қарор гирифт.
Санаи 9-уми ноябри соли 2015 торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе таҳти унвони «Ҳамлаи афроди номаълум ба кормандони комиссириати ҳарбӣ»
пахш карда, хабар дод, ки «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино аз сокинон ёрӣ хоста, дар иваз даҳ ҳазор доллар ҷоиза ваъда кардааст».
- Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов, кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бар асари захмҳои бардоштаашон аз корди афроди номаълум ҷон дода, ҳамкоронашон - Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳамлаи маргбор болои кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино субҳи 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт рух дода, ҳоло ҷустуҷӯи афроди муттаҳам идома дорад. Маъракаи даъвати ҷавонон бо ҳодисаҳои ҷалби маҷбурии онҳо ба артиш, ки бо номи "облава" бештар маъруф аст, ҳамроҳ мебошад. Матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳар мавсими даъват ба артиш аз мавридҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ва ё зӯроварии кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ нисбат ба даъватшавандагони артиш гузориш медиҳанд. Ин аст, ки ҳодисаи ҳамлаи ногаҳонӣ ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳадсу гумонҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимол ин муноқиша бар пояи даъвати ҷавонон ба артиш ва ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” барои хидмат дар артиши Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки қатли ду корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт "набояд ба ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш ё облава рабт дода шавад". Дар ҳоле, ки ба қавли Фаридун Маҳмадалиев - сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, "комиссариати ноҳияи Сино дар пойтахт аз аввалинҳо шуда рӯзи 2-юми ноябр нақшаи даъват ба артишро иҷро карда буд",- навишт торнамои мазкур.
Баъдан, санаи 11-уми ноябр хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабаре таҳти унвони «Манбаъ: Муноқишаи маргбор бо кормандони комиссариат зимни муайянсозии шахсият сурат гирифтааст» навишт: «Дар пасманзари сарусадоҳо, ки гӯиё муноқишаи кормандони комиссариат бо афроди номаълум ҳангоми “облава” сурат гирифтааст, манбаи “Озодагон” изҳор дошт, ки муноқиша зимни талоши кормандони комиссариат барои муайян кардани шахсияти афроди ҳамлагар сар задааст. Манбаъ афзуд, ки то ҳол ягон гумонбар дар содир кардани ин ҷиноят боздошт нашудааст: «Гурӯҳе барои бозпурсӣ даъват шуда буданд, аммо муайян гардид, ки онҳо ба ин ҷиноят рабте надоранд. Амалиёт барои муайянсозии шахсияти ҳамлагарон идома дорад»».
Санаи 13-уми ноябр бошад, худи ҳамин трнамо, яъне «Озодагон» хабари дигаре бо номи «ВКД: Омилони қатли кормандони комиссариат ошкор шуданд» пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Вазорати умури дохилӣ аз боздошти Умедҷони Амрохон, сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки бо шарикаш дар ҳамлаи маргбор ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар Душанбе айбдор мешавад. Тибқи иттилои ВКД, Умедҷони Амрохон, ки муваққатан дар Душанбе истиқомат мекунаду расман бекор мебошад, имрӯз, 13-уми ноябр дастгир шудааст».
Хабаргузории «Азия-плюс» ҳам санаи 13-уми ноябр таҳти унвони «Боздошти гумонбар ба қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ» дар ҳамин бора иттилоъ дод.
Чанд рӯз баъд, 16-уми ноябр, торнамои Радиои «Озодӣ» аз «Нашри видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон» хабар дод.
- Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр видеои шоҳидии Умедҷони Амрохон, нафари гумонбар дар қатл ва захмӣ кардани чор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро нашр кард. Дар ин навор гумонбар мегӯяд, ин воқеа субҳи 7-уми ноябр, ҳангоми ба кор рафтанаш иттифоқ афтоадаст,- навишт торнамо.
Оҷонсии иттилоотии TojNews ҳам санаи 16-уми ноябр бо пахши хабаре навишт, ки «Гумонбар ба қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ ба гуноҳаш иқрор шуд» .
- Умедҷони Амрохон, гумонбар дар қатли 2 корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино дар як навори видеоӣ чи гуна даст ба куштор задашро нақл кард. Дар наворе, ки Вазорати корҳои дохилӣ нашр кардааст, Умедҷон мегӯяд, “субҳи 7-уми ноябр аз хона ба ҷои кор омадеста будем, ки шахсони номаълум омада салом карданд. Онҳо чор нафар буданд ва ҳар чорашро ба кордча задум. Кордчаро як моҳ шуд аз бозор харид карда будам”. Дар ин наворе, ки камтар аз 2 дақиқа мебошад, гумонбар ишора мекунад, ки дар иҷрои ин амал танҳо набуд, вале аз ифшои ному насаби ҳамроҳонаш худдорӣ мекунад. ВКД низ аз ин пештар аз даст доштани се нафар дар ин ҳодиса хабар дода буд,- омадааст дар ин хабар.
Санаи 18-уми ноябр бошад, хабаргузории «Азия-плюс» аз «Боздошти гумонбари дигар ба қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ» хабар дод.
- Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 17-уми ноябри соли 2015 дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари дуюм дар ҷинояти куштори кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардида, ин нафар Раҳматов Шариф Кукановичи 21-солаи бекор, зодаи шаҳри Кӯлоб, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад,- навишт ин хабаргузорӣ.
Торнамои Радиои «Озодӣ» низ санаи 18-уми ноябр дар ин хусус хабаре бо номи «Гумонбари дувум дар қатли кормандони комиссариат боздошт шуд» пахш кард.
Санаи 21-уми ноябр хабаргузории «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Шоҳидии муттаҳами дигари ҳамла ба кормандони комиссариат: Як мушт задам» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Вазорати умури дохилии Тоҷикистон навори шоҳидии Шарифҷон Раҳматов, муттаҳами дуюми 20-сола дар ҳамлаи маргбор ба кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро нашр кард. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилӣ, Раҳматов ва Умедҷони Амрохони 21-сола, сокинони шаҳри Кӯлоб субҳи 7-уми ноябр дар кӯчаи Деҳотӣ бо кормандони комиссариат рӯ ба рӯ мешаванд: “Зимни гуфтушунид боздоштшудагон беасос ба кормандони комиссариат ҳамла мекунанд, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат мерасанд”. Дар гузориши Вазорати умури дохилӣ Раҳматов шоҳидӣ медиҳад, ки “мо саҳар барвақт аз хона баромада, кор рафта истода будем, ки ду нафар аз пеши роҳамон баромаданд. Як мушт зада гурехтам...»».
Бояд гуфт, ки дар моҳи ноябр дар расонаҳо ахбори марбут ба хизмати ҳарбӣ низ ба назар мерасид. Масалан, санаи 2-юми ноябри соли 2015 торнамои Радиои «Озодӣ» матлабе бо номи «Аз синф ба аскарӣ. Омӯзгори мактабро "облава" карданд?» пахш карда, навишт: «Волидони Исломиддин Муродов - омӯзгори ҷавон дар мактаби рақами 38-и Бохтар аз гӯё иҷборӣ сафарбар шудани фарзандашон ба артиш шикоят доранд. Онҳо гуфтанд, бар иловаи он, ки Исломиддин устоди ҷавон буд ва аз фанни “Технологияи муосир” дарс мегуфт, инчунин вазъи саломаташ хуб набудааст. Исломиддин Муродови бистсола моҳи августи ҳамин сол бар асоси фармони мудири маориф ва илми ноҳияи Бохтар дар мактаби 38-и ин ноҳия ба кор сар кардааст. Волидонаш мегӯянд, ҳарчанд ӯ донишгоҳро хатм накарда буд, аммо чанд давраи кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер ва технологияи муосирро ба поён расонида, соҳиби шаҳодатнома аст ва аз сабаби набудани мутахассис ӯро ба мактаб ба кор гирифтаанд».
Санаи 3-юми ноябр бошад, ҳамин торнамо хабар дод, ки «Қазияи латукӯби Шаҳбол аз сари нав баррасӣ мешавад».
- Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе аз сари нав ба баррасии қазияи латукӯби Шаҳбол Мирзоев - сарбози собиқ ва маъюбшудаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон оѓоз кардааст, ки дар пайи он сутунмӯҳрааш шикаста, то ҳол таҳти табобати пизишкон қарор дорад. Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев гуфт, муҳокимаи дубораи парвандаи марбут ба латукӯби Шаҳбол баъд аз он шурӯъ шуд, ки онҳо алайҳи бекор шудани пардохти ҷубронпулӣ ба ин сарбози нерӯҳои марзбонӣ эътироз кардаанд,- хабар дод торнамо.
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе рӯзи 25-уми майи соли 2015 қарор карда буд, ки Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ бидиҳад. Вале, баъдан, дар моҳи август Додгоҳи Олӣ дар пайи шикояти намояндаи Додситонии ҳарбии Душанбе ин қарорро бекор кард.
Ба қавли Холматова, дар рӯзи аввали баррасии дубораи қазияи Шаҳбол Мирзоев падари ӯ Нӯъмон Мирзоев баромад кардааст. Ӯ гуфтааст, ки аз баҳори соли гузашта то кунун писараш таҳти табобати пизишкон қарор дорад ва тамоми харҷи онро худашон пардохт мекунанд. Нӯъмон Мирзоев бори дигар аз додгоҳ талаб кардааст, ки ҷуброни зарари молӣ ва маънавии Шаҳбол аз ҷониби Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯёнида шавад.
Аммо намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ин мурофиаи дар навбати худ даъвои падари Шаҳболро рад карда, гуфтааст, ки онҳо дар вақташ барои табобати ин сарбози собиқашон ёрӣ карда буданд. Аммо, ба қавли Гулчеҳра Холматова, намояндаи Сарраёсати нерӯҳои марзбонӣ бештар аз бурда шудани Шаҳбол ба Русия ва ҷарроҳӣ шуданаш дар он кишвар норизоӣ карда ва гуфтааст, ки аз ҷарроҳии Шаҳбол дар Русия вазъаш беҳбуд наёфтааст ва намехоҳанд пардохти хароҷоти аз назари ҷониби ҷавобгар беҳудаи табобати ин сарбозро бидиҳанд.
Ҳамчунин, торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 17-уми ноябр бо пахши матлабе таҳти унвони «Мақомот ба таҳқиқи марги сарбози 20-сола пардохтанд» навишт, ки «Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба таҳқиқи марги Манучеҳр Сабурови 20-сола дар яке аз қисмҳои ҳарбӣ дар ноҳияи Мурѓоб оѓоз кардааст. Ин сокини ноҳияи Нуробод моҳи майи соли ҷорӣ довталабона ба сафи артиш рафта, ҷасадаш 8-уми ноябри соли ҷорӣ ба дасти волидонаш супурда шудааст».
Муҳаммад Улуѓхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло қазоват кардан дар бораи марги Манучеҳр барвақт аст ва бояд то эълони хулосаи ташхисгарон мунтазир монд. Ӯ афзудааст, ки ба хотири мушаххас кардани сабаби аслии марги Манучеҳр Сабуров ҳамаи санадҳои лозима дастрас шудаанд. Аммо Улуѓхоҷаев эҳтимоли аз зарбу лати ҳамхидматонаш ба марг расидани Манучеҳрро баъид донистааст.
Наздикони Манчуеҳр Сабуров мегӯянд, ки намояндагони қисми ҳарбӣ ҳангоми супурдани ҷасади писарашон ба онҳо сабаби марги ӯро “дарди қалб” гуфтаанд. Аммо Гулиноз Назарова - модари Манучеҳр ва сокини деҳаи Саридашти ноҳияи Нуробод, 120-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, гуфтааст, ки ба ин фарзия ҳеҷ бовар надорад ва мехоҳад ҳақиқати марги писараш ошкор шавад.
- Дар ду соли ахир чандин мавриди бадрафтории кӯҳнасарбозон дар баробари аксарони навдаъватшуда дар артиши Тоҷикистон сабт шуда, волидонеро, ки фарзандонашон ба синни аскарӣ расидаанд, нигарон мекунад. Агарчи мақомоти низомӣ бахше аз ин парвандаҳоро то додгоҳ бурда, муҷримоноро ба солҳои тӯлонӣ ҳабс карда ва сӯҳбатҳои тарбиявиро бо аскарон ба роҳ мондаанд, ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, решакан шудани падидаи меҳтарсолорӣ ё дедовшина кори сахт аст. Танҳо дар моҳҳои июн - июли соли 2015 чаҳор сарбози тоҷик - Фирдавс Раҳматов, Абдуваҳҳоб Қаюмов, Парвиз Дӯстматов ва Аъзам Убайдуллоев дар натиҷаи муносибатҳои ѓайриоинномавӣ ё "дедовшина"-и кӯҳнасарбозон ба дасти ҳамхидматонашон ба ҳалокат расидаанд. Дар пайи ин қазияҳо баъзе аз муттаҳамон ба зиндон фиристода шуда, баъзе аз масъулони қисмҳои низомӣ аз мақомҳои худ барканор гардиданд,- менависад торнамо.
Тавре дар аввал ишора кардем, яке аз мавзӯҳои муҳими моҳи ноябри соли 2015 иваз кардани номи милиса буд. Дар ин мавзӯъ торнамои Радиои «Озодӣ» санаи 28-уми ноябр матлаби таҳлилие бо номи «Пулис ба ҷои милиса. Вале аз соли 2020» интишор дод.
- Масъулони Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ислоҳоте, ки онҳо рӯи даст гирифтаанд, танҳо ивази номи милиса бо пулис набуда, таѓйироти бунёдиро дар пай дорад. Масоили марбут ба ин ислоҳот рӯзи 27-уми ноябр дар Душанбе дар анҷумане таҳти унвони “Мушкилоти мубрами ислоҳоти мақомоти корҳои дохила” баҳс шуд. Дар ин нишаст мақомоти баландпояи Тоҷикистон, бо шумули вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саидмӯъмин Ятимов ва намояндагони сафоратҳои хориҷӣ ширкат карданд. Алӣ Бобоназарзода, ҳамоҳангсози миллии барномаи ислоҳоти милиса дар Вазорати корҳои дохилӣ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, ин барнома панҷ солро дар бар гирифта, қарор аст соли 2020 ба анҷом расад,- навишт торнамо.
Ҷаноби Бобоназарзода афзудааст, ки “ин барнома аз се қисмат иборат аст. Нахуст - давраи омода кардани ҷамбаҳои ҳуқуқии ислоҳот аст. Мо соли ҷорӣ ба ин машѓул будем ва соли оянда ба муҳокима ва қабули қонунҳо машѓул хоҳем шуд. Баъдан марҳилаи иҷрои он фаро мерасад”.
Бояд гуфт, барномаи ислоҳоти милисаи тоҷик, ки бо пуштибонии молӣ ва машварати САҲА сурат мегирад, наздиктар кардани милиса ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эҳёи эътимоди мардум ба кормандони ин ниҳодро ба ҳадаф дорад. Дар доираи ин ислоҳот масъули робита бо ҷомеа - воҳиди нави корӣ дар идораи Вазорати корҳои дохилӣ ва шӯъбаҳои он дар манотиқ таъсис дода мешавад. Дар сурати иҷрои ин ислоҳот мушовири вазири корҳои дохила доир ба робита бо ҷомеа ва ёварони роҳбарони милиса дар минтақаҳо оид ба робита бо ҷомеа ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Меъёрҳои пазируфта шудан ба кор дар сафи милиса низ таѓйир хоҳад кард. Тибқи барномаи ислоҳот аз ҳисоби ақалиятҳои миллӣ ва занон низ ҳатман як теъдоди муайян бояд ба кор дар сафи милиса пазируфта шаванд.
Дар ниҳоят, биноҳои шӯъбаҳои корҳои дохила дар маҳалҳо низ бозсозӣ мешавад. Тибқи барнома, утоқи нигоҳдории боздошт ва ё гумонбаршудагон бояд шаффоф бошад ва дар он дурбинҳои назоратӣ насб карда хоҳанд шуд, ки ҷараёни бозпурсии шахси гумонбаршударо сабт мекунад. Ин ислоҳот ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои зарбу лат ва шиканҷаи афроди гумонбаршуда дар боздоштгоҳҳои муваққат рӯи даст гирифта шудаст.
- Шиканҷаву бадрафторӣ аз масоили бадномкунанда барои мақомоти интизомии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар солҳои охир чанд қазияи пурсарусадои марбут ба шиканҷа, аз ҷумла марги мармузи Умедҷон Тоҷиев, Ҳамза Икромзода, Исмоил Бачаҷонов, Низомиддин Ҳомидов, Саймурод Орзуев, Сафаралӣ Сангов ва Баҳромиддин Шодиев, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, бар асари бадрафторӣ дар боздошт ҳалок шудаанд, расонаӣ шуд. Дар соли 2013 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди вижаи шиканҷа дохил карда шуд, вале дар ду солее, ки гузашт, танҳо як нафар - Машраф Алиев, як нозири милиса аз ноҳияи Ёвон бо ин ҷурм маҳкум ба зиндон шудааст,- ёдовар мешавад торнамо.
Бояд хотирнишон сохт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо 8-уми апрели соли 2011 ёддошти ҳусни тафоҳумеро дар бораи ислоҳоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба имзо расонида буданд. Ин ҳуҷҷат 8-уми феврали соли 2012 аз сӯи парлумон ба имзо расид ва ҳукми санади байналмилалиро гирифт, ки иҷрояшро барои Тоҷикистон ҳатмӣ гардонид.