Ду ҷониби аз ҳукми суд норозӣ

Ду ҷониби аз ҳукми суд норозӣ

Моҳи майи соли 2013 идомаи баҳс атрофи қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода ва дар пайи он ба Хуҷанд интиқол ёфтани бархе зиндониёни дигару эътирози наздикони онҳо дар меҳвари мавзӯъҳои расонаҳои ватанӣ қарор дошт.

Оҷонсии иттилоотии TojNews 6-уми майи соли равон таҳти унвони «Суди корманди маҳбаси №1 ба таъхир афтод» хабаре пахш карда, навишт: «Мурофиаи судии гумонбар дар қазияи марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе, ки мебоист имрӯз, 6-уми май баргузор мешуд, то 15-уми ҳамин моҳ ба таваққуф гузошта шуд». Тибқи иттилои оҷонсӣ, Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, корманди маҳбасро, ки шаби марги Ҳамза Икромзода навбатдор буда, дар ин қазия гумонбари ягона маҳсуб мешавад, бинобар сабаби ҳозир нашудани адвокати хонаводаи Икромзодаҳо ба 15-уми майи соли равон мононд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» таҳти унвони «Амир Икромзода: То зиндаам, барои ҳақиқат талош мекунам» (№7 (335), аз 8-уми майи соли 2013) сӯҳбати муфассалеро бо Амир Икромзода - бародари маҳбуси дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе фавтида Ҳамза Икромзода ба нашр расонидааст, ки дар он ба ҷуз саҳнаҳои пешина назарҳои нав ҳам инъикос гардидаанд. Амир Икромзода мегӯяд, ки барои ифшои ҳақиқати марги бародараш давутози зиёд кардааст ва талошҳояшро боз ҳам идома хоҳад дод. «Ростӣ, ман аз онҳое нестам, ки гила кунанд, аммо росташро мегӯям, дилам аз ин дунё сард шудааст. Кас вақте ба чунин рӯз меафтад, баъд мефаҳмидааст, ки ҳама кор, соҳибкорӣ, пулу мол маънӣ надоранд, агар ту он чиро, ки мехоҳӣ, надошта бошӣ. Додари ман дар баданаш 14 захм дошт. Мо ҳақиқат, адолатро талаб дорем. Бигзор онҳое, ки қонунро вайрон кардаанд, додари маро куштаанд, тибқи қонун ҷазо бигиранд. Ман то дар баданам ҷон дорам, ба қадри тавонам ба хотири онҳое, ки дар маҳбасҳо ҳастанд, барои онҳое, ки шиканҷа мешаванд, барои онҳое, ки ноадолатона маҳкум шудаанд, барои онҳое, ки ҷони худро аз даст додаанд, аз рӯи қонун мубориза хоҳам бурд»,- афзудааст ӯ.

А. Икромзода инчунин оид ба латукӯб шуданаш дар суд андешаҳояшро иброз дошта, атрофи қазияи ба маҳбаси рақами 3-и шаҳри Хуҷанд интиқол додани шоҳидони марги бародараш чунин гуфтааст: «Онҳоро ғайриқонунӣ ба Хуҷанд бурданд, шиканҷа доданд. Бачаҳо ба мо занг зада, хабар доданд, ки онҳоро бурда, барои шоҳидӣ доданашон ҷазо додаанд. Бисёри онҳо аз шоҳидии худ даст кашидаанд, таҳти шиканҷаву фишор. Бино ба гуфтаи худи шоҳидони мо, дар маҳбас ба онҳо таҳдид кардаанд, ки агар аз баёноти додаашон даст накашанд, онҳоро ба ҷойи зан истифода мекунанд. Фақат ду нафар - Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев аз баёноташон даст накашидаанд. Суннатулло Ризоев барои «саркашиаш» 11 рӯз ғайриқонунӣ дар ҷаримагоҳ нигоҳдорӣ шудааст. Вай ному насаби сардори муассисаи ислоҳӣ Арабов Диловарро дар баданаш бо шиша, ё сангпора бурида, навиштааст, ки ҳамин одам ӯро шиканҷа кардааст».

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор чунин суол пешниҳод кардааст: «Шумо бо онҳо тариқи телефон сӯҳбат мекардед. Масъулини маҳбас аз куҷо фаҳмиданд, ки киҳо дар қазияи Ҳамза Икромзода шоҳидӣ додаанд?».

Посухи Амир Икромзода ба ин тартиб аст: «Ин ҷо як хатои мо шудааст, ки номи ҳамаи он маҳбусон, бачаҳоеро, ки шоҳидӣ додаанд, ки додари ман Ҳамза Икромзода кушта шудааст, дар ариза ба мақомоти прокуратура навишта будем. Номи онҳое, ки дар аризаи мо ҳаст, ҳоло дар Хуҷанд нигоҳдорӣ мешаванд. Ғайриқонунӣ. Ин ҳам исбот мекунад, ки ин бачаҳоро барои ҷазо додан, барои шикастани рӯҳашон, барои он, ки аз шоҳидии худ дар қазия даст кашанд, ба Хуҷанд бурдаанд».

Ба ҷуз ин қазия, баъзе расонаҳо дар моҳи гузашта ба дигар мавзӯъҳои доғ, аз ҷумла, партохти маблағи ҷуброн ба ҳалокшудагон аз ҷониби мақомот дахл кардаанд. Радиои «Озодӣ» 8-уми май дар торнамои худ хабари васеъ бо номи «Вазорат ҷубронро кай мепардозад?» пахш карда, иттилоъ додаст, ки «Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мавриди пардохти ҷуброн ба наздикони Сафаралӣ Сангов ҳанӯз хомӯш аст».

- Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳанӯз вазорат тасмим нагирифтааст маблағи мушаххаскардаи додгоҳро дар мавриди ҷуброни зиёни маънавии хонаводаи Сафаралӣ Сангов пардозад. Ин манбаъ афзуд, ки вазорат як моҳ қабл қарори додгоҳро ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сино ирсол дошта, мунтазири посухи онҳо мебошад, зеро ҳодисаи марбут ба марги Сафаралӣ Сангов ба ҳамин идора рабт дорад, - навиштааст торнамо.

Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли ҷорӣ Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф карда буд, то ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт намояд. Ин маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов таъйин шудааст, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо баъди 4 рӯз даргузашт. Пайвандонаш марги ӯро натиҷаи шиканҷа ва латукӯб медонанд.

Радиои «Озодӣ» дар ин матлаби худ ҳамзамон аз қазияи марги Баҳромиддин Шодиев ва қарори супоридани ҷуброн ба хонаводаи ӯ ёдовар шудааст. «Дар ҳамин ҳол Ниёзбӣ Бӯриева, модари Баҳромиддин Шодиев дар авоили моҳи апрели соли равон бо ариза ба додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат карда, аз Вазорати корҳои дохилӣ талаби пардохти 180 ҳазор сомонӣ карда буд. Аммо ҳанӯз додгоҳ ҳалномаи худро дар мавриди аризаи хонаводаи ӯ содир накарда ва ҳаҷми ниҳоии ҷуброн мушаххас нашудааст».

Лозим ба ёдоварист, ки Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда, пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт. Ин ҳодисаҳо аз пурсарусадотарин мавридҳое буд, ки мавзӯъи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кард.

Дар ин миён, 13-уми майи соли ҷорӣ хабаргузории «Озодагон» бо пахши хабаре таҳти унвони «Ҳамзистии афсари амният бо духтари ноболиғ дар Бадахшон тафтиш мешавад» аз ҳодисаи нав дарак дод.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ, «нисбати афсари Кумитаи амнияти миллӣ дар мавриди ҳамзистияш бо духтари ноболиғ дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон тафтишоти хидматӣ оғоз шуда, айни ҳол ҷараён дорад».

- Қаблан мақомоти умури дохилии Бадахшон хабар доданд, ки масъули Кумитаи амният дар ноҳияи Ишкошим, Сӯҳроб Давронов соатҳои 5-и субҳи 2-юми май мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва барои даст доштан дар ин латукӯб чанд ҷавон боздошт шудаанд. Сокинони Ишкошим мегӯянд, афсари амният дар ҳоле латукӯб шудааст, ки субҳи барвақт аз хонаи як духтари мактабхон, ки тайи моҳҳои охир бо ӯ ҳамзистӣ мекардааст, берун рафтааст, - афзудааст хабаргузорӣ.

Инчунин, дар моҳи гузашта қазияи намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Шерик Карамхудоев, ки қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд, дигарбора инъикос ёфт. Ҳафтаномаи «Самак» бо номи «Димон ва Шерик зиндонӣ шуданд» (№20 (80), аз 15-уми майи соли 2013) гузоришеро ба дасти чоп супурд. Дар ин гузориш сухан атрофи он меравад, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 10-уми май бо анҷоми як парванда раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Хоруғ Шерик Карамхудоевро ба 14 сол ва як сокини ин шаҳр Димон Ашӯровро ба 12 соли зиндон маҳкум кард.

Ёдовар мешавем, ки ин ду нафарро дар таъсиси гурӯҳҳои ҷинояткор, бенизомиҳои гурӯҳӣ, тақаллуб, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва сарпечӣ аз итоат ба мақомоти зидахл гунаҳкор дониста буданд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи онҳоро аввалҳои моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз кард ва муҳокимаи он пушти дарҳои баста сурат гирифт.

Аммо ба навиштаи нашрия, «масъулони ҲНИТ дар як нишасти матбуотӣ ба дунболи боздошти Шерик Карамхудоев аз ӯ ба унвони зиндонии сиёсӣ ном бурданд. Модар ва ҳамсари Шерик Карамхудоев иддао карданд, ки Шерик дар боздоштгоҳ таҳти шиканҷа водор ба имзои шаҳодати дурӯғин шудааст».

Тавре қаблан гуфта гузаштем, мурофиаи судӣ вобаста ба қазияи марги мармузи маҳбус Ҳамза Икромзода бояд рӯзи 15-уми май баргузор мешуд. Аммо зиёд расонаҳо дар ин маврид хабару гузоришот ва мақолаҳои дигаргуна пахшу нашр карданд.

Хабаргузории Би-би-сӣ санаи 15-уми май гузориши муфассалеро таҳти унвони «Падари Ҳамза Икромзода ба унвони эътироз толори додгоҳро тарк кард» интишор дод ва навишт: «Пайвандони Ҳамза Икромзода ба худкушӣ кардани ӯ дар зиндон бовар надоранд, зеро мегӯянд, дар андоми ҷасади ӯ нишонаҳое аз шиканҷа мушоҳида шудааст. Рӯзи 15-уми май додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марги мармузи Ҳамза Икромзода, маҳбуси зиндони шумораи якро ба сабаби худдории падари Ҳамза аз ширкат дар ин муҳокима ба унвони эътироз ба таъвиқ гузошт».

Падари Ҳамза Икромзода дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки мехоҳад муҳокимаи додгоҳӣ на дар сохтмони боздоштгоҳ, балки дар толори додгоҳ ва бо ширкати куллия пайвандон ва хабарнигорон баргузор шавад.

Дар ҳамин замина, рӯзномаи «ИмрӯзNews» ҳам гузорише таҳти унвони «Марги мармузи маҳбус: дар интизори шоҳидон» (№81 (620), аз 16-уми майи соли 2013) нашр карда, оид ба баррасии парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода иттилоъ додааст. Ба навиштаи ин нашрия, баррасаи ин парванда, ки бояд 15-уми май дар муассисаи ҳабси пешакӣ, ё худ СИЗО-и шаҳри Душанбе баргузор мегардид, дар ҳоле ба рӯзи 20-уми май ба таъхир гузошта шуд, ки падари Ҳамза Икромзода ба иллати роҳ надодани дигар пайвандони вай ва намояндагони ВАО, ҳамчунин намояндагони СММ ба суд, аз иштирок дар он даст кашид.

- Рустам Мирзоев, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, раисикунандаи ин мурофиа мебошад, танҳо иштироки падар ва ду вакили мудофеъро иҷозат дод. Ин амали ӯ норозигии наздикони Икромзодаро ба миён овард… Гуфта мешавад, ки шоҳидони аслии қазияи марги Икромзода ба зиндони шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки судшаванда Маҳмуд Исмоилов корманди Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия буда, бо роҳбарияти СИЗО собиқаи ҳамкорӣ дораду аксарияти шоҳидони ҷониби судшаванда кормандони ҳамин ниҳоданд, - омадааст дар гузориш.

Ҳамзамон муаллифи гузориш аз оғози қазия ёдовар шуда, навиштааст: «Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи деҳаи Хирманаки ноҳияи Ҳисор рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар маҳбаси рақами яки пойтахт ба ҳалокат расид. Пайвандони вай мегӯянд, ки дар бадани Ҳамза из ва осори марги маҷбурӣ бо истифода аз дарзмоли тафсон мушоҳида мешавад. Мақомот ин ҳодисаро худкушӣ унвон карда буданд».

Дар ин замина гоҳо эътирози ҳуқуқшиносон ҳам баланд мегардид. Масалан, санаи 21-уми май радиои «Озодӣ» дар торнамои худ назари ҳуқуқшиносро таҳти унвони «Файзи Олӣ: Фармоишгару қотили Ҳамза Икромзодаро бояд биёбанд» пахш кард. Дар ин матлаб аз ҷумла гуфта мешавад: «Вакили мудофеъ мегӯяд, бояд фармоишгари куштор ва қотили бевоситаи Ҳамза Икромзодаро ба додгоҳ бикашонанд, на иштироккунандагони дараҷаи ду дар қазияи марзи ин маҳбуси зиндони якуми Душанберо. Қаблан гузориш шуда буд, ки дар мурофиаи парвандаи марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар маҳбас фавтида буд, маҳбусон Садриддин Тошев ва Суннат Ризоев ҳамчун шоҳид пурсида мешаванд».

Ҳафтаномаи «Чархи гардун» низ бо истинод ба хабаргузории «Озодагон» хабаре бо номи «Маҳбусон латукӯби Ҳамза Икромзодаро тасдиқ кардаанд» (№21 (872), аз 22-юми майи соли 2013) ба табъ расонида, оид ба нахустин мурофиаи додгоҳии ин маҳбуси фавтида маълумот медиҳад. Дар хабари мазкур аз забони Амир Икромзода, бародари Ҳамза чунин оварда шудааст: «Рафаэл Мақсудов, маҳбуси зиндони Душанбе аз марги Икромзода шоҳидӣ дода, изҳор доштааст, ки чӣ гуна латукӯб шудани Ҳамзаро аз ҷониби маъмурони зиндон бо чашми худ дидааст. Шералӣ, маҳбуси дигар гуфтааст, ки маъмури зиндон Тоштемуров Ҳамзаро латукӯб кардааст. Ҷамшед, ки яке аз шоҳидони аслии марги Икромзода будааст, дар рафти мурофиа шоҳидӣ додааст, ки Ҳамзаро аз ҷои хоб бурда, латукӯб карданд».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» хабаре таҳти унвони «Волидони зиндониёни фавтида роҳпаймоӣ мекунанд?» (№21 (1012), аз 23-юми майи соли 2013) интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Маҳмурод Одинаев, падари Суннатулло Ризоев, маҳбуси зиндони Хуҷанд рӯзи 22-юми май гуфтааст, ки тасмим гирифтааст ҳамроҳ бо хешовандонаш ва наздикони маҳбусони дигаре, ки мавриди шиканҷаву азият қарор гирифтаанд, аз маркази ноҳияи Ҳисор ба нишони эътироз то пойтахт роҳпаймоӣ кунанд. Маҳмурод Одинаев мегӯяд, онҳо дар назар доранд, ки дар аввали моҳи июн бо ҷамъи бештар аз 500 нафар ва бо шиорҳои «Ба шиканҷа поён диҳед!», «Дастандаркорони шиканҷа ба ҷазо кашида шаванд!», «Фарзандони моро аз шиканҷаву зӯр раҳо кунед!», «Нест бод шиканҷа!» пиёда ба тарафи шаҳр роҳпаймоӣ намоянд».

Ин ҳама баҳсу баррасиҳо дар ҳолест, ки сардори зиндонҳои Тоҷикистон Иззатулло Шарифов бори дигар мавҷудияти шиканҷаро дар маҳбасҳо рад кард. Дар ин бора радиои «Озодӣ» санаи 23-юми май гузорише бо номи ««Шиканҷа нест!» Посухи И. Шарифов ба гузориши Aфви байналимилалӣ» пахш карда, аз ҷумла навишт: «Генерал Иззатулло Шарифов дар вокуниш ба гузориши солонаи Авфи байналмилалӣ гуфт, ки «ин дурӯғи маҳз аст, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа вуҷуд дорад. Ин хатогии маҳз ва дурӯғ аст, ки кормандони зиндон дидаву дониста ба шиканҷаву дигар амалҳои ношоиста роҳ медиҳанд. Магар инҳо падару модар, фарзанд надоранд? Аз Худо наметарсанд, ки ба чунин коре даст мезананд?».

Аммо ба навиштаи «Озодӣ», Афви байналмилалӣ мегӯяд, ки шиканҷа ва бадрафторӣ дар ниҳодҳои интизомии кишвар як падидаи фарогир боқӣ монда, беҷазо мондани омилони ин ҷиноёт ҳамчунон идома дошт. Ба иддаои ин созмон, ниҳодҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ба зиндонҳои Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва бо вуҷуди бархе озодиҳо дар қонунгузорӣ озодии баён дар кишвар то ҳол таҳти ҳамла қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии иттилоотии «TojNews» санаи 23-юми май хабаре таҳти унвони «Шиканҷа шудани шоҳидони қатли Икромзода» пахш кардааст, ки ба миён омадани усули нави шиканҷаро мадди назар дорад. «Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, мурофиаи судии Маҳмуд Исмоилов, ягона корманди маҳбаси №1-и шаҳри Душанбе, ки дар қазияи марги ин маҳбус гумонбар дониста мешавад, ноодилона ҷараён дорад ва маҳбусоне, ки дар қазияи қатли маҳбус шоҳидӣ додаанд, таҳти шиканҷаи нав бо истифода аз хлор қарор доранд. Онҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмаки ҳуқуқӣ шудаанд».

Амир Икромзода, бародари Ҳамза Икромзода ба «TojNews» дар ин маврид гуфтааст: «Шоҳидони марги бародарам дар боздоштгоҳи муваққатӣ таҳти фишор мешаванд. Онҳоро дар ҳуҷраи махсус нигоҳдорӣ мекунанд, ки на шиштан имкон дорад, на рост истодан. Онҳоро бо хлор ва об нафасгир мекунанд».

Вале Одинашо Муродов, сухангӯи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар шарҳи мавзӯъ афзудааст: «Шоҳидони ин қазия дар ихтиёри Сарраёсати мо нест. Агар шоҳидон маҳкумшудагон бошанд, пас онҳо тибқи муқаррароти маҳкумияташон нигоҳдорӣ мешаванд. Ягон нафар шиканҷа намешавад. Таърифи шиканҷа ин аст, ки он дар муассисаҳои ислоҳӣ ё боздоштгоҳҳо барои гирифтани маълумот содир мешавад. Дирӯз Иван Шимонович, муовини дабири кулли СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо як ҳайати калони Созмони Милали Муттаҳид аз маҳбасҳо дидан карда, шароити нигоҳдории маҳбусон дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноиро хуш қабул карданд, ки ин ҷо маҳбусон дар ҳуҷраҳо танҳо нигоҳдорӣ намешаванд, онҳо метавонанд бо ҳамдигар сӯҳбат кунанд, хӯрок пазанд».

Воқеан, дар боби боздиди Иван Шимонович аз маҳбасҳо дигар расонаҳо ҳам иттилоъ дода буданд. Аз ҷумла, радиои «Озодӣ» дар як гузориш бо номи «Ёвари Бан Кӣ Мун аз маҳбаси Душанбе дидан кард» чунин навишт: «Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон берун аз барномаи сафари худ ғайримунтазира пешниҳод кардааст, ки аз маҳбасҳои Тоҷикистон дидан кунад».

- Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимонович шоми 21-уми май барои сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шуд ва роҷеъ ба вазъи ҳуқуқи инсон бо мақомоти ҳуқуқӣ ва интизомии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Боздиди ин мақоми СММ аз яке аз зиндонҳои Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод. Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои Созмони Милал баррасӣ шуд. Тоҷикистон дар соли 1995 Эъломияи зидди шиканҷаи СММ-ро имзо кардааст, вале моҳи ноябр ҳангоми баррасии вазъи Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ таъкид шуд, ки ин ниҳоди байналмилалӣ аз гузоришҳои пайваста дар бораи бадрафториву шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон, ба хусус дар боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллӣ ва Раёсати мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ҷиддан нигарон аст. Дигар мояи нигаронии амиқ ба гуфтаи Созмони Милал, он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, даъвову шикоятҳо аз бадрафторӣ ва шиканҷаро бетарафонаву зуд таҳқиқ намекунанд ва гунаҳкоронро беҷазо мегузоранд, ки ин сабаби худсарии бештар дар байни маъмурони амниятӣ мешавад,- омадааст дар гузориши «Озодӣ».

Оҷонсии иттилооти «Азия-Плюс» низ бо номи «Мулоқоти Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон бо вузарои Тоҷикистон» гузорише пахш кардааст, ки чунин оғоз меёбад: «Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 22-юми май Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон Иван Шимоновичро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои торнамои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, иҷрои тавсияҳои абзорҳои СММ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон, тасвиби санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ислоҳоти низоми судӣ дар кишвар ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд».

Бино ба навиштаи «Азия-Плюс», зимни вохӯрӣ тарафайн масъалаҳои ҳамкорӣ бо Идораи Комиссари Олии СММ, татбиқи тавсияҳои механизми махсуси СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тасвиби Протоколи ихтиёрии Конвенсияи СММ зидди шиканҷа, иқдомҳои мақомоти корҳои дохилиро оид ба мубориза бар зидди шиканҷа ва пешгирии он, зӯроварӣ нисбат ба занон ва ислоҳоти милитсияро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Дар марҳилае, ки ҳанӯз ҳам мақомот далелҳои вуҷуд доштани шиканҷаро дар Тоҷикистон, бахусус дар маҳбасҳо инкор мекунанд, гумонбари марги маҳбус Ҳамза Икромзода ҳукми ҳабс гирифт. Оид ба ин воқеа қисми зиёди ВАО-и кишвар матолиб нашр карданд.

Аз ҷумла, Оҷонсии иттилоотии «Азия-Плюс» бо номи «Ҳукми 5,5 соли зиндон ба гунаҳкори марги Икромзода» хабар пахш кардаву навишт: «Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корманди муассисаи ислоҳии Я/С 3/1-и шаҳри Душанбе Маҳмуд Исмоиловро, ки дар парвандаи марги маҳбус Ҳамза Икромзода гунаҳкор эътироф шуд, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Аммо наздикони Ҳ. Икромзода бо мазмуни ҳалнома қатъиян розӣ нестанд, зеро дар он зикр мегардад, ки ҳарчанд Исмоилов Ҳамзаро бидуни таҳияи аснод дар ҳуҷраи ҷаримавӣ баставу дар латукӯби ӯ даст дошта бошад ҳам, бо ин ҳама сабаби марги маҳбус худашро ба дор овехтан арзёбӣ мешавад».

Ҳафтаномаи «Миллат» бо номи «Гумонбари асосии марги Ҳамза Икромзода 5,5 сол маҳкум ба зиндон шуд» (№22 (404), аз 29-уми майи соли 2013) чоп кардаву навишт, ки «қаблан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Маҳмуд Исмоилов - гумонбари асосӣ дар латукӯби Ҳамза Икромзода тибқи банди 3-и моддаи 218-и Кодекси ҷиноӣ 8 соли зиндон пурсида буд».

- Ҳамза Икромзода, сокини 27-солаи рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, ки бо иттиҳоми дуздӣ ва авбошӣ дар маҳбас ба сар мебурд, рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар зиндони шумораи аввали Душанбе ба ҳалокат расид. Наздиконаш бо пахши силсилаи аксҳои ҷасади Икромзода мегӯянд, ки вай дар натиҷаи шиканҷа ва ҳатто сӯзондани танаш бо дарзмол фавтидааст. Аммо дар моҳи ноябр Додситонии кулли Тоҷикистон баъд аз ташхиси ҷасад ба хулосае омада буд, ки Ҳамза Икромзода худро ба дор овехтааст».

Рӯзномаи «Азия-Плюс» ҳам бо номи «Парвандаи марги Икромзода: корманди боздоштгоҳ 5,5 сол ҳукм гирифт» (№40 (825), аз 30-юми майи соли 2013) хабар пахш кардаву навишт, ки судшуда Маҳмуд Исмоилов ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ гунаҳгор дониста шудааст.

Аммо дар мавриди шиканҷа шудани Ҳамза Икромзода бошад, дар ин хабар бо чунин банд дучор мешавем: «Ташхиси ҷароҳатҳои бадани маҳбус Икромзода, ки аз ҷониби Маркази судии тиббии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шудааст, далели истифодаи шиканҷаро тасдиқ карда натавонист».

Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи «ИмрӯзNews», ки қаблан дар бораи гузаштани мурофиаи судии қазияи марги Ҳамза Икромзода дар СИЗО-и шаҳри Душанбе гузориш дода буд, баъдан мақолаеро бо номи «Парвандаи Икромзода: Ҳар ду тараф норозӣ» (№91 (630), аз 30-юми майи соли 2013) ба табъ расонд. «Маҳмуд Исмоилов, собиқ корманди боздоштгоҳ, ба марги Ҳамза Икромзода гунаҳгор дониста шуда, ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардид».

Аммо, ба навиштаи рӯзнома, пайвандони Ҳамза Икромзода аз ин ҳукм изҳорӣ норизоӣ кардаанд: «Пайвандони маҳбуси фавтидаи боздоштгоҳи №1 Ҳамза Икромзода баъд аз 9 моҳи талошҳои дарёфти адолат ахиран шоҳиди ҳукми қотили фарзандашон шуданд. Вале хонаводаи Икромзодаҳо аз ин ҳукм розӣ нестанд. Онҳо бар он боваранд, ки парванда то охир ва боадолатона баррасӣ нашудааст».

- Аз аввал арз намуда будем, то он даме, ки шоҳидони мо оварда нашаванд, дар мурофиа ширкат намекунем, чунки онҳо парвандаро хом пеш бурда истодаанд. Парванда парвандаи куштор аст. Шоҳидони моро биёранд, онҳо гап зананд. Шоҳидони Хуҷандро барои он наоварда истодаанд, ки масъалаи пули 2000-доллара набарояд. Шоҳидонро бурда, латукӯб кардаанд, ки нагӯед. Ман гуфта будам, ки биёянд, адолатро бароранд, ман розӣ ҳастам. Ман Исмоиловро гуфтам, ки Маҳмуд, ҳақиқатро гап зан, гуноҳро накарда бошӣ, ба гардан нагир. Пулат доданд ё надоданд? Тарсонданд? Чӣ кор карданд? Ҳақиқатро гап зан. Ӯ гап намезад, хомӯш шуда истод, - гуфтааст бародари маҳбуси фавтида Амир Икромзода.

Дар навбати худ, ҷониби судшуда, наздикони Маҳмуд Исмоилов ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» гуфтаанд, ки онҳо низ аз болои ин ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Суди шаҳри Душанбе шикоят мебаранд.

Ниҳоят, ОИ «Азия-Плюс» санаи 30-юми май хабаре таҳти унвони «ВКД ба ҳамсари Сангов ҷубронпулӣ пардохт мекунад» пахш кард, ки дар ин хусус пештар гуфта гузаштем. Аммо маҳаки асосии хабари «Азия-Плюс» ин аст: «Ҳайати мушовара оид ба парвандаҳои ҷиноии шаҳри Душанбе қарори суди ноҳияи Сино дар бораи аз ҷониби ВКД ҶТ пардохт кардани ҷубронпулӣ ба ҳамсари сокини пойтахт Сафаралӣ Санговро, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар шӯъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, бетағйир боқӣ гузошт. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) ҷубронпулӣ пардохт мекунад».

NoTorture.Tj